Мақомоти Тоҷикистон нашри пораҳои ҷудогона аз сӯҳбати президент Раҳмон бо хабарнигорони маҳаллиро аз сӯи бархе аз расонаҳои Русия як иқдоми ҳангомабарангез ва таҳрифшуда унвон карданд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, се рӯз пеш тӯли беш аз панҷ соат бо хабарнигорони расонаҳои дохилӣ дидор ва мулоқот анҷом дод. Ба дунболи ин дидор, қисмате аз сӯҳбатҳои президент, бавижа изҳори назарҳои ӯ дар мавриди муносиботи Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар бархе аз расонаҳои Русия бозтоби густарда касб кардааст.
Давлат Назриев, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, инъикоси ҷараёни мулоқоти президент бо доираи хабарнигорони тоҷик дар расона ва сайтҳои русӣ воқеият надорад ва таҳриф шудааст. Оқои Назрӣ гуфт, дар ин мулоқот раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди бархе аз масъалаҳои муҳимми имрӯзаи кишвар, аз ҷумла, амнияти энергетикӣ ва ғизоӣ сӯҳбат кардааст. Аммо расонаҳои русӣ бо ҳадафи эҷоди ихлол дар равобити Тоҷикистон ва Ӯзбакистон моҳият ва мазмуни гуфтаҳои раисҷумҳурро барғалат маънидод кардаанд.
Бар пояи матолиби расонаҳои русӣ, дар мулоқот бо хабарнигорони дохилӣ президент Раҳмон гуё аз баҳсҳои тунди худ бо Ислом Каримов ёдовар шудааст ва ӯро ба пешбурди сиёсати зиддитоҷикӣ муттаҳам кардааст. Як нуктаи дигар, ки аз сӯҳбати президент бо хабарнигорони тоҷик рӯи сафаҳоти расонаҳои русӣ рехт, баҳсҳои марзии президентони Тоҷикистон бо Узбакистон будааст. Нашрияҳои чопи русӣ бо дарҷи чунин матолиб ҳамчунин ҳадс мезананд, ки ошкоргӯии Раҳмон дар мулоқот тахминӣ набуд ва ҳадафи муайян дошт. Нашрияҳои русӣ ҳамчунин сӯҳбати ошкори Раҳмон бо хабарнигоронро ба пуштибонии қавии Амрико аз Тоҷикистон рабт додаанд ва гуфтаанд, барои тақвияти мавқеъи худ дар Осиёи Марказӣ, Амрико Тоҷикистонро шарик интихоб кардааст.
Бархе аз таҳлилгарони тоҷик низ бар ин боваранд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳузури беш аз даҳҳо рӯзноманигор ин ҳарфҳоро носанҷида ва тахминӣ нагуфтааст. Зеро, Узбакистон бо ҳар роҳу васила ба барномаҳои стратегии давлати Тоҷикистон мухолифат нишон медиҳад. Аммо бархе аз рӯзноманигорони тоҷик, ки дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон иштирок доштанд, мегӯянд, он чизе, ки расонаҳои русӣ навиштаанд, таҳриф шудааст. Зафар Абдуллоев, сардабири Оҷонси иттилоотии «Авасто», аз ширкатдорони мулоқот бо президент, гуфт, ӯ дар ҳайрат аст, ки чӣ гуна метавон ҳарфҳоеро навишт, ки аслан гуфта нашудааст.
Ин нахустин вокуниши мақомоти Тоҷикистон ба чопи матолиб ва гузоришҳои расонаҳои русӣ нест, ки садо медиҳад. Қаблан, низ мақомоти Тоҷикистон расонаҳои русиро дар тирагии равобити миёни Тоҷикистон ва Русия муттаҳам мекарданд. Аммо, чуноне мушоҳида мешавад, мақомот ин навбат расонаҳои русиро дар эҷоди халал миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон айбдор мекунанд.