Бо ширкати Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон ва Ҳу Ҷинтао раиси Ҷумҳурии мардумии Чин шанбеи 12 декабр дар Остона маросими ифтитоҳи қисмати қазоқистонии хатти лӯлаи гози «Туркманистон --Ӯзбакистон --Қазоқистон ва Чин» баргузор гардид.
Дар ин маросим сарвари Қазоқистон гуфт, «тавассути ин тарҳи сохтмони бузург гӯё Роҳи бостонии Абрешим барқарор гардида, он дӯстиву ҳамкории чаҳор кишварро, ки узви созмони ҳамкории Шонгҳой ҳастанд, таъмин мекунад.
Назарбоев таъкид кард, ки ин тарҳ барои ҳамаи ин кишварҳо судбахш ва дорои дурнамои стротежист.Арзиши тарҳ 6,7 миллиарддоллари ИМА буда,он интиқоли гози табииро аз Туркманистон ба Чин тавассути марзи Қазоқистон таъмин месозад.
Дарозии ин лӯлаи гоз 1300 километр буда, он мувофиқи тарҳ соле 30 миллиард мукааб метр гозро интиқол медиҳад ва имкон дорад, қудрати интиқоли гоз тавассути ин хатт дар оянда ба 40 миллиард мукааабметр бирасад. Ҳамчунин ин тарҳ имкон медиҳад, ки шабакаҳои нави интиқоли гоз ба вилоятҳои Ҷамбул, Қазоқистони ҷанубӣ ва Алмаато ба вуҷуд оварда шавад.
Дар ҷараёни сафари Ҳу Ҷинтао ба Қазоқистон ҳамчунин ӯ бо ҳамтои қазоқистониаш Нурсултон Назарбоев масоили ҳамкории ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сарвари Чин баъди Қазоқистон, дар назар аст, ба ҷумҳурии Туркманистон сафар намояд ва вай ҳамроҳ бо се раиси ҷумҳури кишварҳои Осиёи Марказӣ-- Туркманистон , Қазоқистон ва Ӯзбакистон дар мароситми ифтитоҳи хатти умумии интиқоли гоз аз Туркманистон ба Чин ширкат хоҳад кард.
Арзиши умумии ин хатти лӯлаи гоз анқариб 20 миллиард доллар аст. Ағлаби коршиносону аҳли назар чунин меҳисобанд, ки Чин бо чунин тарҳҳои бузург ва сармоягузории бештар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар минтақа мавқеи устувортареро касб кардан дорад .вале чунин ҷои пойи бештар пайдо кардани ин бузургкишварро дар минтақа аз ҷумла дар Қазоқистон аҳли назар чун хатаре ба амнияти минтақа ва ин кишварҳо талаққӣ мекунанд.
Чунончӣ, чанде пеш дар ҳамоиши сармоягузорони хориҷӣ дар Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз онҳо даъват кард, ки барои рушди кишоварзӣ сармоягузорӣ намоянд ва ба таври мисол сарвари Қазоқистон гуфт, ки ҷумҳурии Чин аз онҳо дархост кардааст, ки 1 миллион гектар заминро барои кишти маҳсулоти кишоварзӣ ба иҷора диҳанд.
Ин хабар, ки алъон натиҷааш маълум нест, бархе аз рӯшанфикрони қазоқро нигарон кард ва онҳо чун нишони эътироз ҷумъаи 11 декабр, як рӯз қабл аз сафари сарвари Чин ба Қазоқистон ба назди консулгарии Чин дар Алмаато ҳозир шуданд, то номаи эътирозиашонро биспоранд.
Яке аз этирозгарон Гулҷон Эргалиева-- сардабири нашрияи «Свобода слова» гуфт, ки онҳо ба чунин пешниҳоди Чин дар бораи ба иҷора гирифтани замини кишварашон комилан мухолифанд. Вале ҳамзамон таъкид кард, ки онҳо намегӯянд, ки аллакай раиси ҷумҳури Қазоқистон ба ин пешниҳод розигиии хешро додаст ва алъон расман чунин эълон нашудааст, аммо пешниҳоди Ҷумҳурии Мардумии Чинро бояд рад кард.
Вале ба назди эътирозгарон касе аз масъулини консулгарӣ набаромад ва чунин амалкарди намояндагии Чинро Рисбек Сарсенбойулӣ --яке аз фаъолони мухолифин ва сардабири нашрияи «Жас алаш» беэҳтиромӣ нисбат ба онон яъне шаҳрвандони Қазоқистон донист. Оқои ссарсенбой ули гуфт, мо ба назди онон ба меҳмонӣ не, балки барои он омадем, ки нигаронии хешро аз сарнавишта замини кишварамон баён кунем,
Тавре ҷамъомадагон ва намояндагони мухолифину рӯшанфикрони кишвар гуфтанд, онон кӯшиш хоҳанд кард, ки чунин мақсадҳои Қазоқистон дар масъалаи ба иҷора додани замини кишвар амалӣ нагардад, зеро ин ба амнияти кишварашон хатар дорад, Аз ҷумла Мурод Авезов-- сиёсатмадор ва сафири собиқи Қазоқистон дар ҷумҳурии Чин гуфтааст, ки зери хостаи Чин ҷиҳати баҳрабардорӣ аз замини Қазоқистон хатари ба мустамлика табдил додани кишварашон ниҳон аст.
Назарбоев таъкид кард, ки ин тарҳ барои ҳамаи ин кишварҳо судбахш ва дорои дурнамои стротежист.Арзиши тарҳ 6,7 миллиард
Дар ҳамоиши сармоягузорони хориҷӣ дар Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз онҳо даъват кард, ки барои рушди кишоварзӣ сармоягузорӣ намоянд ва ба таври мисол сарвари Қазоқистон гуфт, ки ҷумҳурии Чин аз онҳо дархост кардааст, ки 1 миллион гектар заминро барои кишти маҳсулоти кишоварзӣ ба иҷора диҳанд...