Арчаи 21-метраи маркази Душанбе

Бо наздикшавии ҳар соли нав дар Тоҷикистон наздики бинои аксаре аз идораву муассисот рамзи соли нави мелодӣ - арча ороиш дода мешавад. Соли равон низ истисно нест.
Бар изофа, дар маркази Душанбе, арчаи ба истилоҳ асосӣ, қад баланд кардааст. Яъне, масъулони ҳукумати Душанбе дар хиёбони марказӣ арчаеро бунёд доранд, ки 21 метр қад дорад ва давр мезанад. Шумораи зиёди бозичаҳои ороишӣ низ барои зеб додани ин арча омода аст. Вале дар мавриди харҷи арчаи асосии солинавии соли ҷорӣ дар Душанбе чизе гуфта намешавад.

Ҳамчунон, дар наздики истгоҳи асосии қатораҳо, истгоҳи роҳи оҳани Тоҷикистон мақомот арчаи дигареро дар ҳоли бунёд кардан ҳастанд, ки 18 метр баландӣ дорад. Аммо навори радиои «Озодӣ» аз ҷараёни омодасозии арчаи асосии солинавӣ дар Душанбе таҳия шудаст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Арчаи Душанбе