Эътимоди мардум ба пулис коҳиш ёфтааст

Солҳои охир эътимоди мардум ба пулис, ба истилоҳ «чашми ҳукумат», коҳиш ёфтааст. Мардум сабаби инро дар ҷой доштани фасод дар фаъолияти пулис, риоя накардани қонун ҳангоми иҷрои вазифа, бо фарҳанги бад муносибат кардани пулис ба мардум ва ғайра марбут медонанд.
Гулнора Азизбекова, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, дар маҳалле, ки ӯ зиндагӣ мекунад, нозири минтақавӣ, яъне ходими масъули пулиси ин маҳалро аслан намешиносад. Ӯ мегӯяд, сабаб ин аст, ки боре ҳам пулис бо сокинони ин маҳал вонахӯрда ва мушкили онҳоро пурсон нашудааст. Шарофиддин, як сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахт, мегӯяд, борҳо шоҳиди он шудааст, ки ходимони пулиси маҳаллӣ дар Тоҷикистон ҳангоми муошират бо мардум дағалона рафтор мекунанд.

Дар ҳоле ки ҳамсӯҳбатони мо аз фарҳанги бади муошират ва иҷро накардани вазифаи ба зимма доштаи ходимони пулис шикоят мекунанд, намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ Маҳмудҷон Назриев мегӯяд, нисбат ба чанд соли пеш боварии мардум ба пулис зиёд шуда истодааст. Оқои Назриев дар бораи далелҳои, ба қавли ӯ, болоравии эътимод ба пулис чунин гуфт: «Солҳои охир шаҳрвандон ба шӯъбаҳои корҳои дохилӣ муроҷиати бисёр мекунанд. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки боварии мардум ба милиса зиёд шудааст. Агар онҳо боварӣ надошта бошанд, муроҷиат намекунанд».

Ахиран, Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров аз кормандони ҳифзи қонун даъват кард, ки ҳангоми муомила ва муошират бо мардум ва иҷрои вазифаҳои худ хушмуомила бошанд. Ашурбой Имомов, ҳуқуқшинос, мегӯяд, вазифаи асосии пулис ҳифзи қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ мебошад. Солҳои Шӯравӣ, мегӯяд вай, пулис миёни мардум аз нуфузу эътибори бештар бархӯрдор буд. Мардум ҳам ба ин ниҳод ва кормандони он эътимоди зиёд доштанд. Милисаҳои он замон аксаран дар иҷрои вазифаи хеш босадоқат рафтор мекарданду, ҳимоятгари қонун буданд, мегӯяд оқои Имомов. Ба бовари ин ҳуқуқшинос, сабаби коҳиш ёфтани эътимоди мардум ба ин ниҳод дар фасодзада шудани аксар ходимони пулис ва худи ин низом мебошад. Ӯ мегӯяд, фасод на танҳо дар сатҳи муносиботи пулии ҳалли мушкили корафтодаҳо, балки ҳамчунин ба ин маъно аст, ки ба сохторҳои ҳифзи тартибот шахсиятҳои ғайрикасбӣ ворид шуданд, ришваситонию маҳалгароӣ ҳангоми ҳалли масоил гоҳо болотар аз манофеъи корӣ гардид.

Давлати Шоҳэътибор, як журналист ва сокини шаҳри Қурғонтеппа, аз таҷрибаи ҳаётии хеш нақл кард, ки нозирони маҳаллаҳо дар
маҷмӯъ фаъолияти хуб доранд. Вале мушкили аслии онҳо ин аст, ки дастнигар ва ё вобастаи роҳбарони боло мебошанд ва гоҳо ҳангоми тасмимгирӣ на қонун, балки қарори раҳбари баландмақоми онҳо нақши аслиро бозӣ мекунад. Оқои Шоҳэътибор афзуд, ҳангоме, ки нозирони маҳаллӣ тасмим мегиранду, бо ҳодисаи қонуншикании мақоме рӯбарӯ мешаванд, болои онҳо роҳбарони сатҳи шаҳриву ҷумҳуриашон фишор меоранд, ки аз тасмимашон баргарданд. Дар натиҷа, боварии мардум ҳам дар робита бо ҳукми одилонаи қонун дар нисбат ба ҳама поймолкунандаҳои он аз байн меравад.
«Ман шоҳид будам, ки нозир протокол тартиб дод. Вале вақте ба ӯ аз роҳбари болоияш ва хешу табораш фишор оварданд, протоколашро дарронд. Нозир имрӯз маоши ночиз мегирад. Ризқи фарзандҳояшро ӯ аз ҳамон маҳаллаи кораш меёбад, яъне, сарчашмаи зиндагиаш ҳамон аст. Вай маҷбур аст, ки бо кадом роҳе набошад, нони фарзандашро ёбад».

Вале аз назари дигарон, дар кам шудани масъулияти милисаҳо дар баробари қонун пеш аз ҳама худи шаҳрвандон гунаҳгоранд. Фаридун, як ҷавони тоҷик, мегӯяд, вақте шаҳрвандон бо истифода аз ҳуқуқи қонунии хеш аз мақомоти пулис иҷрои вазифаашонро талаб намекунанд, пулиси тоҷик ҳам ҳамон қадар аз доираи салоҳияти хеш канор меравад. Барои он ки пулис вазифаи хешро иҷро кунад, бояд ниҳодҳои шаҳрвандӣ, яъне созмонҳои ҷамъиятӣ, матбуот ва мардуми оддӣ ҳам аз пулис иҷрои вазифаашонро талаб кунанд.

Дар ҳоле ки аксар ҳамсӯҳбатони мо паҳлӯҳои мухталифи фаъолияти пулисро зери интиқод мегиранд, Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази стратегии назди президент, меафзояд, барои ба даст овардани эътимоди мардум пулис ба як марҳилаи гузариш ниёз дорад. Зеро Тоҷикистон баъди ҷанги шаҳрвандӣ даҳ соли дигар дар ҳолати изтирории таъсири ҷанг қарор дошт. Акнун пулиси Тоҷикистон ҳам дар марҳилаи рушд қарор дорад. Барои ин бояд ҷомеа ҳам, мегӯяд вай, барои ташаккули фарҳанги пулисдорӣ ва ҳимоятгари қонуну адолат будани ин ниҳод мусоидат кунанд.

Масъалаи муҳими дигар, мегӯяд ҳуқуқшиноси собиқадор Ашурбой Имомов, ин аст, ки пулиси кишвар ба як ислоҳоти густардаи кадрӣ ва фаннӣ ниёз дорад. Пулисро дар Тоҷикистон «чашми ҳукумат» мегӯянд, гуфт вай, ва паст шудани эътибори пулис дар чашми мардум пеш аз ҳама ба обрӯи ҳукумат зарба мезанад.