Аз ҳар даҳ ҷуфти нав, ки дар Русия оила бунёд кардаанд, як нафараш тоҷик будааст. Яъне чунин хулоса ҳосил мешавад, ки муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар миёни арӯсони Русия аз маҳбубияти хоса бархӯрдор мебошанд.
Ба иттилои Вазорати адлияи Русия, танҳо дар нимаи аввали соли 2009 дар ин кишвар наздики сеюним ҳазор издивоҷи расмии шаҳрвандони Русия бо тоҷикон ба қайд гирифта шудааст. Бештар аз ҷавонмардони тоҷик арӯсони рус танҳо укроиниҳо ва арманиҳоро дӯст медоштаанд.
Ва аммо дар маҷмӯъ дар Русия то нимаи аввали соли равон беш аз 29 ҳазор ҷуфт оилаи омехта барпо кардаанд, ки беш аз даҳ дарсади чунин оилаҳо аз ҷониби тоҷикон бунёд шудаанд.
Маъруф Шарифов, муовини раиси ҷамъияти тоҷикони минтақаи Краснодар, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ин арқоми расмии ҳукумати Русия сиҳҳат дорад ва то охири соли равон шумори оилаҳои тоҷикӣ-русӣ метавонад як баробар бештар шавад.
“Дар водии Краснодар ин гуна мисолҳо зиёданд ва хеле зиёд ҳам шуда метавонанд. Баъзеҳо бо талаби замон ба болои ҳамсарони тоҷики худ ба Русия омада боз ҳам оиладор мешаванд, баъзеҳо аз рӯйи муҳаббат ва барои иқомати доимӣ…”
Ин ҳам дар ҳолест, ки Алии Қурбон, муҳоҷири собиқи корӣ, мегӯяд, беш аз нисфи чунин оилаҳо танҳо бо ғарази дарёфти шиноснома ва шаҳрвандии Русия барпо мешаванд.
Оқои Қурбон, ки худ ҳам дар гузашта чунин таҷриба доштааст, мегӯяд: “Азбаски гирифтани шаҳрвандии Русия як роҳи осон дорад – оила барпо кардан бо шаҳрванди рус, бисёриҳо аз ин истифода мекунанд. Асосан мардикорон барои ин ки дар Русия кори хубтар ёбанд ва депортатсия нашаванд, озод гаштугузор кунанд ва милиса ҳам чизе гуфта натавонад, пеш аз муҳоҷират аз ҳамсарони худ рамзан ҷудо мешаванд ва ба Русия омада, хонумҳои русро ба никоҳ медароранд. Баъзе аз хонумҳо барои ин пул мегиранд, 400-500 доллар мегиранд барои издивоҷи сохта. Лекин ҷавонони мо бо онҳо зиндагии муштарак намекунанд…”
Ва аммо бархе аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки солҳои мадид дар Русия будубош доранд, мегӯянд, натанҳо барои шаҳрвандӣ гирифтан бо бонувони рус оила сохтаанд, балки ишқ онҳоро ба пайвастан таҳрик додааст. Хуршед, тоҷике, ки 7 соли ахир дар Русия ба сар мебарад, дар пайи ҳамзистӣ бо зани рус соҳиби фарзанд шудааст.
Вай мегӯяд, сарфи назар аз норозигии волидонаш, бо духтари рус аз рӯйи муҳаббат оиладор шудаааст: “Воқеан, меҳру муҳаббат.Модари духтари ман Анна аслан одатҳои бад надошт, мисли бисёре аз духтарони шаҳрҳои калон сигору машрубот наменӯшид ва духтари оддӣ буд, ки бо ин ба ман маъқул шуд. Аслан одам вақта берои мӯҳлатҳои калон ба мамлакати бегона меравад, эҳсоси хонадорӣ дар вай зиёд мешавад, мехоҳад оила дошта бошад, муҳити хонаводаро ҳис кунад. Ва сабаби дигар ин ки худи духтарони русро ҷавонони ҳузарбу зоҳиран зебо ва ҳадафдори тоҷик ҷалб мекунанд. Азбаски шумори ҷавонони рус кам шуда истодааст, бештар моил ба майнӯшиву нашъа ва дигар одатҳои бад ҳастанд, бонувон барои ба истилоҳ, “донор”-и хуб ёфтан барои фарзанддор шудан бо ҳамин муҳоҷирон унс мегиранд…”
Бад-ин минвол, муҳоҷирати корӣ агар як манбаъи аслии даромади бисёре аз хонаводаҳои тоҷик маҳсуб мегардад, яке аз иллатҳои асосии азҳампошии оилаҳо низ мебошад.
