Дуроҳаи ноумедӣ ва умед барои духтарони мӯътод

Заррина 27 сол дорад, аммо мегӯяд, 10 соли ахири умраш берангу беҳадаф ва танҳо бо фикри дарёфту истеъмоли маводи мухаддир гузаштааст.
Аввалин бор ӯ дар 17-солагӣ дар шабнишиние бо тавсияи дӯстону дугонаҳояш тариқи сигор аз маводи мухаддир истифода карда, бо ин бакуллӣ вориди кӯчаи мӯътодӣ мешавад.

Заррина: «Дар аввал модарам аз ин вобастагии ман хабар надошт ва барои хариду истеъмол аз ӯ пул мегирифтам, вале баъдан вақте модарам вафот кард ва ман аллакай ба нашъа вобастагии сахт пайдо кардаму, дар як рӯз то 3 маротиба истеъмол мекардам, бо роҳҳои мухталиф барои хариди он маблағ дарёфт мекардам. Масалан, ман нуқтаи фурӯши маводи мухаддирро медонистам ва бо гирифтани маблағ аз дигар нашъамандон ба онҳо ваъда медодам, ки барояшон нашъа дастрас мекунам, аммо пулҳоро гирифта, онҳоро фиреб медодам.»

Заррина: «Маро модарам танҳо ба воя расондааст. Падарам ҳанӯз дар овони хурдиам моро тарк кардааст. Модарам танҳо дар таъмину тарбияи мо бисёр мушкил мекашид ва бечора шабу рӯз кор мекард. Мо дар хона дар тарбияи модаркалонам будем. Шояд ҳамин беназоратӣ ва танҳоӣ маро бо ин роҳ бурд.»

Бо Заррина дар маркази муолиҷаи нашъамандони созмони «Раҳоӣ аз нашъамандӣ» сӯҳбат доштам. Ӯ акнун барои раҳоӣ аз ин дард
Муртазо Хидиров:
“Духтарони нашъаманд аксаран барои дарёфти пул барои харидани маводи мухаддир ба танфурӯшӣ машғул мешаванд.
муолиҷа мегирад, зеро, мегӯяд, аз зиндагии мӯътодона хеле хаста шудааст ва ҳоло бо дарки ҳама иштибоҳҳои худ ва ин ки барои дилхушии яклаҳзаина беҳтарин солҳои ҳаёти худро аз даст додаву, танҳо мондааст, мехоҳад ба зиндагии солим баргардад. Ҳарчанд ин аввалин кӯшиши Заррина дар роҳи тарки маводи мухаддир набудааст.

Муртазо Хидиров, раҳбари ташкилоти ғайридавлатии «Раҳоӣ аз нашъамандӣ» бо изҳори таассуф мегӯяд, дар миёни мӯътодоне, ки ба онҳо муроҷиат мекунанд, дар як соли ахир теъдоди духтарон афзуда, ҳоло беш аз 30 дарсади нашъамандонро ташкил медиҳанд. Муртазо Хидиров мегӯяд, ин боз як мушкили дигар, яъне, хатари афзоиши бемориҳои сироятиро дар пай хоҳад дошт.

“Духтарони нашъаманд аксаран барои дарёфти пул барои харидани маводи мухаддир ба танфурӯшӣ машғул мешаванд. Ҳоло дар байни беморони вируси норасоии масунияти бадан расман қариб 30 дарсадашон бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сироят ёфтаанд. Агар ин ба ҳамин шакл густариш ёбад, он вақт мумкин барои мо назорат кардан ва ҷилавгирӣ аз сироятёбӣ ниҳоят мушкил шавад. Ҳоло ҳам шумори сироятёфтагони вируси норасоии масунияти бадан дар миёни нашъамандони тазриқӣ зиёд, беш аз 50 дарсад аст.”


Расман, шумори нашъамандон дар кишвар беш аз 8 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад. Тибқи иттилои Маркази ҷумҳуриявии наркологӣ,
Заррина: «Орзу дорам, ки модар ва соҳиби фарзанд шавам, то аз ман нишона монад.»
феълан 400 зани мӯътод ба қайд гирифта шудааст, ки аксарият аз 18 то 35 сол доранд. Аммо ба иттилои созмонҳои масъули мустақилу байналмилалӣ, дар асл ин омор чанд маротиба бештар аст. Носолимии хонаводагӣ, дур мондан аз тарбияву назорат, мушкилоти зиндагӣ, танҳоӣ ва ҳавову ҳавас аз омилҳои аслии ба истеъмоли маводи мухаддир рӯ овардани занону ҷавондухтарон дониста мешаванд.

Замоне, ки бо ҳадафи таҳияи ин матлаб вориди маркази ҷумҳуриявии наркологӣ шудам, ҳама мӯътодони бистарӣ мардон буданд. Ба гуфтаи Фирӯза Шомаҳмадова, як табиби ин марказ, ғолибан, духтарони нашъаманд аз тарси тағйир ёфтани муносибати атрофиён ва табъиз дар ҷомеа ба онҳо кам муроҷиат мекунанд. Хонум Шомаҳмадова мегӯяд, вобастагии занону духтарон ба мӯътодӣ назар ба мардони нашъаманд хеле мураккабтар будааст. Ҷисми зан ба фарқ аз мардон ба маводи мухаддир зуд вобаста шудаву, тарки он ҳам барояшон сахт будааст. Маводи мухаддир ба саломатии занон назар ба мардон пештару бештар таъсири манфӣ карда, муолиҷаи онҳо хеле мушкил аст.

Барои ба ҳаёти солим баргардонидани ин духтарон, мегӯяд хонум Шомаҳмадова, нақши муҳит ва қабл аз ҳама волидону наздикони онҳо хеле муҳим аст. Танҳо бо дастгириву ёри атрофиён ин гурӯҳи духтарон ва умуман мӯътодон метавонанд шифо ёбанд.

Заррина: «Орзу дорам, ки модар ва соҳиби фарзанд шавам, то аз ман нишона монад.»