Дар ҷараёни сафари расмиии Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, аз Тоҷикистон 6 санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба имзо расидааст.
Ин асноди ҳамкорӣ марбут ба шароити истирдоди афроди таҳти пайгарди қонун, ҳамкорӣ дар риштаҳои энержӣ ва заминшиносӣ, ба анҷом расондани нақби “Истиқлол” ва омӯзиши тарҳ ва сохтмони як нерӯгоҳи нав аст.
Раисҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод субҳи имрӯз, 4-уми январ, бо як сафари расмии дурӯза вориди Душанбе шуд. Дар мулоқоти чашм ба чашми раисони ҷумҳури Эрон Тоҷикистон, ки имрӯз дар Қасри Миллат баргузор шуд, масоили ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар бахшҳои иқтисоду энержӣ, мухобирот ва кишоварзӣ баррасӣ гардид.
Дар мулоқоти имрӯз ҷонибҳо санадеро дар мавриди бунёди як нерӯгоҳи нав дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд имзо карданд. Ин нерӯгоҳ тавассути ширкатҳои эронӣ, ки феълан саргарми сохтмони нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" ҳастанд, эҳдос хоҳад шуд. Сохтмони ин нерӯгоҳ баъди анҷоми "Сангтӯда-2" оғоз хоҳад ёфт.
Мавзуи дигари калидии мулоқоти раисони ҷумҳур сохтмони нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" буд. Ин нерӯгоҳ рӯи рӯдхонаи Вахш дар 100-километрии ҷануби шаҳри Душанбе бо сармояи давлати Эрон бунёд мешавад ва корҳои сохтмонии он моҳи феврали соли 2006 оғоз шудааст. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, интизор меравад, ки то поёни соли 2010 нахустин чархаи нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.
Дар музокироти имрӯзи президентҳои Тоҷикистон ва Эрон ҳамчунин сохтмони нақби "Истиқлол" баррасӣ шуд ва миёни ҷонибҳо санаде дар мавриди такмили ин сохтмон низ ба имзо расид. Тибқи ин санад, ҷониби Эрон 6 миллион доллари дигар барои ба охир расонидани ин туннел ихтисос хоҳад дод.
Эрон яке аз ҳамкорони аслии Тоҷикистон дар бахши иқтисод маҳсуб мешавад. Дар ҳоли ҳозир 150 ширкату корхонаи муштараки тоҷикиву эронӣ дар Тоҷикистон фаъол аст.
Бино ба иттилои Кумитаи омор, дар 11 моҳи соли гузашта гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Эрон беш аз 115 миллион долларро ташкил додааст. Вале таҳлилгарони тоҷик бар ин назаранд, ки ду кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанг имконоти ба маротиб бештари ҳамкориро доранд.
Маҳмуди Аҳмадинажод дар ҷараёни силсиласафараш ба Осиёи Марказӣ аз Ишқобод, пойтахти Туркманистон, низ дидан хоҳад кард.
Дар мулоқоти имрӯз ҷонибҳо санадеро дар мавриди бунёди як нерӯгоҳи нав дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд имзо карданд... Сохтмони ин нерӯгоҳ баъди анҷоми "Сангтӯда-2" оғоз хоҳад ёфт ...
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад