Журналисти қирғиз дар Қазоқистон даргузашт

Дар Алмаато Геннадий Павлюк, журналисти қирғизистонӣ, субҳи 22-уми декабр аз олам даргузашт.
Журналист 16-уми декабр аз ошёнаи 6-уми биное, ки он ҷо иҷора гирифта буд, афтода, ҷароҳати вазнин бардошта буд ва ин сабаби ҳалокати ӯ гардид. Дар бемористон ҳама талоши табибон барои аз ҳолати сангин, яъне, мадҳушӣ берун кардани Павлюк натиҷа надод ва ӯ дигар ба ҳуш наомад. Бо назардошти он ки ҳангоми аз бино афтодани Павлюк дасту пои вай баста буд, Евгений Лисенко, сухангӯи идораи корҳои дохилии шаҳри Алмаато, гуфтааст, имкон дорад, ашхоси номаълум қасд ба ҷони журналист карда, ӯро аз бинои баланд ба зер партофтаанд.

Ҳамчунин, оқои Лискенко фармоишӣ будани ин сӯиқасдро низ сарфи назар намекунад. Омурбек Текебоев, раиси Ҳизби сотсиалистии «Атамекен», ки дар мухолифат бо ҳокимияти Қирғизистон қарор дорад, низ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ ҷанбаи сиёсӣ доштани ин куштор, яъне ба фаъолити рӯзноманигорӣ бастагӣ доштани онро таъкид намуд. Вай гуфт, беш аз ним сол ба ин тараф Геннадий Павлюк бо ҳизби онон ҳамкории қавӣ дошт ва ӯ талош кард, то чанд тарҳ, аз ҷумла ташкили сомонаи вижа ва рӯзномае бо номи ҳизби «Атамекен»-ро пиёда кунад. Раиси ҳизби «Атамекен»-и Қирғизистон изҳор кард, «вақтҳои охир Геннадий Павлюк бо мақолаву мусоҳибаҳояш то чӣ андоза воқеият доштани ислоҳоти дар Қирғизистон пиёдашударо ба хонандагон ошкор карда, нишон медод, ки ҳокимият ҳамоно рӯ ба худкомагӣ ва диктатура овардааст.

Акмат Алагушев, намояндаи Пажӯҳишгоҳи расонаҳои хабарии Қирғизистон, аз он изҳори нигаронӣ кард, ки солҳои ахир чунин ҳодисаҳои куштор ва таъқибу таҳдиди намояндагони расонаҳои хабарӣ дар кишвар рӯ ба афзоиш аст. Оқои Аалагушев иброз медорад, шояд чунин корҳо махсус роҳандозӣ мешавад.

Чунин афзоиш ёфтани таъқибу таҳдид ва куштори журналистон аҳли ҷомеаро басо нигарон кардааст, аз ҷумла, гурӯҳи депутатҳои порлумон аз ҳизби сотсиал-демократӣ дар ҷаласаи порлумони кишвар талаб кард, ки барои ҳимояти журналистон аз чунин хатарҳо бояд чораҳои фаврӣ андешид. Зеро дар худи ҳамин моҳ шумораи басо зиёди журналистон ба чунин ҳуҷумҳои ба истилоҳ ашхоси номаълум дучор гардидаанд. Аз ҷумла, дар назди манзилаш журналист ва сиёсатшиноси Русия Александр Князев латукӯб гардид. Хабарнигори Росбалт дар Бишкек Евграфовро низ чунин сарнавишт пеш омад. Ба идораи нашрияи «Ош шами» бошад тир ва навиштачоти таҳдидомезе партофтанд. Ду сол қабл дар шаҳри Ӯш аз дасти қотилон журналист Алишер Соҳибов кушта шуд. Аз соли 2006 ба ин тараф журналистон беш аз 60 дафъа мавриди ҳуҷум қарор гирифтанд.

Чунин вазъи муташанниҷ баъзе журналистонро водор сохт, ки тарки Қирғизистон кунанд ва дар дигар кишварҳо паноҳ баранд. Сӯиқасд ба ҷони Геннадий Павлюк, ки дар баёнияи Ҷунбиши муттаҳиди халқӣ амали террористӣ гуфта шудааст, ин феҳристи таъқибу куштори журналистонро дар Қирғизистон боз як адад афзуд, вале тавре дар баёнияҳои созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон омадааст, то ҳол ягон созмондеҳ ва ё муҷримони чунин таъқибҳо боздошт ва маҳкум нашудаанд.

Геннадий Павлюк , ки ба синни 51 расида буд, қабл аз фаъолият бо ҳизби мухолифини «Атамекен» намояндагии нашрияи Русия «Аргументи и факти»-ро дар Қирғизистон сарварӣ мекард ва баъдан сомона ва рӯзномаи «Белий пароход»-ро ташкил карда буд.