Боздошти ҷавони тоҷик "ба хотири ишқ"

Қиссаи Мурод ва Нодира қиссаҳои Лайливу Маҷнун, Ширин ва Фарҳодро ба ёд меорад.

Ба иттилои нашрияҳои қирғизӣ, як шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишвар ба иттиҳоми одамрабоӣ боздошт шудааст.
Нашрияҳо менависанд, Мурод Ҷӯраев, донишҷӯи соли севвуми коллеҷи ҳавонавардии шаҳри Бишкек, бо як гурӯҳ ҳамдарсонаш Нодира ном духтари синфи даҳумро рабудааст. Гуфта мешавад, аъзои ин гурӯҳ низ аз ҷониби кормандони умури интизомӣ боздошт ва мавриди бозпурсӣ қарор гирифтанд. Ба навиштаи нашрияҳои Бишкек, аз гарав озод кардани Нодираи 16-соларо як гурӯҳи зудамали Вазорати корҳои дохила анҷом додааст.

Аммо зимни сӯҳбати бидуни микрофон Алтинбек Борбошев, муфаттиши ин қазия, иттилоъи нашрияҳои Бишкекро таъйид ё такзиб нанамуд. Вай фақат изҳор кард, ки Мурод Ҷӯраев дар ҳамин ҳол дар маҳалли бозпурсиҳои қаблии шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Бишкек ба сар мебарад. Ба гуфтаи ин афсар, агар одамрабоии Мурод Ҷӯраев тасдиқи худро ёбад, вай тибқи қонунгузориҳои Қирғизистон аз чаҳор то ба ҳашт соли ҳабс маҳкум хоҳад шуд.

Аз суханҳои таҳдидомези падару модари Нодира маълум шуд, ки Мурод Ҷӯраев қасдан ин амалро анҷом додааст ва бояд муҷозот шавад.

Ин дар ҳолест, ки сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бишкек мегӯяд, Мурод Ҷӯраев бидуни ҳеҷ асосу далел боздошт шудааст. Бино ба ин манбаъ, барои дар духтаррабоӣ гунаҳкор сохтан ва мавриди ҳабс қарор додани шаҳрванди ин кишвар далелҳои қотеъ вуҷуд надоранд.

Қодиршои Мурувват, ноиби раиси созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи Рӯдакӣ, гуфт, онҳо аз ҳодисаи одамрабоии як шаҳрванди Тоҷикистон огаҳ ҳастанд. Ба гуфтаи ӯ, ин духтарак ба хобгоҳи Мурод Ҷӯраев омадурафт мекардааст, вале таҳқиқи одилонаи ҳодиса нишон хоҳад дод, ки Мурод Ҷӯраев гунаҳкор ҳаст ё не.

Карим Ҷӯраев, падари Мурод, ки баъди шунидани боздошти писараш ба Бишкек омадааст, ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, хабар дошт, ки писараш як духтари турктаборро дӯст медорад. Ба гуфтаи Карим Ҷӯраев, асли воқеа ин тавр будааст: Вақте падару модари Нодира хостаанд, вайро ба ҷавони дигар диҳанд, Нодира аз хонаашон фирор карда, назди писари ӯ омадааст ва он ҷо паноҳ бурдааст. Духтарак ба Мурод гуфтааст, ки агар вайро ба хонааш роҳ надиҳад, намедонад, ки ба куҷо равад. Нодира илова кардааст, ки ба номзаде, ки падару модараш ӯро доданианд, издивоҷ нахоҳад кард. Нодира баъдан ба падару модараш занг зада гуфтааст, ки дар хонаи яке аз дӯстонаш ба сар мебарад онҳо аз ӯ нигарон набошанд.

Падари Мурод мегӯяд, гуноҳи писараш ин аст, ки Нодираро дӯст доштааст ва Нодира ҳам вайро дӯст доштааст. Вакили мудофеъи Мурод Ҷӯраев гуфт, талош ба харҷ хоҳад дод, ки бегуноҳии нафари таҳти ҳимояташро собит намояд.