Дидори нахуствазирони Бритониё ва Покистон

Гордон Браун, нахуствазири Бритониё дар Лондон бо Юсуф Ризо Гелонӣ, ҳамтои покистонии худ, мулоқот кард.
Онҳо равишҳои ояндаро дар минтақа ва таъсири эҳтимолии афзоиши нерӯҳои Амрикоро дар Афғонистон баррасӣ карданд. Вокуниши нахуствазири Покистон ба стротежии нави Амрико дар қиболи Афғонистон сард буд, ки дар он аз ҳукумати Покистон хоста шудааст, барои маҳви террористону ифротгароёнро ҷидду ҷаҳди бештар кунад.

Юсуф Ризо Гелонӣ ҳамроҳ бо Гордон Браун дар як нишасти хабарии муштарак сӯҳбат мекард, ки ӯ ҳам аз ҳукумати Покистон тақозо кардааст, алайҳи тундравон ҷиддан иқдом кунад. Юсуф Ризо Гелонӣ дар ин нишасти хабарӣ чизи мусбате доир ба барномаи Амрико нагуфт, ки бар асоси он 30 ҳазор сарбози иловагӣ ба Афғонистон ирсол хоҳад шуд. Вай танҳо гуфт, ҳукуматаш ба фурсат ва иттилооти бештар ниёз дорад, то сиёсати наверо, ки Барак Обама аз он эълом дод, баррасӣ кунад.

Аммо Покистон то кунун ибрози нигаронӣ кардааст, ки ҷангҷӯёни толиб аз тарси нерӯҳои Амрико метавонанд вориди Покистон шуда, бо гурӯҳбандӣ шимолуғарби бесуботи ин кишварро нооромтар кунанд. Юсуф Ризо Гелонӣ гуфт, шубҳа дорад, ки Усома бин Лодан раҳбари созмони терористии ал-Қоида дар манотиқи марзии беқонуни Покистон пинҳон шудааст, агарчӣ кишварҳои зиёди ғарбӣ мӯътақиданд, ки бин Лодан дар ҳамон минтақаҳои қабиланишини Покистон аст. Танҳо ҳафтае пеш, Гордон Браун, нахуствазири Бритониё, гуфт, тайи ҳашт соли гузашта, Покистон барои ҷустӯҷуи ал-Қоида коҳилӣ кардааст, агарчӣ метавонист, кори бештаре кунад. Вай аз мақомоти Покистон хост, барои пайдо кардани раҳбарони ал-қоида “иқдомоти муассиртаре” рӯи даст бигирад. Гордон Браун ҳамчунин гуфт, ки ҳукумати Покистон, бояд ҷомеаи ҷаҳониро мутмаин кунад, ки ҳар кори лозимро барои рафъи хатари ал-Қоида анҷом медиҳад. Аммо Гордон Браун ҳамзамон амалиёти низомии Покистон барои рондани Толибон аз водии Свот ва Вазиристони Ҷанубиро ситоиш кард ва он гуфтаҳояшро такрор намуд.

Гордон Браун ҳамчунин ба Покистон кӯмакҳои молии бештар ваъда дод, ки ҳадаф аз он коҳиши мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ будааст, ки Покистонро дар баробари ифротгароӣ осебпазиртар мекунад.

Дар пасманзари суханронии Барак Обама, Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико, ҳам ваъда дод, ки кишвараш бо афзудани ҳимоят аз Покистон, бо он муносиботи дарозмуддати муназзам ба роҳ хоҳанд андохт. Зоҳиран, ин баёнияи ӯ, ба интиқоди афзояндаи матбуоти Покистон нигаронида шуда буд, ки мегӯяд, Амрико мехоҳад, минтақаро бо тамоми мушкилоташ раҳо кунад. Интиқодоти мазкур аз таъкиди Барак Обама сарчашма гирифтааст, ки гуфт, бояд масъулиятҳои низомӣ дар Афғонистон то соли 2011 иҷро шаванд, то нерӯҳои Амрико ба тарки ин кишвар шурӯъ кунанд.