Ҳаҷми гаравпулии интихобот муайян шуд

Кумиссюни марказии интихоботии Тоҷикистон ҳаҷми гаравпулии интихоботиробарои аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳо ва раванди бозтоби маърака дар расонаҳои ҳамагониро муқаррар кард.
Муҳибулло Додоҷонов, раиси дастгоҳи Кумиссюни марказии интихобот ва рабпурсиҳоии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, кумиссюн тартиби пардохти гаравпулӣ ва чораҳои баробарии номзадҳо ва аҳзоб дар таблиғоти интихоботиро муайян кард.

Ба қарори кумисюн ва тибқи қонуни интихоботи Тоҷикистон ҳизбҳои сиёсӣ пас аз тасдиқи рӯйихатҳои интихоботии онҳо ва номзадҳои алоҳида баъд аз сабти ном шуданашон дар кумисюни интихоботӣ бояд ба расмулҳисоби ин кумисюн 7 000 сомонӣ пардохт кунанд.

Ин гаравпулӣ дар ҳоле ба ҳизбҳо бозгардонида мешавад, ки агар онҳо на камтар аз 5 дарсади раъйи интихобкунандагони ширкаткарда дар раъйдиҳиро ба даст оранд. Ин сармоя ҳамчунин ба номзадҳое баргардонида мешавад, ки бо роҳи худпешбарӣ дар интихобот ширкат карданд.

Дар ҳама ҳолати дигар ин маблағ ба соҳибонаш боздода намешавад ва ба буҷаи ҷуиҳурӣ ворид хоҳад гашт.

Кумиссюни марказии интихоботии Тоҷикистон ҳамчунин қарор кард, ба ҳамаи аҳзоб ва номзадҳо то 30 дақиқаи вақт дар Радиои Тоҷикистон ва Шабакаи аввали телевизион ва ё радио ва телевзионҳои маҳаллӣ дода мешавад, то барномаҳои худро таблиғ кунанд. Барои номзадҳои ҳавзаҳои якмандата 15 дақиқа вақт ҷудо мешавад.

Нашри мақола ва гузоришҳо дар матбуоти давлатии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ то 8 сафҳаи чопӣ иҷоза шудааст.