Зодрӯзи Хурмо, Гулрухсор ва Қутбӣ Киром

Tajik - Khurmo Shirinova, late Tajik pop-diva

Ҷолиб аст, ки 17-уми декабр ҳамчунин зодрӯзи профессор Моёншо Назаршоев низ мебошад. Аммо ин рӯзи пурбори таърих барои аксарият бо зодрӯзи Хурмо Ширинова ба ёд омад...
Сарнавишти Хурмо ба андозаи зиёд сарнавишти фарҳанг ва ҳунари тоҷикро ба ёд меорад. Духтаре аз рустои дурдасти Бадахшон танҳо бо такия ба овози худодод ва ҳунари хонандагияш тавонист ба яке аз баландтарин қуллаҳои шӯҳрат расад ва дар авҷи камолоти ин ҳунар ҷаҳонро тарк кунад.

Ҳамчун намояндаи давраи, ба истилоҳ Эҳёи Аҷам, Хурмо Ширинова таҷассумгари як давраи томи таърихи фарҳанг ва ҳунари кившари хеш аст. Вай на танҳо дастаи машҳури "Гулшан"-ро ба ёди мо меорад ва даҳҳо ҳамовардашро, ба монанди Орифшо Орифов, Муқаддас Набинва, Тоҷиддин Муҳиддинов, Умар Зиёев, Баҳодур Неъматов, Махфират Ҳамроқулова, Раҳима Шалоэр, балки дастаи рақси "Зебо", ансамбли "Лола"-и Ғаффор Валаматзода, бурузи наққошоне чун Сабзалӣ Шариф, Комил Ёдгор ва Сӯҳроб Қурбонов, шеъри Лоиқу Бозор ва даҳҳо комёбии дигарро дар хотирҳо зинда мекунад.

Ва нахустин талошҳои роҳкушоии фарҳангӣ ба Афғонистону Эрон, эҳё ва эъмори пайвандҳои гусаста.

Вале ин ҳама мисли суқуте ба назар мерасад, ки дар авҷи парвози баланд ба вуқӯъ пайвастааст ва аз ин лиҳоз наметавонад, танҳо носталжии гузашта бошад. Шоираи шаҳир Гулрухсор талош дорад, бо шеъру румонҳояш он мавҷи эҳёро акнун дар давраи соҳибистиқлолии кишвар, пас аз ҷанги бародаркушонаи солҳои 1992-1997 идома диҳад. 17-уми декабр зодрӯзи ӯ низ ҳаст ва бояд ба ҳастияш шукр гузошту самимона табрикаш кард.

Доктори илми таърих, собиқ узв ва яке аз сарони Шӯрои Олии Тоҷикистон, Моёншо Назаршоев низ дар ҳамин рӯзи 17-уми декабр, дар соли 1929 ба дунё омадааст. Вай солҳо ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд ва баъд аз вакили маҷлис интихоб шуданаш бо сиёсат омехт. Вай касе буд, ки бо вуҷуди бузургияш, иштибоҳҳои худро дарк кардаву барои чунин иштибоҳ аз мардумаш узр пурсидааст. Моёншо Назаршоев аз ташнагони сулҳи Тоҷикистон буд дар миёни оташи хонумонсӯзи ҷанги дохилӣ.

Дареғо, ки аз Назаршоев ва даҳҳо тани шабеҳи ӯ имрӯз хеле кам ёд мекунанд. Ё аз шоире мисли Қутбӣ Киром, ки 17-уми декабри соли 1932 зода шуда, ҳамаи умраш як достони шуниданиест ва шеъру ғазалашро даҳҳо овозхон месароянд. Пас имрӯз пайтест, ки ин гуна таронаҳоро пахш кард, шунид ва ба равони онҳо дуруд фиристод. Хоса, ки Хурмо худ як таронаи беинтиҳост ва ҳаргиз наметавон аз шунидани садояш сер кард.

Бо ҳам ёде кунем аз Хурмои Ширин ва аз рӯзҳои рафтаву инсонҳои рафта...