Заминларзаи серхисорот дар ноҳияи Ванҷ

Субҳи имрӯз, 2-юми январ, заминларзаи шадид ноҳияи Ванҷро такон дод. Бар асари заминҷунбӣ, ки шиддати он 5,1 баллро ташкил додааст, даҳҳо манзили истиқоматӣ хароб шуда, ду нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Юсуфҷон Исҳоқов, сардори ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Ванҷ, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, заминларза соати 7.15-и субҳи имрӯз ба вуқӯъ пайвастааст ва дар пайи он дар маркази ноҳия 10 манзили истиқоматӣ, як бинои дуошёнаи иборат аз 12 хона, биноҳои дармонгоҳи ноҳия ва нозироти андоз куллан хароб шудааст. Ба иттилои ин манбаъ, заминларза талафоти ҷонӣ ба бор наовардааст, аммо теъдоде аз чорвои мардум нобуд шудааст.

Саҳар хоб будем, ки замин сахт ҷунбид. Хонаҳои бари кӯҳ фурӯ рехтанд. Чорвоҳои мардум дар оғил зери хок монданд... Ҳама дар берун аст. Мардум аз тарс вориди хонаҳо намешаванд ...
Маҳбуба, сокини деҳаи Ускроғ, воқеъ дар 7-километрии ҷанубу шарқи ноҳияи Ванҷ дар сӯҳбати телефонӣ ба мо гуфт, заминларза вақте рух додааст, ки аксарияти мардум дар хоб будаанд. Пас аз зилзилаи шадид якчанд бори дигар заминларза ба вуқӯъ пайвастааст ва мардум аз хавфи ҷон то ҳол берун аз хонаҳо ба сар мебаранд. Ба нақли Маҳбуба, дар деҳаи Ускроғ якчанд хона фурӯ рехтааст ва аксари манзилҳо қисман хароб шудаанд. Вай мегӯяд, ду сокини ин деҳа аз зери деворҳо берун оварда шуда ба бемористон интиқол ёфтаанд.

Хонум Маҳбуба гуфт, «саҳар хоб будем, ки замин сахт ҷунбид. Хонаҳои бари кӯҳ фурӯ рехтанд. Чорвоҳои мардум дар оғил зери хок монданд. Як зан ва як духтари ҷавон ҳам таги бом монданд ва ҳоло ҳолаташон бад аст. То нисфирӯзӣ ягон кӯмак ба мо нарасониданд. Ҳама дар берун аст. Мардум аз тарс вориди хонаҳо намешаванд. Аз 1-уми январ инҷониб барқ надорем. Саҳар ҳам барқ надоштем».

Ба гуфти шоҳиди воқеа хонум Маҳбуба, зилзила хатти барқ ва роҳ ба сӯи маркази ноҳияи Ванҷро хароб кардааст ва то ин соат аз намояндагони мақомот касе ба маҳалли ҳодиса ҳозир нашудааст. Ба нақли сокинони деҳаҳои Роғ, Панҷшанбеобод ва Ускроғ, то ба ҳол замин пайваста меҷунбад ва ин ҳолат боиси он шудааст, ки мардум рӯзро дар берун паси сар мекунанд. Ҳамзамон ба гуфти сокинон, ҳамзамон бо заминларза садоҳои ғайриодӣ аз қаъри замин ба гӯш мерасад, ки тарсу ваҳми мардумро дучанд кардааст.

Ёдовар Холов, яке аз рӯҳониёни саршиноси ноҳия, ки хонаи истиқоматиаш бар асари ин ҳодиса осеб дидааст, мегӯяд, «ҳар 20 дақиқа пас замин меҷунбад. Аввал аз таги замин як садо мебарояд ва баъд меҷунбад. Кӯдаконро бештар тарс фаро гирифтааст. Шаб маҷбуранд, ки то рӯз вориди хона нашаванд. Як гурӯҳи корӣ омад, вазъиятро диданду рафтанд. Ҳоло маълум нест, ки чӣ мешавад».

Сокинони ноҳияи Ванҷ аз заминларзаҳои шадиди солҳои ахир изҳори нигаронӣ мекунанд. Бори охир моҳи марти соли гузашта дар ин маҳал заминҷунбии шадид рух дода, 160 манзили истиқоматиро хароб карда буд. Калонсолони ин минтақа мегӯянд, ки заминларзаҳо пайдарпай якуним сол инҷониб идома дорад. Вале то ба ҳанӯз ягон ниҳоди пажӯҳишӣ ба ин ҳодисаи табиӣ таваҷҷӯҳ зоҳир накардааст.