Маркази журналистикаи изтирории Русия барандаи ҷоизаи байнулмилалии “Шаҳри Сиена – Иттилоъ, амният ва озодӣ”эълон шуд. Ин ҷоиза аз соли 2000 ба ин сӯ барои саҳми бузург дар бахши дифоъ аз озодии баён дар кишварҳои гуногун супурда мешавад.
Ба Маркази журналистикаи изтирории Русия хабарнигори тоҷикистонӣ Олег Панфилов сарварӣ мекунад.
Дар як сӯҳбати телефонӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ Олег Панфилов гуфт, ки “ин ҷоизаи як созмони хабарнигории Италия, созмони шомил ба Иттиҳодияи хабарнигорони Италия аст ва нӯҳ сол боз асосан ба хабарнигорони кишварҳое эҳто мешавад, ки он ҷо қонуншиканиҳои зиёди марбут ба нақзи ҳуқуқи хабарнигорон сабт шудааст ва онҳо асосан кишварҳои ба истилоҳ “ҷаҳони саввум”-анд. Бигирем, соли гузашта ин ҷоиза ба хабарнигорон аз Афғонистон супурда шуда буд. Имсол тасмим гирифта шуд, ки ин ҷоиза ба созмони хабарнигории Русия, яъне ба Маркази журналистикаи изтирории мо эҳто шавад ва ин маҷозӣ ҳам ҳаст, яъне ба ин васила италиявиҳо Русияро ба сафи кишварҳое шомил карданд, ки ҳуқуқҳои хабарнигорон ба таври ҷиддӣ поймол мешавад. Ин ҷоизаи молӣ нест, балки бештар ҷоизаи ифтихорист. Ба баранда пайкара ё ҳайкалчае супурда мешавад, ки офаридаи рассоми маъруф аз Флоренсия Паблосакӣ мебошад ва дар он зану кабутар таҷассум ёфтаанд."
Радиои Озодӣ: Олег, бигӯед, ки ин ҷоиза барои матолиби оид ба дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорон нашршуда супурда мешавад ваё барои фаъолияти созмони хабарнигорӣ...
Олег Панфилов: На, ин ҷоиза ба нашри матолиб робитае надорад ва бештар барои фаъолияти созмоне эҳто мешавад, ки барои ҳуқуқҳои хабарнигорон мубориза мебарад ва аллакай дар ҷаҳон маъруф шудааст. Лоиқ донистани мо бо ин ҷоиза марбут ба он аст, ки солҳои ахир дар Русия чандин ҷиноёти сангин алайҳи хабарнигорон содир шудааст, чанд хабарнигор кушта ва иддае ба зиндон андохта шуданд. Ва ин боз як талошест барои тавассути ин ҷоиза ҷалб кардани таваҷҷуҳ ба вазъи хабарнигорон дар Русия.
Радиои Озодӣ: Ва аммо, тавре медонем, Маркази шумо на фақат вазъи хабарнигорону расонаҳои хабарӣ дар Русияро мавриди пажуҳиш қарор медиҳад...
Олег Панфилов: Аслан ин ҷоиза барои фаъолияти созмон ва ба он хотир эҳто шудааст, ки Маркази мо на фақат дар Русия, балки дар қаламрави собиқи шӯравӣ ҳам фаъолият мекунад, ва ҳамчунин вазъи хабарнигорон дар Куба, Муғулистон ва дигар кишварҳоро ҳам таҳти назорат дорад, яъне, созмони мо барои ҳамин фаъолияташ ба ин ҷоиза мушарраф шудааст.