Додгоҳи Қонуни асосӣ даъвои ҲНИТ-ро рад кард

Талоши ҲНИТ барои ба порлумон ворид кардани Муҳаммадалии Ҳайит (дар акс) ба ҷойи муҳаммадшариф Ҳимматзода ноком анҷом ёфт.

Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон ҳукми Додгоҳи олии ин кишварро дар робита ба шикояти ҲНИТ бидуни тағйир гузошт.
Ин ҳукми Додгоҳи Қонуни асосӣ дари ҳайати кунунии Маҷлиси намояндагонро ба рӯи намояндаи ҲНИТ Mуҳаммадалии Ҳайит ба таври бебозгашт баст.

Маҳкам Маҳмудов, раиси Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон бо эълони қарори ин додгоҳ гуфт: «Мурофиа оид ба муайян намудани мутобиқати қарори КМИР бинобар ба салоҳияти Додгоҳи Қонуни асосӣ мансуб набуданаш қатъ карда шуд. Қарор қатъӣ буда, аз рӯи он шикоят овардан мумкин нест ва аз рӯзи қабулаш эътибор пайдо мекунад».

Моҳи марти соли ҷорӣ Муҳаммадшариф Ҳимматзода аз ваколати хеш даст кашид. ҲНИТ ба ҷойи ӯ Муҳаммадалии Ҳайитро, ки дар феҳристи интихоботии ҳизб дар ҷойи саввум буд, ба парлумон ворид карданӣ шуд. Аммо КМИР ба ин далел, ки то интихоботи порлумонӣ камтар аз 1 сол боқӣ мондааст, пазируфтани оқои Ҳайитро ба узвияти парлумон рад кард. ҲНИТ ба дунбол ба Додгоҳи олӣ шикоят бурд, ки ин ниҳод низ аз КМИР пуштибонӣ кард. Дар ниҳоят қазия ба Додгоҳи Қонуни асосӣ кашонида шуд, ки он ҳам корро ба фоидаи Ҳизби наҳзати исломӣ ҳал накард.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, аз ҳалномаи Додгоҳи Қонуни асосӣ интиқод кард ва гуфт, ҳизбаш дар чаҳорчӯби қонунгузории кишвар барои ба даст овардани ҳуқуқи хеш ва таъмини адолат ҳамчунон талош хоҳад кард. Ҷаноби Кабирӣ гуфт: «Дар оянда ҳам ҳамин гуна ҳолатҳо пеш ояд, агар як соат монда бошад ҳам, мо аз ҳаққи худ дифоъ хоҳем кард.»

Муҳиддин Кабирӣ дар поёни мурофиа гуфт, додгоҳ зери назорати ҳокимияти иҷроия ҳукм содир кард.

Аммо Маҳкам Маҳмудов, раиси Додгоҳи Қонуни асосӣ мегӯяд, Додгоҳи олӣ бо такя ба асноди Маҷлиси намоядагон даъвои ҲНИТ-ро рад кардааст. Маҳмадалӣ Ватанов, намояндаи ваколатдори Маҷлиси намояндагон дар мурофиа, гуфт: «Аслан, мувофиқи қонун дар умум, яъне, дар ҷаласаи Маҷлиси намоядагон бояд тафсир дода шавад. Он протоколе, ки аз тарафи Кумитаи Маҷлиси намоядагон ба ҲНИТ фиристода шудааст, инро ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқӣ эътироф кардан душвор аст.»

Муҳибулло Додоҷонов, раиси дастгоҳи КМИР, гуфт, номзади пешниҳодии ҲНИТ дар асоси қонун дар бораи интихобот ба парлумон ворид карда нашуд. Оқои Додоҷонов дар посух ба суоли Муҳиддин Кабирӣ дар рафти мурофиа гуфт, «ақидаҳои шумо аст, шумо қонунро ҳамин хел мефаҳмед, лекин ман Қонуни асосиро чӣ хеле ки ҳаст, ҳамон тавр мефаҳмам. Талаботи банди чаҳоруми Қонуни асосии кишвар ба ҳамаи бандҳои боло дахл дорад».

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, дар рафти мурофиа гуфт, ҳарчанд ба фаъолияти парлумони навбатӣ ҳамагӣ ду моҳи дигар боқӣ мондааст, ҲНИТ ба хотири таҳкими волоияти қонун ва таъмини адолат талош кард. Пешвои ҲНИТ изҳори таассуф кард, ки ҳама ниҳодҳои давлатӣ дар нисбат ба ин ҳизб мавқеи яксон доранд.