Рангҳои Милоди Масеҳ дар шаҳри Ню Йорк

Ҳар сол дар Милоди Масеҳ ё Соли нави милодӣ намуди шаҳрҳои Амрико комилан тағйир меёбад. Хиёбону майдонҳо, ки аслан ҳамеша пур аз паёмҳои бозаргонӣ ё рекламаанд, дар ин мавсим бо рангҳои гуногуни ҳайратовар медурахшанд.
Шаҳрдорӣ, ширкатҳои хусусӣ, фурӯшгоҳҳои бузургу хурд ва сокинони маъмулӣ кушиш мекунанд бинову, манзилҳо, майдону хиёбон кучаву тангкучаҳоро боз ҳам зеботар кунанд.

Тарве ки маълум аст, Милоди Масеҳ иди насрониҳост ва шаби 24-уми декабр онро фақат насрониҳои равияи католикӣ таҷлил мекунанд. Аммо дар ИМА аксарияти аҳолӣ кайҳо боз шеваи мазҳабии ин идро фаромуш намуда, онро ҳамчун як иди умумии кишвар мунтазир мешаванд ва аз омаданаш бениҳоят хурсанданд.


Пеш аз ҳама ин хурсандӣ барои кӯдакон аст, чунки аз 24-уми декабр таътилҳои зимистонаи толибилмон шурӯъ мегардад ва дуввум дар тамоми мағозаҳои ИМА нархҳо арзон мешавад. Ва ба ҳамин сабаб ҳам ба мазҳаб нигоҳ накарда, мусалмонону яҳудиҳо, сиқҳу буддоиҳо аз фурсат истифода бурда, барои аъзои оилаашон ва махсусан кӯдакон тӯҳфаю савғо мехаранд.

Аммо пайравони мазҳаби католикӣ ин идро бо тамоми расму одаташ ҷашн мегиранд. Ва тибқи ин анъанаҳо, онҳо бояд ба ҳар як аъзои оила ҳатман туҳфаеро омода кунанд ва дарахти арчаро ороиш дода, шаби Кристмас ин тӯҳфаҳоро дар зери он гузоранд, то ки кӯдакон субҳи барвақт ин қуттиҳои қоғазпечро пайдо намуда, хурсанд шаванд.

Ороиши дарахти арча анъанаест, ки имрӯз қариб тамоми мардуми ҷаҳон ба он пайравӣ мекунанд ва Тоҷикистон низ истисно нест. Аммо илова бар ороиши арча, католикҳо ба ороиши манзилҳояшон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир мекунанд.


Дар минтақаҳои католикнишини Ню-Йорк соҳибони манзилҳо рӯзҳои Кристмас гӯё бо якдигар вориди сабқат мешаванд ва ҳар якеашон кӯшиш мекунанд, ки зебу зиннати зоҳирии манзилаш аз ҳамсояаш зеботару дилпазиртар шавад.

Баъзеҳо барои оро додани манзилашон мутахассисони ҳирфаӣ даъват карда, ба мӯҳлати қариб як моҳ манзилҳояшонро ба бозичаи чароғонӣ солинавӣ табдил медиҳанд. Шабҳо ин зебу зинат бо рангҳои ҳайратовар медурахшад ва ҳар касе, ки аз хиёбонҳо бо мошин мегузарад, аз зебогиаш дар шигифт мемонад.

Хонандагони сомонаи мо низ имкон доранд аз ин зебогӣ ҳаловат бурда, бо рӯҳияи Соли наву Кристмаси Ню-Йорк шинос шаванд.