Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ахиран дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ таъкид кард, ки «фаъолияти мақомоти давлатӣ бояд мутобиқи қонун сурат гирад ва дахолат ба ҷараёни интихобот, ба қонуншиканӣ ва сохтакорӣ роҳ додан комилан манъ мебошад.»
Оқои Раҳмон афзуд, ӯ ҳамчун раҳбари кишвар «шахсан манфиатдори шаффоф гузаштани интихобот ва ба вакилӣ интихоб шудани беҳтарин фарзандони халқ аст», вале ба бовари раисҷумҳур, шаффофияти баргузории интихобот аз мавқеъи фаъоли худи мардум ва ҳизбҳои сиёсӣ низ сахт вобаста мебошад.
Аммо намояндагони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, ваъдаи раисҷумҳур шифоҳист ва дар қонуни интихобот дарҷ наёфтааст ва табъан ин сӯҳбатҳои Эмомалӣ Раҳмон наметавонад дасти мақомоти давлатиро аз дахолат дар умури интихобот кӯтоҳ кунад. Ба назари онҳо, беҳтар ин аст, ки заминаи дахолати мақомот дар масоили интихоботро ба таври решаӣ аз байн бубаранд, аз ҷумла тавассути аз ҳисоби намояндагони аҳзоби мухталиф ташкил кардани ҳайъати комиссияҳои интихоботӣ.
Субҳоналло Сафиаллоев, намояндаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, мегӯяд, дар интихоботи парлумонии соли 2005 назар ба интихоботи соли 2000-ум дасти дахолати мақомот камтар мушоҳида мешуд, вале як камбудии мавҷуда ҳамоно намояндагии нобаробари ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ буд, ки ҳанӯз ҳам побарҷост. «Ҳарчанд ҳизбҳои сиёсӣ, Сандуқи байнулмилалии низоми интихобот, КМИР барои даровардани тағийру иловаҳо ба қонун дар бораи интихобот кӯшиш намуданд, аммо на ҳукумат ва на парлумон ин талошҳоро ба инобат гирифтанд. Натиҷа ин шуд, ки боз бо ҳамон қонуни маҳдуд вориди интихобот шавем».
Шоҳдавлат Шоҳнусайриев, мудири бахши иттилоот ва таҳлили ҲСДТ ва раҳбари ситоди интихоботии он ҳизб дар интихоботи гузашта, мегӯяд, мақомоти давлатӣ ба ҷараёни интихоботи соли 2005 дахолати бевосита ва ошкор доштанд. Оқои Шоҳнусайриев, аз ҷумла, қазияи се номзади ин ҳизб - Файзиниссо Воҳидова, Низомиддин Бекмадов ва Насим Шукуровро ба ёд меорад, ки дар пешорӯи интихобот ба додгоҳ кашида шуданд.
Раҳматулло Раҷаб, раиси ситоди интихоботии ҲНИТ дар интихоботи соли 2005, низ мегӯяд, намояндагони ин ҳизб дар 4 соли пеш даҳҳо мавриди дахолати мақомоти қудратиро ошкор карданд ва ба КМИР шикоят бурданд. Аммо ин ниҳод ҳалли ин масоилро ба ӯҳдаи мақомот вогузор карда, посух додааст, ки ин низомиён бо дастури ҳамин мақомот дар ҳавзаҳо ҳузур доштанд. Ҳол он ки, меафзояд Раҳматулло Раҷаб, ин низомиён дар назди қуттиҳои раъйдиҳӣ аз интихобкунандагон мепурсиданд, ки ба тарафдории кадом номзад ва ҳизб раъй медиҳанд, ки ба бовари ӯ, як навъ дахолат ба рафти интихобот аст. «Мо дар ҳавзаи интихоботии Роҳатии ноҳияи Рудакӣ ин ҳолатро мушоҳида кардем. Ва ба комиссияи интихоботии ҳавза муроҷиат кардем. Он гуфтанд, ки милисаҳо ба хотири низому тартибот ҳузур доранд. Ҳол он ки дар асл ба интихобот назорат мекарданд, ки кӣ ба кӣ овоз медиҳад. Ҳатто дар ҳавзаи ноҳияи Сино милисаҳо мардума мепурсиданд, ки ба кӣ овоз додед».
Ба гуфти Раҳматулло Раҷаб, то вақте ки интихобот дар биноҳои ҳукуматӣ, аз қабили биноҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мактабҳо мегузарад, баъид аст, ки мақомот ба интихобот дахолат накунанд.
Раҷаби Мирзо, ки дар интихоботи соли 2005 ба ҳайси номзад ба вакилии порлумон аз ҲДТ ширкат дошт, мегӯяд, дар маҳалҳо кӯшиш мекунанд, ки ҳатман ба ҷараёни интихобот таъсир расонанд. Раҷаби Мирзо ба ин нукта ишора мекунад, ки раҳбарони маҳаллӣ ҳамзамон раҳбарони созмонҳои маҳаллии ҲХДТ мебошанд ва табъан манфиатдоранд, ки дар интихобот номзади ҳамин ҳизб баранда шавад. Эмомалӣ Раҳмон, ки ваъдаи дахолат накардани мақомоти давлатиро ба интихобот медиҳад, низ ҳамзамон раиси ҲХДТ аст, яъне, дар ин замина, ба эътиқоди Раҷаби Мирзо, бештар хислатҳои сиёсии масъала пеши рӯ меояд. «Сабаб ва омиле барои баргузор нашудани интихоботи ғайришаффоф вуҷуд надорад. Мо фазои бисёр шиддатноки пешазинтихоботиро эҳсос намекунем. Яъне, худи ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои ҷамъиятӣ нишон дод, ки тақрибан нерӯи халалворидкунанда ба ҷараёни интихобот ва ба иқдомҳои ҳукумати ҷумҳур вуҷуд надорад».
Ба эътиқоди намояндагони аҳзоби мухолиф, танҳо бо як ваъдаи баргузории интихоботи шаффофу одилона ва танҳо бо як ваъдаи гирифтани пеши роҳи дахолати мақомоти давлатӣ дар умури интихобот наметавон шаффофияти интихоботи моҳи февралро таъмин кард ва дари ин маъракаро ба рӯи дахолати мақомот, ба хусус дар маҳалҳо тамоман баст. Ба назари онҳо, бояд пеш аз ҳама ба ислоҳи омилҳое пардохт, ки роҳро барои дахолати мақомот дар интихобот боз ва заминаро барои тақаллуб дар ин маъракаҳо ҳамвор мекунанд. Намояндагони ин аҳзоб мегӯянд, бояд дар Тоҷикистон қонуни интихоботро ҷиддан ислоҳ кард ва шеваи ташкили ҳайъати ниҳодҳои интихоботиро чунон тағйир дод, ки дар он фақат намояндагони аҳзоби мухталиф гирди ҳам биоянд ва бо назорати пайвастаи фаъолияти ҳамдигар ҳар навъ заминаи тақаллуби овозҳо ва ҳар гуна дахолат дар масоили интихоботро аз миён бардоранд.
Вагарна ваъдаи президент дар бораи баргузории як интихоботи шаффоф ва орӣ аз дахолати мақомот ҳам метавонад дар ҳаво бимонад ва Тоҷикистон дар ду моҳи баъд шоҳиди боз як интихоботи дигаре шавад, ки аз интихоботҳои гузашта дар ин кишвар фарқи зиёде надошта бошад.