Маркази вижа барои маҳбусони мӯътод

Барои нахустин бор дар Тоҷикистон маркази вижаи офиятрасонӣ дарҳои худро ба маҳбусони мӯътод боз кард.
Ин марказ имрӯз зимни маросиме дар беморхонаи марказии Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон, воқеъ дар 15 километрии шарқи шаҳри Душанбе, ифтитоҳ шудааст. Ироаи табобати равонӣ ба маҳбусони мӯътоди маводи мухаддир аз аҳдофи аслии ин марказ унвон шудааст. Ин дар ҳолест, ки то кунун дар куллия беморхонаҳои Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон ба усули пешини даврони Шӯравӣ, табобати дармонӣ роиҷ аст.

Саймиддин, як тан маҳбуси собиқ гуфт, дар зиндонҳо шароити дурусти хурду хӯрок ва табобат нест. Ба гуфтаи вай, дору ва дигар
лавозимоти зарурӣ аз сӯи хешони маҳбусон оварда мешавад. Ба гуфтаи Саймуддин, бар иловаи набуди дору ва дармони лозим, вазъи таъмини зиндониён бо ғизо низ нигаронкунанда аст.

Масъулони Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯянд, дар чанд соли ахир шароит дар зиндонҳо ва аз ҷумла беморхонаҳои муассисаҳои ислоҳии кишвар беҳбуд ёфтааст. Бо ин ҳам масъулон такъид доранд, ки бидуни ёрии созмонҳои байналмилалӣ вазъи зиндонҳоро беҳбуд бахшидан мушкил аст.

Ин аст, ки дар чаҳорчӯби барномаи ҷилавгирӣ аз густариши маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ (КАДАП) барои бори нахуст дар Тоҷикистон маркази вижаи офиятрасонӣ дарҳои худро барои маҳбусони мӯътоди маводи мухаддир боз кард.
Ин марказ, зимни маросиме дар беморхонаи марказии Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлия ифтитоҳ шуд. Ростислав Вребинский, раҳбари намояндагии барномаи тавсеаи СММ дар Тоҷикистон, гуфт, табобат дар ин марказ барои бозгашти маҳбусони мӯътод ба ҷомеа ёрӣ мерасонад.

Рустам Нуров, сардори шӯъбаи тандурӯстии Вазорати адлияи Тоҷикистон низ таъкид кард, ки табобати беморони мӯътод , тибқи барномаи мавсум ба «Атлантис», ки иборат аз 12 марҳала аст ва дар кишварҳои аврупоӣ ба таври васеъ истифода мешавад, сурат мегирад. Ба гуфтаи Нуров, табобат на дармонӣ, балки равонӣ анҷом мегирад.

Маркази навро Шаҳноза Нодирова, муовини вазири адлияи кишвар боз кард.
Ба ин тартиб, дар марҳалаи аввал 25 нафар аз маҳбусон аз муассисаҳои ислоҳӣ ва зиндонҳои воқеъ дар қаламрави Тоҷикистон дар Маркази вижаи офиятрасонӣ фаро гирифта шуда, дар муддати аз се то шаш моҳ аз сӯи равоншиносон ва пизишкон мавриди табобат қарор мегиранд. Дар муддати беш аз як соли ахир даҳ тан аз намояндагони беморхонаи марказии Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон дар кишварҳои Аврупо аз тариқи ширкат дар давраҳои омӯзишӣ дар барномаи «Атлантис» аз шеваҳои табобати равонӣ дар зиндонҳо бархӯрдор шудаанд. Вижагии дигари ин барнома дар он аст, ки маҳбусони бемор пас аз раҳоӣ аз зиндон низ тавассути созмонҳои ғайридавлатӣ бо ёрии равонӣ ва пизишкӣ фаро гирифта хоҳанд шуд. Чун ба таъкиди масъулони КАДАП, ҳадафи ниҳоии ин тарҳ низ солим гардонии маҳбусони мӯътод ва ёрӣ ба ҳамгироии онҳо бо ҷомеа мебошад.

Барнома аз шаш соли пеш дар Тоҷикистон фаъол аст ва дар ин муддат бо сармояи Иттиҳоди Аврупо ва Барномаи тавсеаи СММ тарҳҳое дар заминаи муқобала бо қочоқи маводи мухаддир ва таъмини амният дар марзҳои Тоҷикистон мавриди иҷро қарор гирифтааст.