Ҳамкори мо, хабарнигори Радиои Озодӣ дар Русия, Муҳаммадраҳими Сайдар шоми якшанбеи 3-вуми январ дар синни 57-солагӣ дар бемористони шаҳри Тулаи Русия аз ҷаҳон чашм пӯшид. Хабари шум дар ҳоле расид, ки зиёда аз ду моҳи охир Муҳаммадраҳим аз бемории диабети қанд азият мекашид ва дар бемористон зери назари пизишкон буд.
Як соли гузашта низ чанд бор ҳафтаҳое аз шиддати беморӣ ранҷ мебурд ва бо вуҷуди беморӣ ва дархости ҳамкорон, ки бо муолиҷа машғул бошад, талош мекард, хабарҳои муҳими Русияро дар барномаҳо ва сомонаи мо пӯшиш диҳад. То ин беморӣ вай аз пуркортарин хабарнигорони мо буд ва дар Русия рӯйдоди муҳими марбут ба Тоҷикистон ё муҳоҷирони тоҷик набудааст, ки аз диди журналистии ӯ канор монда бошад.
Муҳаммадраҳим дар соли 2001 ба Радиои Озодӣ пайваст ва таҷрибаи ғановатманди худро аз давраи кораш дар Радиои Тоҷикистон, шӯъбаи насри маҷаллаи "Садои Шарқ" ва ҳафтаномаи "Паём"-и чопи Маскав бо худ овард. Вай дар ҳоле ҳамчун хабарнигори Радиои Озодӣ дар Русия ба кор сар кард, ки дар ҷараёни таҳия ва нашри ҳафтаномаи тоҷикии "Паём" дар Маскав бо доираҳои васеи тоҷикони Русия ва мақомоти марбутаи Русия ошноӣ пайдо карда буд ва аз аҳволи муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар огоҳии дасти аввал дошт. Дар солҳои баъдӣ ба чандин шаҳру рустои Русия сафар кард ва аз он ҷо гузоришҳои пурмӯҳтаво ва амиқ таҳия кард.
Муҳаммадраҳими Сайдар хабарнигоре буд, ки мо ахбори расонаҳои ҳамагонии Русияро бо ӯ меозмудем. Борҳову борҳо шудааст, ки гузоришҳои Сайдар ахбори расонаҳои русиро рад кардаанд ва ба хабарҳо ҷузъиёту паҳлуҳои нав ворид намудаанд. Ҳамчун тоҷик ва шахси ватандӯст, вай аз бархӯрди васоити ахбори оми Русия ба тоҷикон азоби рӯҳӣ мекашид, бо манобеъи хабарии Русия вориди баҳс мешуд, ба марги муфоҷои муҳоҷирони тоҷик ашк мерехт, аммо дар гузоришҳои худ бетарафона, ростбинона аз воқеъият сухан мегуфт.
Бемории Муҳаммадраҳим аз замони ҷанги солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон сарчашма мегирад, зеро шахси бениҳоят ҳассос ва одил буд. Вай дар таҳия ва таҳрири китоби машҳури Бӯрӣ Карим "Фарёди солҳо" саҳм гирифтааст ва ҳақиқати он ҷангро ба хубӣ медонисту ин ҳақиқатро аз миёни дилу ҷонаш гузарондааст. Сайдар ҳамчунин яке аз нависандагони хушсалиқаи Тоҷикистон буд. Ҳарчанд достону ҳикоёти кам нашр кардааст, дар ҳар яки онҳо истеъдоди нодири ӯ дурахшидааст ва ӯ тавонистааст, бо аввалин достонҳояш мавриди баррасии танқиди адабии Тоҷикистон қарор бигирад ва ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шавад.
Даргузашти ҳамкори азизамон, хабарнигор ва нависандаи саршиноси тоҷикро ба аҳли хонадон, хешу наздикон ва ҳамаи шунавандагону хонандагонаш таслият мегӯем.