Паёмҳои Зарифӣ ба анҷумани Афина

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар нишасти 17-умини Шӯрои вузарои кишварҳои узви САҲА дар пойтахти Юнон, шаҳри Афина мавқеъи кишварашро дар чанд масъалаи байнулмилалӣ ва миинтақаӣ иброз дошт.
Вале меҳвари асосии суханронии ӯро масъалаи обу энержӣ дар Осиёи Марказӣ ташкил дод. Ҷаноби Зарифӣ рушди имкониятҳои гидроэнергетикии кишварашро ҳаётан муҳим номид ва афзуд, Тоҷикистон тарафдори иҷрои рӯшод ва шаффофи тарҳҳои энержии худ аст, ки аз тарафи чандин ниҳодҳои байнулмилалӣ таҳқиқ ва натиҷагирӣ шудаанд.
Чолишҳои ҷаҳони нави гуногунфарҳанг ва хатарҳои нав дар минтақаи зери назари САҲА моро ӯҳдадор мекунад, то ба вазъ дар ин минтақа бо нигоҳи нав нигарем ва ҷиҳати беҳтар кардани сохторҳо ва имконоти феълии созмонамон бояд қадамҳои сареъ бизанем, то созмон бештар муассир бошад...

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, мушкилоти марбут ба об дар Осиёи Марказӣ на аз бунёди иншооти энержӣ, балки аз истифодаи бебаркаш ва исрофкоронаи об маншаъ мегирад. Ҷаноби Зарифӣ аз кишварҳои узви САҲА даъват кард, ташаббуси Тоҷикистонро барои Соли дипломатияи об эълон кардани соли 2012-ро дастгирӣ кунанд.

Ҳамроҳхон Зарифӣ ҳамчунин гуфт, Тоҷикистон хостори идомаи ислоҳот дар САҲА ва бештар мутобиқ кардани он ба чолишҳои имрӯз мебошад. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон пешниҳод кард, ки ҳамкории стротегии САҲА бо аъзои дар ҳоли рушдаш бознигарӣ шавад, то таъсири ин созмон бештар бигардад ва кишварҳои мазкур низ тавонанд аз иҷрои вазоифи аввалия ва ҳатмӣ бароянд. Ӯ гуфт, «чолишҳои ҷаҳони нави гуногунфарҳанг ва хатарҳои нав дар минтақаи зери назари САҲА моро ӯҳдадор мекунад, то ба вазъ дар ин минтақа бо нигоҳи нав нигарем ва ҷиҳати беҳтар кардани сохторҳо ва имконоти феълии созмонамон бояд қадамҳои сареъ бизанем, то созмон бештар муассир бошад».

Ҷаноби Зарифӣ изҳори таассуф кард, ки ҳанӯз ҳам терроризми байнулмилалӣ, ифротгароӣ, тиҷорат ва интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккилонаи байнулмилалӣ, вабо ва мушкилоти муҳитзистӣ вуҷуд доранд, ҳарчанд дар ин ҷода комгориҳои мушахассе низ ба даст омадаанд.

Ӯ ёдовар шуд, ки Тоҷистон дар миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ дар масъалаи боздошт ва мусодираи маводи мухаддир пешсаф мебошад ва дар ҷаҳон дар ҷойи чаҳорум қарор дорад. Ӯ гуфт, танҳо дар даҳ соли ахир дар хоки Тоҷикистон ба маблағи як миллиарду 120 миллион доллари амрикоӣ мухаддирот мусодира шудааст, ки ба ин миқдор метавонист ҷони 36 миллион нафарро ба марг мувоҷеҳ гардонад.

Бо овардани ин ҳама омор ва бо қадрдонӣ аз нақши САҲА дар роҳандозии барномаҳои марбут ба ин соҳа дар Тоҷикистон, Ҳамроҳхон Зарифӣ гуфт, марзҳои Тоҷикистон ба ҳайси деворе аз вуруди терроризм, экстремиз ва қочоқи маводи мухаддир ба Аврупо хидмат мекунанд ва ба ёрии бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар тақвияти фаннӣ ниёз доранд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, Тоҷикистон аз ҳамкорӣ ҷиҳати коркарди Стратегияи миллии мудирияти марзҳо муташаккир аст ва омода аст, ки мизбони дафтарҳои минтақаии САҲА бошад.

Ҳ. Зарифӣ аз бештар аз 800 кушта ва захмии минаҳои зидди инсон дар Тоҷикистон аз соли 1992 ба ин сӯ ёдовар шуд ва вуҷуди ин минаҳо дар марзҳои кишвраҳои Осиёи Марказиро фоҷеаи кишвараш номид ва аз САҲА даъват намуд, то ба нигарониҳои Тоҷикистон дар ин самт ҳамроҳ шаванд ва талоше барои ҳалли ин мушкил бикунанд.

Вазири корҳои Тоҷикистон дар мавзӯъи ҳуқуқи инсон ва озодии сухан низ сухан гуфта, таъсиси ниҳоди Омбудсмен дар Тоҷикистонро нишони қадами бузург ба сӯи арзишҳои демократии САҲА номид, бо такя ба назари коршиносони байнулмилалӣ таҳаммулпазирии динӣ ва фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистонро таъкид кард ва нозирони САҲА-ро барои назорати интихоботи порлумонии моҳи феврал даъват намуд.