Итминони ҷавонтарин аҳзоб ба курсии порлумон

Ду ҳизби ҷавонтарин дар саҳнаи сиёсати Тоҷикистон: Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Ҳизби аграрӣ ё кишоварзӣ, ки дар маҳофили сиёсии кишвар ҳамчун аҳзоби маснӯъӣ ва «созмонҳои наздиҳукуматӣ» арзёбӣ мешаванд, эътироф мекунанд, ки бо ҳукумат ҳеҷ мушкил надоранд ва афзун бар ин, мутмаинанд, ки дар парлумони ояндаи кишвар ҳатман вакил хоҳанд дошт.
Дар як нишасте, ки бо ибтикори созмони ғайриҳукуматии «Журналист» ва бо мусоидати сафорати Бритониёи Кабир дар шаҳри Душанбе ва бо ширкати ҷамъе аз коршиносону рӯзноманигорон доир гардид, масъулони ин ду ҳизб аз омодагиҳои худ ҷиҳати ширкат дар интихоботи Маҷлиси намояндагон сӯҳбат карданд.

Намояндаи Ҳизби аграрии Тоҷикистон гуфт, азбаски бештари раъйдиҳандагон дар деҳот ба сар мебарад ва аз он ки ин ҳизб манофеъи деҳқононро ҳимоят хоҳад кард, мӯътақид аст, ки ҷонибдории ин бахш аз ҷомеаи кишварро касб хоҳад кард. Аммо намояндаи Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ бар ин бовар аст, ки тарафдорони ин ҳизб дар байни аҳли зиё, олимон ва донишомӯзон бештар мебошанд ва ин ҳизб такя ба чунин ақшори ҷомеа дорад.

Ширкатдорони нишаст, ба вижа рӯзноманигорон ва коршиносон, аз арзёбии фаъолияти ин ду ҳизб аз сӯи масъулонашон ва ҳамчунин аз омодагиии онҳо ҷиҳати ширкат дар интихоботи парлумонӣ ноқаноатмандии худро пинҳон надоштанд. Барои мисол таъкид шуд, ки ин ду ҳизб дар баробари ду масъалаи муҳим, ки мустақим ба соҳаи пешгирифтаи онҳо рабт мегирифт - яке бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ва дигар қарзҳои воҳидҳои кишоварзии пахтакор мавқеи худро муайян накарданд. Балки ин ду ҳизб амалан низ собит карданд, ки истиқлоли амал надоранд ва онҳоончиро хоҳанд гуфт, ки ҳукумат барояшон ишора мекунад.

Амир Қарокулов, раиси ҲАТ, иқрор кард, ки онҳо бо ҳукумат на танҳо ихтилофи назар надоранд, балки ҳамроз ва ҳамназар низ ҳастанд. Зеро мавқеи ин ҳизб чунин аст, ки чун як созмони сиёсӣ дар интихобот баранда шуд, бояд аҳзоби дигар то интихоботи дигар барои иҷрои барнома ва мақсадҳои пешгузоштаи ин ҳизб кӯмак кунанд. Аз тарафи дигар, гуфт оқои Қарокулов, то замоне президент Раҳмон дар сари кор боқист, ӯ ба ин мақом арзанда ва сазовор аст.

Олим Бобоев
Рустам Назаров, муовини раиси ҲИИТ, низ гуфт, ки ҳоло раиси ҳизб вазири нақлиёт ва мухобирот ва муовини раиси ин ҳизб муовини раиси кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон ҳастанд. Оқои Назаров бо ин вуҷуд, ки мегуфт, ин ҳизбро набояд ячейкаи ҳизби дигар шинохт, аммо изҳор дошт, ки онҳо ҳукумати феълӣ ва халқро аз ҳам ҷудо намеҳисобанд.

Иброҳими Усмон, таҳлилгари тоҷик, ки зимни як гузориш фаъолияти аҳзоби аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодиро арзёбӣ мекард, изҳор дошт, ки ширкат ва ҳузури ин ду ҳизб дар интихоботи раёсати ҷумҳурии гузашта далели он аст, ки дар Тоҷикистон бисёрандешӣ ҷойи якҳизбиро мегирад. Оқои Усмон гуфт, ҳатто натоиҷи интихобот бар суди ин аҳзоб тамом нашуд, вале ҳамон шумораи ками ҷонибдорони онҳо дар ин сабқат далели он аст, ки бахше аз раъйдиҳанда дар суроғи роҳбари дигаре аст.

Тревор Мур, сафири Бритониёи Кабир дар Тоҷикистон, низ дар нишасти мазкур ҳузур дошт. Аз ҷаноби сафир пурсидам, ки чун ӯ дар нишастҳои қаблии созмони ғайридавлатии «Журналист» барои аҳзоби сиёсӣ ширкат дошт, сатҳи ҷомеаи маданӣ ва равандҳои демократӣ дар Тоҷикистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунад? Ӯ гуфт: «Ниҳодҳои ҷомеаи мадании Тоҷикистон ба таври лозимӣ ҳаракат мекунанд ва эҳсос мешавад, ки дар чунин нишастҳо муҳити озоду суолу ҷавоб ҳам ошкор сурат мегирад».