Сиёҳ кардани шишаҳоро иҷоза доданд

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо ворид кардани тағйирот ба Қонуни ҳаракат дар роҳ ва Қонуни дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷа, сиёҳ кардани шишаи мошинҳоро иҷоза дод.
Исмоил Талбаков, вакили Маҷлиси намояндагон, ки тарҳи ислоҳоти қонунро муаррифӣ мекард, гуфт, ҳадаф аз ворид кардани ислоҳот ва додани иҷоза барои сиёҳ кардани шишаи мошинҳо, ба манзури мусоидат ба ҳифзи сиҳатии сокинон амалӣ мешавад. Ҷаноби Талбаков афзуд, истифода аз шишаҳои сиёҳ дар мошинҳо дар шароити иқлимии Тоҷикистон барои саломатии инсон муфид аст. Истифодаи ин шишаҳо то 45 дарсад осебпазирӣ аз нури офтобро коҳиш медиҳад. Ба гуфтаи Исмоил Талбаков, бар изофаи ин солона ҳудуди 50 миллион доллар аз ин ҳисоб ба буҷа ворид хоҳад шуд.

Феълан, миқдори пардохти боҷ барои гирифтани иҷозаи шишаи сиёҳ мушххас нашудааст. Аммо, гуфта мешавад, ҳадди ақал бештар аз
Ҷаноби Талбаков афзуд, истифода аз шишаҳои сиёҳ дар мошинҳо дар шароити иқлимии Тоҷикистон барои саломатии инсон муфид аст.
муодили дусад долари амрикоӣ хоҳад буд. Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, мегӯяд, дар сурате, ки ҳадаф аз ислоҳоти қонун ва додани иҷоза барои шишаҳои сиёҳ ҳифзи сиҳатии умумӣ бошад, пас чаро барои гирифтани иҷозаи он маблағи ҳангуфт бояд пешбинӣ шавад? Ба гуфтаи ҷаноби Кабирӣ, ин амр ба усул ва ҳадафи давлати иҷтимоӣ мухолифат дорад. Ӯ гуфт, дар он сурат як гурӯҳи ҷомеа, ки имкон дорад, аз ин истифода мекунад ва қишри миёна наметавонад аз ин ҳаққи қонунӣ истифода кунад.

Рамазон Раҳимов, муовини вазири умури дохила, ки дар иҷлосияи порлумон ҳузур дошт, гуфт, эҳтимолан дар оянда иҷозаи умумӣ ва ройгони истифода аз ин шишаҳо низ пешниҳод шавад.

Ба ҳар сурат, тибқи ин қонун, ҳар молики воситаи нақлияе, ки мехоҳад, бештар аз меъёри давлатӣ шишаҳои мошини худро сиёҳ ё хираву дудӣ кунад, бо супурдани боҷи давлатӣ ин ҳақро дарёфт хоҳад кард. Сиёҳ кардани шишаҳои мошин ҳади аксар то 75 дарсад ба истиснои шишаи пеш мумкин хоҳад шуд.

Шишаи сиёҳи мошинҳо аз соли 1995 дар Тоҷикистон ба манзури он ки гурӯҳҳои ҷиноӣ аз он истифода накунанд, мамнӯъ шуд. Тӯли ин
Муҳиддин Кабирӣ гуфт, агар ҳадаф аз иҷозаи шишаҳои сиёҳ ҳифзи сиҳатии умумӣ бошад, пас чаро барои гирифтани иҷозаи он маблағи ҳангуфт бояд пешбинӣ шавад?
ҳама сол яке аз мавзӯъҳои мавриди баҳси ҷомеа ва ҳатто ҳукумату порлумон буд. Ҳанӯз ҳам дар аксар маврид даҳшати мошинҳои шишасиёҳи ҷангсолорон дар зеҳни шоҳидони ҷанги дохилӣ боқист.

Масъалаи дигар масъалаи амал ва наҳваи иҷрои ин қонун аст. Акнун баҳси миёни соҳибони воситаҳои нақлияи сиёҳшиша ва нозирони роҳ доғтар хоҳад шуд, зеро механизми мушаххаси ташхиси дарсади шишаҳо ва ниҳоди ташхискунандаи сиёҳии онҳо низ мушаххаст нест.

Тибқи ислоҳоти қонуни ҳаракат дар роҳ, ҳамчунин, пардаи қафои мошинҳо низ мамнӯъ шудааст. Бархе вакилон ба ин назар буданд, ки дар сурати иҷозаи шишаҳои то 75 дарсад сиёҳ манъи пардаи қафо дигар мантиқ надорад. Дар ин маврид ҳатто Саъдулло Хайруллоев, раиси МН, бо Рамазон Раҳимов, муовини вазири дохила, вориди баҳс шуд ва пурсид, мошинҳои калоне, ки қафояшон баста аст, чӣ гуна ақибро мебинанд? Муовини вазир гуфт, тавассути оинаҳои паҳлӯ. Оқои Хайруллоев боз ҳам пурсид, магар мошинҳои хурд оинаи паҳлӯ надоранд?

Қонуни ҳаракат дар роҳ ва қонуни пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷаи давлатӣ бо аксари раъйҳо қабул шуд. Гуфта мешавад, оидот аз ин ҳисоб барои сохтмони Роғун масраф хоҳад шуд. Ин қонун аз аввали моҳи январи соли оянда, яъне, то ду ҳафтаи дигар мавриди иҷро қарор хоҳад гирифт. Давлат қасд дорад аз ҳисоби шишаҳои сиёҳи мошинҳо солона 50 миллион доллар ҷамъоварӣ кунад.