Як бахши муҳимми суханрониашро Обама ҳангоми эълони стратегияи нави Амрико дар қиболи Афғонистон ба муносиботи Вашингтону Исломобод бахшид.
Обама гуфт, “муваффақияти мо дар Афғонистон аз мушорикати мо бо Покистон сахт вобаста аст.” Аммо ҳангоме ки Обама дар бораи таҳдиди ифротгароён ба Покистон сӯҳбат мекард, ӯ дар бораи он ки стратегияи нав ба Покистон чӣ таъсир хоҳад кард, чизе нагуфт. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи худи Обама, раҳбарияти ал-Қоида дар қаламрави Покистон барои худ паноҳгоҳе ташкил кардааст.
“Мардум ва ҳукуматҳои Покистону Афғонистон дар хатаранд. Бо дарназардошти он ки Покистон силоҳи ҳастаӣ дорад, гаравҳо хеле баланданд, чунки мо медонем, ки ал-Қоида ва дигар ифротгароён кӯшиш мекунанд, то ба силоҳи атомӣ соҳиб шаванд ва мо мутмаинем, ки онҳо агар ин силоҳро соҳиб шаванд, аз он истифода хоҳанд бурд.”
Хабарнигори покистонӣ Аҳмад Рашид, ки мавзӯъи мубориза алайҳи ифротгароиро пайгирӣ мекунад, мегӯяд, Вашингтон зимни гуфтушунидҳои махфиёна талош дорад то Исломободро водор кунад, ки дар қаламраваш алайҳи раҳбарон ва шабакаҳои ҳама гурӯҳҳои ошӯбгар мубориза барад.
“Вашингтон Пост” ба тозагӣ хабар дод, ки дар як нома унвонии раисҷумҳури Покистон, Обама хостори ҳамкории наздиктари Вашингтон ва Исломобод дар мубориза алайҳи ал-Қоида, “Толибон”-и Афғонистон, “Лашкари Тайиба”, шабакаи марбут ба фармондеҳи муҷоҳидон Ҷалолуддин Ҳаққонӣ шудааст. Дар ин матлаб омадааст, ки мушовири Обама дар умури амният Ҷеймс Ҷонс ба раҳбарони Покистон гуфтааст, ки агар Исломобод ин корро анҷом дода натавонад, Вашингтон дар мубориза алайҳи ошӯбгарон метавонад аз дигар чораҳо кор гирад.
Аҳмад Рашид: “Дар воқеъ, барои низомиёни Покистон ин фурсати бисёр сарнавиштсоз аст. Онҳо бояд тасмим бигиранд, ки оё онҳо мехоҳанд алорағми хашми Амрико толибони Афғонистонро нигоҳ дошта, онҳоро ҳамчун як монеъаи хурӯҷи артиши Амрико аз Афғонистон истифода баранд ва ё ки онҳо мехоҳанд бо Амрико пурра ҳамкорӣ намуда, бо раҳбарияти Толибони Афғонистон, ки дар хоки Покистонанд, вориди низоь шаванд.”
Собиқ вазири дохилаи Афғонистон Алӣ Аҳмад Ҷалолӣ таъкид мекунад, ки “Покистон бовар надорад, ки Ғарб дар Афғонистон боқӣ хоҳад монд”.
Исломобод ҳамеша пуштибонӣ аз ифротгароёнро инкор мекард ва ба ҳамлаҳои террористӣ алайҳи мардум ва нерӯҳои амниятиаш ангушти ишора мебурд.
Алӣ Аҳмад Ҷалолӣ, ки дар айни ҳол профессори Маркази Ховари миёна ва Осиёи ҷанубии Донишгоҳи дифоъи Вашингтон аст, гуфт, стратегияи Обама танҳо дар он сурат муваффақ хоҳад шуд, ки ҳукумати қонунӣ, боэътибор ва шаффофи Афғонистон бо ёрии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар пои худ устувор боқӣ монад.