Масъалаи тағйири ҷаҳонии иқлим ва гармшавии сайёра дар зеҳни мардуми Тоҷикистон андешаҳои мухталиферо ба бор овардааст.
Бархе ин мушкилро як навъ ҳангома медонанд, вале бархи дигар тағйири иқлим ва гармшавии ҷаҳонро аз мушкилоти умда ва хатарзотарин барои дунё ва ҳам Тоҷикистон талаққӣ мекунанд.
Рустам Қаландаров як сокини Душанбе бо изҳори нигаронӣ гармои беш аз ҳадди фаслҳои гармо ва сардиҳои бесобиқа дар фаслҳои зимистон ва ҳамин тавр, обшавии пиряхҳову кам шудани ҳосили заминҳои кишт дар водии Вахшро аз нишонаҳои тағйири иқлим дар Тоҷикистон медонад: «Шахсан худи ман мушоҳида кардаам,ки ҳосилдиҳии заминҳо дар водии Вахш ду баробар камтар шудааст. Чашмаҳои кӯҳистон хушк шудаанд. Дарахтон хушк мешаванд, ҳамаи ин нишонаи тағйири иқлим аст.»
Аммо намояндагони мақомоти расмии ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мегӯянд, масъалаи гармоиши саросарӣ ва тағйири иқлим, ҳамеша дар мадди назари давлату ҳукумат қарор дорад ва дар ин самт корҳои мушаххасе анҷом дода мешаванд.
Каримҷон Абдуалимов, муовини мудири раёсати ҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: «Ин масъала ҳамеша дар мадди назари ҳукумат ва мақомоти марбута қарор дорад, зеро пешгуӣ мешавад, ки дар оянда ҳарорат боз ҳам гармтар хоҳад шуд. Ва обшавии пиряхҳо ва болоравии сатҳи об дар баҳорҳо бештар мешавад. Яке аз роҳҳои то андозае пешгирӣ кардани ин сохтани нерӯгоҳҳои барқи обист, ки ин обҳо дуруст истифода шаванд.»
Ба гуфтаи мутахассисони соҳа аз ҳисоби бухорҳое, ки дар Тоҷикистон ба ҳаво партоб мешванд, 83 дар садро нақлиёт тавлид мекунад, ки дар муқоиса бо ҳаҷми газҳое, ки дар саросари ҷаҳон партоб мешаванд, ночиз аст. Ва дар робита ба фурӯши саҳми Тоҷикистон ба кишварҳои дигар, ягон созишномае то имрӯз ба тасвиб нарасидааст.
Нигарониҳои зистмуҳитии мақомоти Тоҷикистон бештар аз минтқаи кӯҳистони Бадахшон аст. Коршиносн изҳори нигаронӣ аз он доранд,ки тағйири иқлим обшавии зиёди пиряхҳо ва боришоти зиёд метавонад боиси болоравии об дар кӯли Сарез ва канда шудани сарбанди он гардад.
Таҳлилгарон ва коршиносони умури экологӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, аз ҳамоиши Копенҳаген интизориҳои зиёд доранд. Холназар Муҳаббатов, табиатшиноси тоҷик зимни ёдоварӣ аз таъсири тағйири иқлим ба табиати Тоҷикистон ва пайомадҳои он гуфт: «Ҳамоиши Копенҳаген бисёр муҳим аст ва шояд он тавонад тамоми кишварҳои абарқудратро сари ин масъала ба ифоқа орад ва аз пайи ҳалли ин мушкилот шаванд. Аммо дар Тоҷикистон он гуна корхонаҳои пуриқтидоре нест, ки газҳои зарарнокро ба ҳаво партоб кунад, вале набояд фаромӯш кард, ки пайомадҳои гармшавии саросарӣ кишварҳоро ҷудо намекунад, ки кӣ газ партоб кардаасту кӣ не.»
Оқои Муҳаббатов афзуд, агарчӣ Тоҷикистон корхонаи пуриқтидорӣ саноатӣ надорад ва теъдоди газҳои ба ҳаво партоб мекардаи он ночиз аст, аммо таъсири гармшавии саросарӣ ва тағйири иқлим ба табиати Тоҷикистонро намешавад кам дид ва ночиз номид, зеро ин тамоюл дар даҳсолаҳои оянда метавонад боиси мушкилоту зарари зиёде гардад.
Пайомадҳои гармшавии саросарӣ кишварҳоро ҷудо намекунад, ки кӣ газ партоб кардаасту кӣ не...