Гулҷаҳон, як сокини ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, мегӯяд, ҳамсараш дар чанд соли қабл бо ҳадафи мардикорӣ ба Русия рафта, аммо дар он кишвар бо зани рус дубора оила барпо кардааст. Гулҷаҳон меафзояд: “Шавҳвари ман се сол шуд, ки дар шаҳрҳои Русия зани рус гирифта ва ҳоло тибқи овозаҳои шунидаам, ду фарзанд дорад. Мо ҳам бо вай ду фарзанд дорем, аммо моро саробонӣ намекунад, ба хона наомадааст чанд соли ахир. Магар беҳтар нест, ки биёяд ба ватан, ба хона ва фарзандони худашро саробонӣ кунад. Ақаллан бароямон кӯмакпулӣ фиристад. Зиндагӣ мушкил аст, ман худам бори рӯзгордориро мекашам…”
Хонуми Гулҷаҳон ҳоло ба ҷуз аз фаррошӣ дар мактаб, ба кишоварзӣ машғул аст, то бо дарёфти пайсаи бештар фарзандонашро танҳо ба воя расонад. Зеро дигар ба кӯмаки молӣ ё баргашти ҳамсараш аз Русия эътимоди қавӣ надорад.
Дар ҳамин ҳол, Маърифат Навкарова, мудири шӯъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Қӯрғонтеппа, мегӯяд, дар натиҷаи он ки одамон, аз ҷумла зану шавҳар барои солҳо аз ҳам дур ва ҷудо зиндагӣ мекунанд, муносиботи миёни онҳо ба сардӣ гаравида, эҳсоси масъулиятшиносӣ ва хонадорӣ камтар мешавад. Ва ин ҳама сабабҳои аслии вайроншавии оилаҳо мебошад: “То ҳол барои қайди расмии никоҳ волидон ҷавонро ба назди мо меоранд ва мегӯянд, ки баъди ЗАГС бачаам ба Русия меравад. Ҷавонон мераванд мардикорӣ, пул ҷамъ мекунанду омада тӯй мегузаронанд, танзим мегӯем, аммо ҳама пулашро барои маъракаҳои зиёд харҷ карда, қарздор ҳам мешавад. Зан мегирад ва боз меравад ба муҳоҷират. Акнун бубинед, вақте ки Худованд дар таҳи чодари арӯсӣ аз ҳамон рӯзи аввал миёни ҷавонон як қатра меҳр пайдо мекунад. Аммо агар ҷавон 40 рӯз нашуда, биравад Русия чӣ мешавад? Дар миён баргардад, ки кӯдакдор шуда ва кӯдакаш дар гаҳвора соска мемакад, боз як бор рафта баргардад аз Русия, ки фарзандаш дар сари замин аллакай кетман мезанад, аз куҷо ин меҳр бисабзаду оила мустаҳкам шавад?”
Ба гуфтаи хонум Навкарова, ҳар моҳ дар Қӯрғонтеппа ба ҳисоби миёна то даҳ ҷуфт барои буридани никоҳашон дархост медодаанд, ки сабаби асосии ин тасмимҳо мустақим ё ғайримустақим ба муҳоҷирати кории мардон рабт доштааст.
Ин ҳама дар ҳолест, ки дар пайи муҳоҷирати садҳо ҳазор ҷавони синни никоҳӣ ба Русия ва кишварҳои дигар, шумори занон дар Тоҷикистон дар қиёс бо мардон хеле бештар шудааст. Шояд ҳамин тамоюли бо шаҳрвандони Русия оила сохтани муҳоҷирони тоҷик аст, ки дар Тоҷикистон ҳам мизони никоҳҳои омехта афзоиш ёфтааст.
