Шаҳрванди Афғонистон дар Қирғизистон боздошт шуд

Пулиси шаҳри Ӯши Қирғизистон Муҳаммадамон Ғулом-шаҳрванди Афғонистонро дар Қирғизистон боздошт кардааст, ки бино ба гузоришҳо, бо худ 6 килограмм ҳероин доштааст. Сухангӯи пулиси шаҳри Ӯш гуфтааст, ин шаҳрванди Афғонистон дар донишгоҳи Тошканд таҳсил кардааст ва ҳамакнун солҳост дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сар мебарад.