Бурду бохти фарҳангиёни тоҷики Қазоқистон

Овозхон Парвиз Назаров

Ҳарчанд соли 2009 муҳоҷирони тоҷики Қазоқистон чун солҳои пеш мушкилот доштанд, вале ин сол дар бахши фарҳангӣ дар зиндагии тоҷикони кишвар баъзе тағйироти мусбат ба миён овард.
Яке аз чунин рӯйдодҳои хотирмон арзи вуҷуд кардани маркази фарҳангии тоҷикони шаҳри Алмаато ба номи Абӯалӣ ибни Синост. Бекпӯлод Тошпӯлодов-- бозаргони тоҷик, ки раиси ин марказ интихоб гардида буд, мегӯяд, ҳадаф аз ташкил кардани марказ тақвият бахшидани муносиботи тоҷикон дар шаҳр ва ҳамчунин мустаҳкам кардани дӯстӣ бо дигар миллатҳои муқими Қазоқистон аст.

Баробари расман сабти ном шудан марказ ба фаъолияти густурда оғоз кард ва баъзе корҳои назаррасро анҷом дод. Аз ҷумла бори нахуст дар кишвар китоби «Тоҷикони Қазоқистон» ба се забон-- тоҷикӣ, қазоқӣ ва русӣ ба нашр расид, ки дар кори таъмини молии он Бекпӯлод Тошпӯлодов нақши калидӣ дорад.

Ҳамчунин Маркази фарҳангии тоҷикони шаҳри Алмаато дар чандин тадобири фарҳангии шаҳрдорӣ фаъолона ширкат кард. Бар илова бо мусоидати ин марказ чанд барномаи телевизионӣ ба забонҳои русиву қазоқӣ ташкил карда шуд ва ба ин васила мардуми Қазоқистон бо фарҳангу расму русум ва торихи тоҷикон ошно гардиданд.

Ба андешаи раиси Маркази фарҳангии тоҷикони шаҳри Алмаато ҳарчанд тоҷикони бумӣ асосан дар ҷануби кишвар кору зиндагӣ мекунанд, вале дар Алмаато низ шумораи тоҷикони бумиву муҳоҷирон кам нест ва бар илова дар ин ҷо, ба истилоҳ, гули сари сабади тоҷикон ҷамъ омадаанд. Аз ҷумла, дар ин сол донишманди маъруф Сафар Абдулло , овозхонҳои шинохта Далер Назаров, Парвиз Назаров, Ситора Назарова, профессори риштаи ҳунар Пӯлод Элдаров, оҳангсозон Далер Халилов ва Ҳусейн Иззатуллоев , ховаршинос Қурбоналӣ Идрисов, рӯзноманигорон Саломиддин Мирзораҳматов ва Саломат Назарова , мураббии варзиш Ҳикматулло Холиқов ва даҳҳо нафари дигар барои рушди фарҳанги Қазоқистон ва Тоҷикистон хидмат мекунанд ва соли 2009 барои ағлаби онҳо хотирмон буд.

Аз ҷумла, овозхони шинохта Парвиз Назаров дар ин сол ба Тоҷикистон сафари муваффақонаи ҳунарӣ кард ва дар он ҷо як таронааш бо номи «Чарх бизан» ба қатори беҳтарин таронаҳои сол шомил гардид. Ин овозхон бо дастгирии Маркази фарҳангӣ 1-май-- дар Рӯзи ваҳдати мардуми Қазоқистон дар Алмаато низ барномаи консертӣ доир намуд.

Оҳангсоз Далер Халилов мегӯяд, ман дар ин сол чанд оҳанги тоза эҷод кардам ва ҳоло бо Маркази фарҳангии тоҷикони шаҳри Алмаато ҳамкории хуб дорам . Мо мекӯшем, ки гурӯҳи ҳунарии рақсиву овозхонии тоҷикӣ ташкил намоем, то мардуми Қазоқистон бо ҳунару оин ва фарҳанги бостониамон аз наздик ошно шаванд».

Соли 2009 низ чун солҳои пеш тоҷикони Қазоқистон робитаи хешро бо ватани обоиашон густариш доданд ва гурӯҳе аз онҳо дар ҷашни истиқлоли Тоҷикистон ширкат карданд.

Рӯйдоди дигар ин аст, ки дар соли 2009 бо ибтикори Баҳром Холназаров --сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон квотаи донишҷӯёни тоҷики ин кишвар, ки дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд, ба 112 нафар расид, ки ин назар ба солҳои пеш хеле зиёд аст.

Вале бо ин ҳама дар соли 2009 низ тоҷикони Қазоқистон гирди як маркази умумиҷумҳуриявии тоҷикон ҷамъ омада натавонистанд ва 10 ҷамъияти шаҳриву вилоятии тоҷикон, ки тибқи омори ғайрирасмӣ анқариб 90 ҳазор тоҷикро муттаҳид мекунанд, дар кишвар ҳамоно дар шакли пароканда фаъолият менамоянд. Умеди тоҷикони Қазоқистон дар соли нави 2010 ин аст, ки дар ин сол ҳарчи зудтар чунин парокандагӣ поён ёбаду онон низ чун дигар миллатҳои маскуни Қазоқистон муттаҳид ва ҷамъияти ягонаи ҷумҳуриявӣ дошта бошанд.