Пардохти гаравпулии интихоботӣ (7 000 сомонӣ) оё то кадом андоза аз ширкати ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои алоҳида дар корзори интихоботӣ пешгирӣ хоҳад кард ва аслан ҳадаф аз корбурди он чист?
Масъуд Собиров, раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоле ки ба интихоботи порлумон рӯзҳои ба шумор боқӣ мондааст, ҳизби зери роҳбарии ӯ тавони пардохти гаравпулии интихоботиро надорад.
Вай афзуд, ин гурӯҳи сиёсӣ 13 000 узв дорад, ки асосан аз намояндагони табақаҳои камбизоат буда, имкони пардохти аъзоҳақии ҳизбирониз надоранд: «Ғайр аз ҲХДТ дигар ягон ҳизби сиёсӣ чунин имкони молиявӣ надорад. Аз сабаби он ки аксарияти мардум дар сатҳи қашшоқӣ қарор доранд. Ва аъзоҳаққие, ки аъзои ҳизб месупоранд, наметавонад, вазъи молиявии ҳизбро танзим кунанд.»
Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, ҳам, аз мушкилоти гаравпулии интихобот шикоят карда, гуфт, вақте аъзои ҲКТ соҳиби маблағи калон мешаванд, яъне, ба истилоҳ, ба рӯйхатти миллионерҳои Тоҷикистон ворид мешаванд, ин ҳизбро тарк карда ба Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон мегузаранд.
Вай мегӯяд: «Ин хел гаравпулӣ дар дунё вуҷуд надорад. Гаравпулӣ ҳадди ақалли маоши миёна бошад, боке нест. Дар дигар давлатҳои Осиёӣ Марказӣ, Русия ин гаравпулиро барҳам доданд ва ё ба маоши мардум мутобиқ карданд. Ҳар ҳизби сиёсие, ки чӣ қадар нуфуз дорад, дар асоси ҳамон нуфузаш дар парлумон ҷой мегирад. Дар мо ҳамара ҷазир карданд.»
Аз гаронии гаравпулии интихоботӣ, ки бархе онро "Пули Сирот" номгузорӣ кардаанд, номзадҳои ҷудогона низ шиква мекунанд.
Дар руйхати интихоботии довталабони курсии Маҷлиси Намояндагон аз ҲДТ 9 нафар ва аз ҲКТ 10 нафар пешниҳод шудаанд. Сарони ҳарду ҳизб бо ишора ба имконоти заифи молии ин ҳизбҳо мегӯянд, ки номзадҳо гаравпулиро худашон месупоранд ва ҳизбҳо ин масъулиятро дар дӯш надоранд.
Ба бовари Шодӣ Шабдолов, имрӯз зарурати бекор кардани гаравпулӣ дар қонунгузории Тоҷикистон ба миён омадааст. Зеро фазои сиёсии кишвар тағийр ёфтаву одамони тасодуфӣ имкони зиёди узвият дар Маҷлиси Намояндагонро надоранд.
Бар илова намояндагони аҳзоб таъкид мекунанд, ки замони қабули ин қонун ҳадди ақалли маош дар кишвар хеле поин буд ва супурдани гаравпулӣ вазнин намеафтид.
Ба эътиқоди Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сосиал-демократии Тоҷикистон, дар миёни аъзои он афроди ҳирфаӣ ва донишманд зиёданд. Вале ин гурӯҳи сиёсӣ низ ба дараҷаи ҲХДТ ва ҲНИТ имконоти васеи молиявӣ надорад ва аз ин рӯ ҳамагӣ 22 нафарро номзад пешниҳод кардааст, ки гаравпулиро аз ҳисоби худ пардохт мекунанд.
Зоиров мегӯяд, таҷрибаи гаравпулӣ дар кишварҳои хориҷӣ низ вуҷуд дорад, вале бо шакли содда ва ҳамвор. Ба ақидаи ӯ асосан фалсафаи гаравпулӣ дар Тоҷикистон аз он ҷо баромадааст, ки бояд дар интихобот одамҳои сазовор ва устувор иштирок кунанд: «Лекин навад дарсадаш ин ҳимоя кардани соҳибмулкон аст. Онҳое, ки дар асоси хусусигардонӣ дар дасташон ҳукумат буд ва имрӯз соҳибмулк шуданд, асосан маблағи Тоҷикистонро дар даст доранд ва он одамон бевосита дарк мекунанд ки дар ҷомеа, хусусан шахсони лаёқатманд , имконияти маблағро надоранд ва вобаста ба ин онҳоро дар чаҳорчӯба нигоҳ медоранд».
Ҳикматтуло Сайфуллоҳзода, намояндаи ҲНИТ бо далели вазъи камбизоатии кишвар мегӯяд, ки гаравпулӣ ба ҳайси як навъ кафолати иштироки номзад, бад нест. Ва агар номзад мағлуб шавад ва дубора гаравпулиашро бигирад, мояи нигаронӣ нест. Вале иллат он аст, ки ҳамин муқаррарот бо вазъи иҷтимоии мардум муносиб намеояд.
Ҳамакунун ҳар як номзад бояд ҳатман, 7000 ҳазор сомонӣ ки муодили 1500 долари амрикоист, пардохт кунад. Номзаде ки дар сабқати интихоботӣ баранда мешавад, ҳуқуқ дорад, ки гаравпулии хешро бозпас гирад. Аммо номзадҳои мағлуб аз гирифтани пули хеш маҳрум мешаванд.
