Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо нашри фармоне 28-уми феврали соли 2010– ро таърихи баргузории интихобот ба Маҷлиси намояндагон таъин кард.
Акнун таблиғоти пурҳарорати Роғун дар сархати расонаҳои Тоҷикистон ҷои худро ба тайини замони баргузории интихоботи порлумонӣ аз сӯи раисҷумҳур хоҳад дод. Ин амр аз як сӯ дасти аҳзобро дар таблиғи худ ба сурати қонунӣ боз хоҳад кард ва аз сӯи дигар Комиссияи нави интихоботӣ низ ташкил ва таъйин хоҳад шуд. Бар тибқи талаботи қонуни Тоҷикистон, дар тӯли се рӯзи баъди судури фармони раисҷумҳур бояд комиссияи нави интихобот ва раъйпурсӣ ташкил ва барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шавад. Ин комиссия аз раис, ду муовин ва 13 узв иборат аст.
КМИР баъди тасдиқ аз сӯи Маҷлиси намояндагон 41 ҳавзаи интихоботиро таъсис ва раисону ҳайатҳои онҳоро тасдиқ мекунад. Чилу як ҳавзаи интихотии инфиродӣ ва ҳавзаи саросарии ҳизбӣ дар давоми бист рӯзи баъди тасдиқи салоҳияти КМИР аз сӯи маҷлис бояд комилан фаъол ва омодаи баргузоркунии интихобот бошанд.
Бо бовари ғолиби таҳлилгарон ва аҳзоби сиёсӣ, Мирзоалӣ Болтуев, раиси феълии КМИР, ҳамчунон симати худро дар мақоми Раиси КМИР-и Тоҷикистон бо аксари аъзои он ҳифз хоҳад кард. Қарор аст, ба рӯзи чоршанбе, 16-уми декабр, раисҷумҳур бо ҳайати нави КМИР-и Тоҷикистон, ки онро ба маҷлис муаррифӣ хоҳад кард, мулоқот кунад.
Аммо бо таваҷҷӯҳ ба он ки Эмомалӣ Раҳмон се даъфа то кунун ваъдаи мусоидат ба баргузории шафоф ва одилонаи интихоботро додааст, бархе дигар таҳлилгарон ҳамчунон ин эҳтимолро низ баъид намедонанд, ки шояд тағйири бунёдие низ дар раҳбарӣ ва ҳайати КМИР ба вуҷуд биояд. Ба ҳар ҳол, аз сӯи дигар, аҳзоби сиёсӣ ҳамчунон омодаи баргузории анҷуманҳои худ шудаанд ва таърихи баргузории анҷуманҳо ҳам таъйин шудааст. Анҷуманҳое, ки рӯйхати номзадҳои аҳзобро ба ҳавазаи воҳиди интихоботӣ муаррифӣ хоҳанд кард.
Рӯзҳои 19-20 ва 26-27-уми декабр таърихи баргузории анҷуманҳои ҳашт ҳизби сиёсӣ таъйин шудааст. Бар асоси пешниҳоди Вазорати адлия, ҳашт ҳизб, ба шумули ҲХД, ҲК, ҲИИ, ҲА, ҲНИТ ва инчунин ҲД-и таҳти раҳбарии М. Собиров ва ҲС-и зери раҳбарии А. Ғаффоров, ҳаққи муаррифии номзадҳо ба ҳавзаи ягонаи интихоботиро доранд.
Ҳар ҳизби сиёсӣ ҳаққи пешниҳоди 22 номзад тавассути рӯйхати ҳизбӣ аз тариқи ҳавзаи ягонаи саросариро доранд. Вале то кунун фақат ду ҳизб эълон кардаанд, ки омодаанд аз ҳаққи комили худ истифода кунанд ва 22 нафарро дар ҳавзаи ҳизбӣ вакил кунанд - ҲНИ ва ҲХДТ. Аҳзоби дигар мегӯянд, чунин имкони молиеро надоранд. Зеро гаравпулӣ барои номзадӣ хеле гарон аст.
Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи ҲНИТ, мегӯяд, ҳизбаш бовар дорад, ки сади панҷдарсадиро убур хоҳад кард ва 22 номзадро пешниҳод мекунад. Вале Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ, мегӯяд, ҳизбаш микони пардохти гаравпулӣ барои 22 нафарро надорад. Ба ҳамин манзур, коммунистҳо аз қабл андешаи 22 номзадро дар руйхати ҳизбӣ дар сар намепарваранд.
Масъулини ҲСДТ низ, ки қарор аст, анҷумани худро дар рӯзи 20-уми декабр доир кунад, мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти молӣ ва имкони зиёди тақаллуб, ки шояд ин ҳизб натавонад раъйи ҷонибдоронашро ҳифз кунад, пешниҳоди афроди зиёдеро дар руйхати ҳизбӣ зарур намедонад. Вале боз ҳам анҷуман ҳаст, ки тасмими ниҳоиро хоҳад гирифт.
Масъуд Собиров, раиси ҲДТ, ки ҳанӯз бо ҷиноҳҳои мухолифи худ дар ҳизб барои таҳияи рӯйхати номзадҳо ба тавофуқ даст наёфтааст, ба ҳамкории ашхоси ғайри ҳизбӣ ва сармоядор умед дорад. Ва, мегӯяд ӯ, худи номзадҳо ҳам метавонанд дар ёфтани манобеъи молӣ ба ҳизб кӯмак кунанд.
Бар асоси қонуни Тоҷикистон, 22 вакили порлумон ё 35 дарсади он аз руйхати ҳавзаи ҳизбӣ интихоб хоҳанд шуд. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 63 вакил дорад, ки феълан аксари курсиҳои онро ҲХДТ, се курсиро ҳам ҲКТ ва ду курсиро ҲНИТ ба худ ихтисос додаанд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, эҳтимоли тағйири куллӣ дар ин таносуб заъиф аст. Вале ҳамзамон имкони ворид шудани намояндаи як ё ду намояндаи аҳзоби навтаъсисро низ баъид намедонанд.