Давлати Тоҷикистон гурӯҳи вижаеро таъсис додааст, то дар ҳалли мушкили шаҳрвандони ин кишвар, ба хусус он афроде, ки бо доштани ному насаби тоҷикӣ дар шиносномаҳояшон аз Русия ва дигар кишварҳои хориҷ баргардонда шудаанд, ёрӣ диҳанд.
Тибқи иттилоъи масъулони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, ахиран, теъдоде аз шаҳрвандон, яъне собиқ муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба иллати чунин амр аз Русия ихроҷ шуда ва ҳамакнун дар талоши русӣ кардани ному насаби худ ҳастанд. Садҳо тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шиносномаҳояшон бо шакли тоҷикӣ пур шудааст, дари шӯъбаҳои сабти ҳолати шаҳрвандӣ дар навоҳӣ ва шаҳрҳоро мекӯбанд, то дубора шиносномаашонро ба шакли қаблии даврони Шӯравӣ баргардонанд. Ин шаҳрвандон аз пасовандҳои тоҷикии -ён, -зода, -пур, -дӯхт даст кашиданианд ва мехоҳанд, ному насабашон ба шакли русии –ов, -ев, -вич дошта бошад. Зеро ба таъкиди ин шаҳрвандон он гоҳ онҳо метавонанд ба роҳатӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ бираванд ва мушкиле бо мақомоти Русия ва кишварҳои хориҷ надошта бошанд.
Аммо Виктор Себелев, раҳбари намояндагии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар Душанбе, мегӯяд, мушкили аслӣ тоҷикӣ ва ё русӣ будани шакли навишти номҳо нест, балки дар шиносномаҳо бояд фамилияи шахс низ дарҷ гардад. Чун, ба таъкиди ӯ, дар акси ҳол чунин шакли навишт ба мавозини байнулмилалӣ дар заминаи убуру мурур аз марз муғоират дорад.
Любов Раҳимова, сардори шӯъбаи шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии аҳолӣ дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, низ гуфт, бар асоси Созишномаи байнулмилалӣ дар заминаи интиқоли мусофирон, ҳар фарде, ки дар шиносномааш фамилия ё насабаш сабт нашудааст, имкони ворид ба кишвари дигареро нахоҳад дошт. Хонум Раҳимова гуфт, ба ин далел як гурӯҳи вижаи корӣ ба манзури баррасӣ ва ҳалли ин қазия таъсис шудааст. Дар ин гурӯҳи корӣ намояндагони Вазоратҳои корҳои дохила, адлия, хориҷа, додситонӣ ва дигар ниҳодҳои зирабти давлатии Тоҷикистон шомил ҳастанд.
Любов Раҳимова, масъули хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, дар бурузи мушкили марбут ба шиносномаҳои шаҳрвандон шӯъбаҳои сабти асноди шаҳрвандии кишвар айбдор ҳастанд. Чун ба гуфтаи вай, кормандони ин шӯъбаҳо ба ҳангоми додани шаҳодатномаи таваллуд талаботи моддаи 20 –и Қонун «Дар бораи ба қайдгирии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» -ро ба инобат нагирифтаанд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи вай, қонун навишти пурраи насаб, ном ва номи падарро дар шаҳодатномаи таваллуди фарзанд ҳатмӣ медонад.
Масъулони Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлия мегӯянд, пур кардани шаҳодатнома дар бораи таваллуд бо дархости волидайн сурат мегирад.
Аз сӯи дигар, Любов Раҳимова мегӯяд, Вазорати хориҷаи кишварро низ лозим буд, то тағйиротеро, ки дар шакли навишти шиносномаҳо шудаанд, ба ҳама шаҳрҳо ва манотиқи Русия баробар эълом мекард. Зеро ба гуфтаи ӯ, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба шаҳри Маскави Русия сафар мекунанд, чунин мушкилеро надоранд ва ниҳодҳои марзбонӣ ба вуруди онҳо монеъ намешаванд.
Аммо соҳибназарон мегӯянд, бархӯрди ниҳодҳои давлатии Русия бо шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин замина бештар ангезаи сиёсӣ дорад. Чун пас аз он ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ду соли пеш аз пасвандҳои русии –ов ва –вич дар навишти ному насабаш расман даст кашид, вокунишҳоеро дар ҷомеаи расонаии Русия ба бор овард. Бештари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба муҳоҷирати корӣ ба Русия мераванд, мегӯянд, ҳамакнун шиносномаҳои дорои ному насаби тоҷикӣ низ баҳонаи дигаре барои мавриди азият қарор додани тоҷикон тавассути ниҳодҳои интизомии ин кишвар шудааст.