Соли бобарори тоҷикони Қирғизистон

Ҳунарманд Амриддини Кабир ва шоир Сиёвуш аз тоҷикони маъруфи муқими Қирғизистон мебошанд

Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ соли 2009-ро барои ҷамъияти 50-ҳазорнафараи мардуми тоҷиктабори ин кишвар соли бобарору комёбиҳо арзёбӣ намуд.
Дар ҷаласае, ки фаъолияти раёсати ин созмонро ҷамъбандӣ намуд, гуфта шуд, ки баъди танаффуси понздаҳсола 19 хатмкардаи мактабҳои тоҷикии Қирғизистон дар асоси квотаи президентӣ ба донишгоҳҳои мухталифи Душанбеву Хуҷанди Тоҷикистон дохил шуданд. Таъкид гардид, ки ҳамчунин бо мусоидати созмони тоҷикон боз 10 нафар ҷавонписарони тоҷик ба Донишгоҳи миллии Қирғизистон пазируфта шуданд, ки аз пардохти ҳақи шартномавӣ озоданд.

Равшанбек Собиров, раиси созмони тоҷикони Қирғизистон, гуфт, нахустин китоби Шарифҷони Учқӯрғонӣ, шоири тоҷики муқими кишвараш, таҳти унвони «Ҳаётамро ба ту бахшидаам» ба забони қирғизӣ дар Бишкек нашр шуд. Вай афзуд, ки дар соли 2009 шумораи моҳномаи тоҷикии «Паёми Ала-Тоо» аз ду ҳазор ба се ҳазор адад афзуд ва доираи муштариёни худро васеътар намуд.

Ба таъкиди ӯ узви вобастаи Фарҳангистони улуми Қирғизистон профессори тоҷик Абдуҳалим Раҳимҷонов ҷоизаи давлатии ба номи Исо Охунбоевро ба даст овард. Ба шаҳодати раиси ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон Исо Охунбоев яке аз ҷарроҳони машҳури мардуми қирғиз мебошад.

Равшанбек Собиров гуфт, боз як дастоварди хеле муҳими ҷамъияте, вай сарварӣ мекунад, дар соли 2009 ба унвони олии ҳунарии Тоҷикистон сазовор шудани Амриддини Кабир аст. Вай гуфт, ки ин овозхони тоҷики муқими Бишкек ифтихори тоҷикони Қирғизистон гаштааст ва ҳар як чорабинии фарҳангиро шукӯҳу сурур мебахшад.

Амриддини Кабир дар соли 2009 ба унвони Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон сарфароз шуд
Аз Амриддини Кабир, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон суол кардем, ки соли 2009 барои вай чӣ соле буд? Ба гуфтаи Амриддини Кабир, соли 2009 барои вай ва пайвандонаш соли фаромӯшнопазир аст, зеро ҳукумати Тоҷикистон таклиф ва дархостҳои раёсати ҷамъияти тоҷикони Қирғизистонро ба назар гирифт ва ӯро ба унвони олии ҳунарӣ - Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикимтон сазфароз намуд.

Амриддини Кабир гуфт, ки дар ин сол як китоби тарҷумаиҳолии вай таҳти унвони «Оғозе, ки анҷом надорад» дар нашриёти «Олтин тамға»-и шаҳри Бишкек ба забонҳои тоҷикиву русӣ ба нашр расид.

Амриддини Кабир афзуд, моҳи марти соли 2009 бо мусоидат ва ҳамкории Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон дар кохи Ҷомии шаҳри Душанбе шаби шеъру суруд баргузор шуд. Ин чорабинии фарҳангӣ баъди танаффуси калон ва муҳоҷирати ӯ аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ба вуқӯъ пайваст, ки 16-солро дар бар мегирад. Дар маҳфили шеъру суруд шоир ва адабиётшинос Рустами Ваҳҳобиён бо вай ҳузур дошт. Ба гуфтаи Амриддини Кабир дар поёни ин маҳфил вай бо нишони «Аълочии Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон» сазовор гардид.

Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, ҳамчунин дар оғози соли 2009 духтараш ба писари нависанда Саидаҳмади Зардон издивоҷ карда буд. Бахт ба рӯяшон хандид, ҳарду бори аввал соҳиби набера гардиданд ва бобо шуданд.

Амриддини Кабир бо фаро расидани соли нави 2010 тамоми ҳамватанонро табрик карда, гуфт, «таманно дорам, ки бахту саодат ва шодиву сурур дар хонаи якояки ҳамватанонам ҳукмрон бошад».

Мо низ ба ин таманиёти ҳамсӯҳбати худ ҳамроҳ мешавем ва шунавандагони радиои Озодӣ ва пайвандони онҳоро бо соли 2010-и мелодӣ самимона табрик мегӯем.