Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар Страсбурги Фаронса ҳукм кард, ки Русия барои нақзи ҳуқуқи Раҳматулло Назаров, шаҳрванди Тоҷикистон, ба ӯ 15 ҳазор евро товон бипардозад ва ҳам 3,5 ҳазор еврои дигар харҷи ҳуқуқӣ бидиҳад.
Михаил Овчинников, вакили мудофеи ҳуқуқи Назаров, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз шаҳри Владимир гуфт, нафари таҳти ҳимояташ дар соли 2006 бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Фрунзеи Русия барои се сол равонаи зиндон шуда буд. Чоруми апрели соли 2004 алайҳи Раҳматулло Назаров парвандаи ҷиноятӣ боз карданд ва худи ҳамон рӯз дар минтақаи Владимири Русия ба ҳабс гирифтанд. Милисаи Русия Назаровро дар қочоқ ва нигаҳдории миқдори зиёди маводи мухаддир муттаҳам кард.
Дар ҳукми Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо гуфта мешавад, ки Русия Раҳматулло Назаровро бе далели шайъӣ барои тақрибан ду сол дар боздоштгоҳи муваққат нигаҳ доштааст, ки хилофи аҳдномаҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон аст. Дигар ин ки Раҳматулло Назаровро дар зиндоне дар шароити ғайри қобили таҳҳамул нигаҳ доштаанд, ки нақзи ошкори ҳуқуқи ӯст.
Михаил Овчинников, вакили дифоъи Назаров, мегӯяд: “Дар боздоштгоҳ Назаров муддати дароз ва бе эълони ҳукми додгоҳ дар як шароити бисёр сангин ба сар мебурд ва ин шароиту муносибат ғайриинсониву таҳқиркунанда буд. Мо ба додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо шикоятҳои зиёд бурдем, аз ҷумла дар бораи таоми маҳбас, вазъи нигаронкунандаи санитарӣ, ҷойгоҳи хоби ифлос, ин ки ҳавои тоза ба зиндон намерасид, чун тирезаҳои кӯчак дошт. Маҳбусон аслан ғизои зиндонро тановул намекунанд, ҳар он чи пайвандонашон меоранд, ҳамонро мехӯранд."
Ҷаноби Овчинников дар бораи вазъе, ки маҳбус нигаҳдорӣ мешуд, чунин меафзодя: "Дар зиндоне, ки Назаровро нигаҳ медоштанд, сифати оби нӯшокӣ бисёр бад буд. Ҳама ҷо нонхӯраку пур аз муш, ҳоҷатхона дар пеши ошхона сохта шудааст, ҳамеша навбат аст. Ҳар касе, ки вориди ҳоҷатхона мешавад, ба чашм мерасад, ҳарчанд аз рӯйи одоб ин кор бояд маҳрамона сурат бигирад. Зиндон ҳамеша торик аст, маҳбусон ба ҳавои тоза як бор дар як ҳафта мебароянд, чашмҳояшон дард мекашад. Ҳаммомро низ танҳо як бор дар як ҳафта мебинанд.Аммо барои қозиёни парванда дар Додгоҳи Аврупо танҳо ҳамин далел кофӣ буд, ки дар ҳуҷраҳои зиндон шумори хеле бештар аз меъёри маҳбусон нигаҳдорӣ мешуданд. Ин далел дар додгоҳ собит шуд ва даъвои моро қонеъ карданд”.
Додгоҳи Аврупо ҳукми худро ба фоидаи Раҳматулло Назаров бо он асоснок кардааст, ки Аҳдномаи ҳуқуқи инсон ҳама гуна шиканҷаву рафтори ғайриинсонӣ нисбат ба афроди гумонбар дар ҷиноят ё зиндониёнро қатъиян манъ кардааст. Аммо ин чиз аз сӯи Русия риоят нашудааст.
Михаил Овчинников, вакили мудофеи Раҳматулло Назаров гуфт, аз ҳукми додгоҳи Страсбург, ки Русияро барои пардохти ҷубронпулии баробар ба ҳаждаҳуним ҳазор евро ба нафари таҳти ҳимояти ӯ ҳукм кардааст, қаноатманд мебошад.
“Ин маблағи шоиста аст. Ба Назаров дар маҷмӯъ ҳаждаҳу ним ҳазор евро тақдим хоҳанд кард. Барои ин қабил парвандаҳо ин маблағи зиёд аст. Интизори мо подоши камтар буд. Ҳама мавридҳои поймолшавии ҳуқуқи ӯ, ки мо дар аризаи худ гуфта будем, пазируфта шуд, аз ин хотир мо хеле қаноатманд ҳастем”.
Раҳматулло Назарови 29-сола зодаи шаҳри Душанбе аст, ки ҳоло дар озодӣ ба сар мебарад. Вай то замони боздошташ дар Русия аспиранти донишгоҳи шаҳри Владимир будааст.
Ҳама мавридҳои поймолшавии ҳуқуқи ӯ, ки мо дар аризаи худ гуфта будем, пазируфта шуд, аз ин хотир мо хеле қаноатманд ҳастем...