Сатҳи нави ҳамкориҳои додситониҳои Русияву Тоҷикистон

Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон

Бобоҷон Бобохонов ва Юрий Чайка, додситонҳои кулли Тоҷикистону Русия, таҳрири нави созишномаи ҳамкориҳои ду ниҳодро ба имзо расониданд.
Матлуба Абдуллоева, сарвари бахши байнулмилалӣ ва иттилоотии додситонии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин санад таҳрири нави Созишномаи соли 1995 дар бораи кӯмаки ҳуқуқӣ ва ҳамкорӣ буда, ҳоло фақат созишномаи ҳамкориҳо унвон дорад:
«Ин созишнома ҳамкориҳои ду ниҳод дар соҳаҳои таъмини қонуният, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, мубориза алайҳи ҷароими муташаккил, аз қабили терроризм, фасод, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир, ҷароими иқтисодӣ, навовариҳои фаннӣ, ки ба амнияти ҷомеа таҳдид мекунанд, дарбар мегирад».

Хонум Абдуллоева аз ироаи тафсилоти бештар худдорӣ кард, аммо расонаҳои русӣ навиштаанд, ин санад ҳамчунин ҳамкориҳои додситониҳои Тоҷикистону Русия дар мавриди додугирифти гумонбарон ва муттаҳаминро низ дар назар дорад. Ашӯрбой Имомов, коршинос дар масоили ҳуқуқ мегӯяд, тибқи созишномаҳои пешин гумонбарон ва муттаҳамине, ки дар Тоҷикистон мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд ва дар Русия ба сар мебаранд, метавонанд боздошт ва истирдод шаванд. Вай афзуд:
«Ҳамчунин ашхосе, ки дар Русия ҳукм гирифтаанд, танҳо бо дархости Тоҷикистон ва он ҳам бо салоҳдиди Русия метавонанд истирдод шаванд. Ин гуна ашхос интихобӣ ҳастанд ва ё бо тақозои волидайн аз ҳукумати Тоҷикистон метавонанд дархост шаванд»

Тибқи созишнома миёни додситониҳои ду кишвар қаблан чандин боздошт ва истирдодҳои пурсарусадо ва мармуз низ сурат гирифта буданд. Бо дархости додситонии кулли Тоҷикистон моҳи майи соли 2003 дар Маскав Ёқуб Салимов, собиқ вазири дохила ва раиси кумитаи гумруки Тоҷикистон боздошт ва моҳи феврали соли 2004 ба Душанбе истирдод шуд. Додгоҳи Олии Тоҷикистон вазири собиқро ба 15 сол равонаи зиндон кард. То ба ҳол ба кадом далел ба муддати тӯлонӣ дар боздоштгоҳи Маскав боқӣ мондани Оқои Салимов маълум нест. Чанде қабл тайи як сӯҳбат бо як нашрияи Тоҷикистон Ёқуб Слимов изҳор дошт, ки се маротиба аз мақомоти Русия хостори истирдоди худ ба ватан шудааст, аммо онҳо ризоият надодаанд.

Моҳи апрели соли 2004 низ дар Маскав Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси пешини Тоҷикгаз ва сарвари ҲДТ низ бо дархости Додситонии кулл дар Маскав боздошт, аммо баъд аз чанд рӯз озод шуд. Додситонии кулли Русия изҳор дошт, ки ӯ ҷинояте надорад. Аммо баъд аз раҳоӣ Искандаров бадоҳатан ғайб зад ва ахирҳои моҳи апрел Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки ӯ дар боздоштгоҳи муваққати кумитаи амнияти ин кишвар нигаҳдорӣ мешавад. Раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон ба мӯҳлати 25 сол аз озодӣ маҳрум шуд ва қазияи ӯ имрӯзҳо дар баррасиҳои Созмони ҳуқуқи башари СММ қарор дорад ва суол ҳам ин ст, ки ӯ чӣ тавр ба Тоҷикистон оварда шудааст.

Додситонии Тоҷикистон ҳамчунин эълом надоштааст, ки боз киҳоро аз Русия мехоҳад истирдод кунад. Дар ин кишвар, тибқи иттилои ғайрирасмӣ, ҳудуди 3 600 шаҳрванди Тоҷикистон зиндониянд.