Гаравпулии аҳзоб тибқи феҳристи пешниҳодкардаи онҳо аз ин тартиб хоҳад буд:
Вай афзуд, ин гурӯҳи сиёсӣ 13 000 узв дорад, ки асосан аз намояндагони табақаҳои камбизоат буда, имкони пардохти аъзоҳақии ҳизбиро
Онҳое, ки асосан маблағи Тоҷикистонро дар даст доранд дарк мекунанд ки дар ҷомеа, хусусан шахсони лаёқатманд , имконияти маблағро надоранд ва вобаста ба ин онҳоро дар чаҳорчӯба нигоҳ медоранд...
Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, ҳам, аз мушкилоти гаравпулии интихобот шикоят карда, гуфт, вақте аъзои ҲКТ соҳиби маблағи калон мешаванд, яъне, ба истилоҳ, ба рӯйхатти миллионерҳои Тоҷикистон ворид мешаванд, ин ҳизбро тарк карда ба Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон мегузаранд.
Вай мегӯяд: «Ин хел гаравпулӣ дар дунё вуҷуд надорад. Гаравпулӣ ҳадди ақалли маоши миёна бошад, боке нест. Дар дигар давлатҳои Осиёӣ Марказӣ, Русия ин гаравпулиро барҳам доданд ва ё ба маоши мардум мутобиқ карданд. Ҳар ҳизби сиёсие, ки чӣ қадар нуфуз дорад, дар асоси ҳамон нуфузаш дар парлумон ҷой мегирад. Дар мо ҳамара ҷазир карданд.»
Аз гаронии гаравпулии интихоботӣ, ки бархе онро "Пули Сирот" номгузорӣ кардаанд, номзадҳои ҷудогона низ шиква мекунанд.
Дар руйхати интихоботии довталабони курсии Маҷлиси Намояндагон аз ҲДТ 9 нафар ва аз ҲКТ 10 нафар пешниҳод шудаанд. Сарони ҳарду ҳизб бо ишора ба имконоти заифи молии ин ҳизбҳо мегӯянд, ки номзадҳо гаравпулиро худашон месупоранд ва ҳизбҳо ин масъулиятро дар дӯш надоранд.
Ба бовари Шодӣ Шабдолов, имрӯз зарурати бекор кардани гаравпулӣ дар қонунгузории Тоҷикистон ба миён омадааст. Зеро фазои сиёсии кишвар тағийр ёфтаву одамони тасодуфӣ имкони зиёди узвият дар Маҷлиси Намояндагонро надоранд.
Бар илова намояндагони аҳзоб таъкид мекунанд, ки замони қабули ин қонун ҳадди ақалли маош дар кишвар хеле поин буд ва супурдани гаравпулӣ вазнин намеафтид.
Ба эътиқоди Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сосиал-демократии Тоҷикистон, дар миёни аъзои он афроди ҳирфаӣ ва донишманд зиёданд. Вале ин гурӯҳи сиёсӣ низ ба дараҷаи ҲХДТ ва ҲНИТ имконоти васеи молиявӣ надорад ва аз ин рӯ ҳамагӣ 22 нафарро номзад пешниҳод кардааст, ки гаравпулиро аз ҳисоби худ пардохт мекунанд.
Зоиров мегӯяд, таҷрибаи гаравпулӣ дар кишварҳои хориҷӣ низ вуҷуд дорад, вале бо шакли содда ва ҳамвор. Ба ақидаи ӯ асосан фалсафаи гаравпулӣ дар Тоҷикистон аз он ҷо баромадааст, ки бояд дар интихобот одамҳои сазовор ва устувор иштирок кунанд: «Лекин навад дарсадаш ин ҳимоя кардани соҳибмулкон аст. Онҳое, ки дар асоси хусусигардонӣ дар дасташон ҳукумат буд ва имрӯз соҳибмулк шуданд, асосан маблағи Тоҷикистонро дар даст доранд ва он одамон бевосита дарк мекунанд ки дар ҷомеа, хусусан шахсони лаёқатманд , имконияти маблағро надоранд ва вобаста ба ин онҳоро дар чаҳорчӯба нигоҳ медоранд».
Ҳикматтуло Сайфуллоҳзода, намояндаи ҲНИТ бо далели вазъи камбизоатии кишвар мегӯяд, ки гаравпулӣ ба ҳайси як навъ кафолати иштироки номзад, бад нест. Ва агар номзад мағлуб шавад ва дубора гаравпулиашро бигирад, мояи нигаронӣ нест. Вале иллат он аст, ки ҳамин муқаррарот бо вазъи иҷтимоии мардум муносиб намеояд.
Ҳамакунун ҳар як номзад бояд ҳатман, 7000 ҳазор сомонӣ ки муодили 1500 долари амрикоист, пардохт кунад. Номзаде ки дар сабқати интихоботӣ баранда мешавад, ҳуқуқ дорад, ки гаравпулии хешро бозпас гирад. Аммо номзадҳои мағлуб аз гирифтани пули хеш маҳрум мешаванд.
Гаравпулии аҳзоб тибқи феҳристи пешниҳодкардаи онҳо аз ин тартиб хоҳад буд:
- ҲХДТ бо пешниҳоди 22 номзад -- 33 000 доллар
- ҲНИТ бо пешниҳоди 22 номзад -- 33 000 доллар
- ҲСДТ бо 22 номзад -- 33 000 доллар
- ҲКТ бо 11 номзад -- 16 500 доллар
- ҲСТ бо 8 номзад -- 12 000 доллар
- ҲДТ бо пешниҳоди 9 номзад -- 13 ҳазору 500 доллар
- ҲАТ бо пешниҳоди 22 номзад -- 33 000 доллар
- ҲИИТ бо пешниҳоди 13 номзад -- 19 500 доллар