Дар зарфи нӯҳ моҳи аввали соли 2009 танҳо шӯъбаи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Душанбе никоҳи 80 шаҳрванди Тоҷикистон, ғолибан ҷавондухтаронро бо хориҷиён ба расмият даровардааст.
Духтарони тоҷик бештар арӯси шаҳрвандони Афғонистон, Эрон ва Туркия мешудаанд. Аммо солҳои ахир шумори домодҳои аврупоӣ, амрикоӣ ва аз мамолики араб ҳам кам набудааст. Наварӯсон, ки дар аксари маворид хеле ҷавонтар аз домодҳои хориҷӣ будаанд, бештар бо ҳадафи беҳсозии вазъи иҷтимоӣ ва зиндагӣ дар хориҷа шавҳар мекардаанд.
Азбаски гирифтани шаҳрвандии Русия як роҳи осон дорад – оила барпо кардан бо шаҳрванди рус, бисёриҳо аз ин истифода мекунанд...
Ва аммо дар маҷмӯъ дар Русия то нимаи аввали соли равон беш аз 29 ҳазор ҷуфт оилаи омехта барпо кардаанд, ки беш аз даҳ дарсади чунин оилаҳо аз ҷониби тоҷикон бунёд шудаанд.
Маъруф Шарифов, муовини раиси ҷамъияти тоҷикони минтақаи Краснодар, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ин арқоми расмии ҳукумати Русия сиҳҳат дорад ва то охири соли равон шумори оилаҳои тоҷикӣ-русӣ метавонад як баробар бештар шавад.
“Дар водии Краснодар ин гуна мисолҳо зиёданд ва хеле зиёд ҳам шуда метавонанд. Баъзеҳо бо талаби замон ба болои ҳамсарони тоҷики худ ба Русия омада боз ҳам оиладор мешаванд, баъзеҳо аз рӯйи муҳаббат ва барои иқомати доимӣ…”
Ин ҳам дар ҳолест, ки Алии Қурбон, муҳоҷири собиқи корӣ, мегӯяд, беш аз нисфи чунин оилаҳо танҳо бо ғарази дарёфти шиноснома ва шаҳрвандии Русия барпо мешаванд.
Оқои Қурбон, ки худ ҳам дар гузашта чунин таҷриба доштааст, мегӯяд: “Азбаски гирифтани шаҳрвандии Русия як роҳи осон дорад – оила барпо кардан бо шаҳрванди рус, бисёриҳо аз ин истифода мекунанд. Асосан мардикорон барои ин ки дар Русия кори хубтар ёбанд ва депортатсия нашаванд, озод гаштугузор кунанд ва милиса ҳам чизе гуфта натавонад, пеш аз муҳоҷират аз ҳамсарони худ рамзан ҷудо мешаванд ва ба Русия омада, хонумҳои русро ба никоҳ медароранд. Баъзе аз хонумҳо барои ин пул мегиранд, 400-500 доллар мегиранд барои издивоҷи сохта. Лекин ҷавонони мо бо онҳо зиндагии муштарак намекунанд…”
Ва аммо бархе аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки солҳои мадид дар Русия будубош доранд, мегӯянд, натанҳо барои шаҳрвандӣ гирифтан бо бонувони рус оила сохтаанд, балки ишқ онҳоро ба пайвастан таҳрик додааст. Хуршед, тоҷике, ки 7 соли ахир дар Русия ба сар мебарад, дар пайи ҳамзистӣ бо зани рус соҳиби фарзанд шудааст.
Вай мегӯяд, сарфи назар аз норозигии волидонаш, бо духтари рус аз рӯйи муҳаббат оиладор шудаааст: “Воқеан, меҳру муҳаббат.
Шавҳвари ман се сол шуд, ки дар шаҳрҳои Русия зани рус гирифта ва ҳоло тибқи овозаҳои шунидаам, ду фарзанд дорад. Мо ҳам бо вай ду фарзанд дорем, аммо моро саробонӣ намекунад...