Ҳайати кории ширкати «Тоҷикстрангаз»-и Тоҷикистон, ки ба тозагӣ аз музокирот бо ширкати «Ӯзтрансгаз» аз Тошкант ба Душанбе баргашт, натавонист барои поин бурдани қимати гази табиӣ барои соли 2010 ба натиҷае даст ёбад.
Хоҳиши Тоҷикистон ин буд, ки бо назардошти поинрафти қимати газ дар соли оянда дар саросари ҷаҳон Тошканд барои Душанбе ҳам арзиши онро аз 240 доллар барои ҳазор метри мукааб то 170 доллар коҳиш диҳад. Раҷабалӣ Чоршанбиев, ёвари раиси Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиктрансгаз» мегӯяд, ҳайати музокиротии Тоҷикистон иборат аз масъулини «Тоҷиктрансгаз” ва Вазорати саноат ва энержии кишвар ният дорад барои баррасии дубораи ин масъала шаби 24 ба 25-уми декабр дубора озими Тошканд шавад.
Гуфта мешавад, ҳайати Тоҷикистон бо мақомоти Ӯзбакистон масъалаи харидории 400 миллион метри муккааб гази Узбакистонро барои соли 2010 баррасӣ мекунад. Гуфта мешавад, 10 дарсади газе, ки Тоҷикистон аз Тошканд мегирад, барои ниёзмандиҳои аҳолӣ ва 90 дарсади дигар барои таъмини фаъолияти корхонаҳои саноатии кишвар, аз ҷумла барои корхонаи алюминийи Тоҷикистон, "Тоҷиксемент" ва дигар корхонаҳо пешбинӣ шудааст. Дар ин шабу рӯз Тоҷикистон ҳар соат аз Ӯзбакистон 8.000 метри мукааб газ мегирад ва 6.000-и он ба корхонаи алюминийи Тоҷикистон дода мешавад.
Дар робита бо нокомии музокироти гази миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон дар маҳфилҳои сиёсиву иқтисодии Душанбе сару садои зиёд шунидан мумкин аст. Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодшиноси тоҷик, мегӯяд, аз таҳаввулоти ахир бармеояд, ки Тошканд муносибати бе ин ҳам ҳассоси миёни ду ҳамсояро мехоҳад боз ҳам ҳассостару пуршиддат нигоҳ дорад, то ки ба Душанбе нишон диҳад, ки ҳарфи охир дар ин ҳама баҳсҳо боз ҳам аз забони Тошканд садо хоҳад дод. Оқои Умаров мегӯяд, ин навбат низ эҳсос мешавад сарсахтиҳои Ӯзбакистон дар қимати газ бештар ангезаҳои сиёсӣ дорад. Ӯ мисол меорад, ки Узбакистон газро ба Қирғизистон бо нархи 74 доллар барои 1000 метри мукааб мефурӯшад.
Ҷониби Тоҷикистон дар остонаи ин музокирот ба нақша гирифта буд, ки барои ҳар 1000 метри мукааб газ ба Тошканд 170 доллар пардохт кунад. Соли 2009 Тоҷикистон барои ҳар ҳазор метри муккааб 240 доллар пардохт мекард, дар ҳоле, ки соли 2008 ҳамин миқдори газро бо қимати 145 доллар харидорӣ кардааст.
Оқои Умаров гуфт, баъйид аст сафари дубораи мақомоти Тоҷикистон ба Тошканд барои ҳалли масъала ба фоидаи Душанбе натиҷаи мусбате ба бор диҳад. Дар ин шабу рӯзи сарди зимистон, ки пеш аз ҳама мардум аз набуди энержӣ азият мешаванд, илоҷи дигаре ҷуз пазируфтани шартҳои Тошканд нахоҳад дошт, чунки Тошканд ҳам хуб медонад, ки Душанбе манбаъи алтернативии харидории газ надорад.