Бо фармони Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон, Амонгелдӣ Шабдарбоев, раиси Кумитаи амнияти миллии кишвар аз мансаб барканор ва ба маснади мушовири раисчумҳур таъин шуд. Ҷои Шабдарбоевро Одил Шоаҳмадов, муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон гирифт ва номзадии ӯро сенати Қазоқистон пазируфт.
Коршиносон ва аҳли назар аз вазифаи раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон барканор гардидани Шабдарбоевро ба моҷароҳое, ки атрофи фаъолияти ин ниҳоди қудратӣ вақтҳои ахир ба миён омада буд, марбут медонанд. Моҷарои аввал ин аст, ки Додситонии кул 2-юми декабр гурӯҳи кормандони Кумитаи амнияти миллии кишварро ба он мутттаҳам кард, ки онҳо дар мавриди Ойдин Жантелеев, муовини раиси пулиси молии вилояти Алмаато, ки ба қочоқи маводи мухаддир муттаҳам гардида буд, хилофи қонун бархурд карданд. Моҷарои дуюм ба бозпурсиии Мухтор Ҷакишев, раиси пешини ширкати миллии «Казатомпром» аз ҷониби кормандони Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон бастагӣ дорад. Ба таъкиди аҳли назар, чун ин иттиҳомот алайҳи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дастраси мардум гардид, сару садоҳо дар масъалаи барканор кардани Амонгелдӣ Шабдарбоев аз мансаби раиси ин ниҳоди қудратӣ бештар гардид.
Амонгелдӣ Шабдарбоев аз ҳамдиёрони Нурсултон Назарбоев аст. Вай дар даврони Шӯравӣ ҷондори Динмухаммад Қунаев, котиби якуми Ҳизби коммунисти Қазоқистон буд. Вале баъди аз сари қудрат рафтани Қунаев, Шабдарбоев низ соли 1986 аз Кумитаи амнияти миллии Қазокистон хориҷ карда шуд ва танҳо баъди ба мансаб расидани Назарбоев боз ба кори амнияти кишвар ҷалб карда шуд. Дар солҳои истиқлол вай яке аз чеҳраҳои калидии ин ниҳод буд. Ӯ соли 2002 раиси хадамоти ҳифзи раисҷумҳур ва соли 2006 раиси Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон гардид. Шабдарбоев он замон Нортай Дутбоевро, ки баъди моҷарои марбут ба рабудани Олтинбек Сарсенбоев, яке аз сарварони мухолифон ва ду ёвари вай ва кушта шудани онон аз мансаб барканор гардида буд, иваз кард.
Ҳарчанд, ағлаби аҳли назар ва коршиносон истеъфои Шабдарбоевро марбут ба фаъолияти Кумитаи амнияти миллии кишвар арзёбӣ мекунанд, вале Одил Шоаҳмадов, раиси нави ин ниҳоди амниятӣ ба ин назарҳо мувофиқ нест ва истеъфои ӯро ба моҷароҳои атрофи ин ниҳод ва аз ҷумла боздошти корманди пулиси молӣ марбут намедонад. Ин нуктаро оқои Шоаҳмадов баъди ҷаласаи сенат, ки дар он номзадии вай ба мансаби раиси Кумитаи амнияти миллии кишвар таъйид гардид, баён намуд.