Ҳазорон сокини мусулмони Тоҷикистон, бо вуҷуди он ки борон меборид, намози Иди Қурбонро дар масҷиди марказии ба номи Имом Тирмизӣ дар Душанбе адо карданд.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, ки ҳамасола дар ин маросим ширкат мекард, имсол ҳузур надошт. Ба ҷои ӯ, Сайидмурод Фаттоев, мушовири давлатии раиси ҷумҳур дар ин маросим аз ҳукумат намояндагӣ кард ва мардуми Тоҷикистонро ба рӯзи ид табрик гуфт.
Оқои Фаттоев, ки дар қатори ҳазорон тани дигар намози ид гузошт, дар сӯҳбаташ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки давлат аз озодиҳои мазҳабии сокинон пуштибонӣ ва барои адои маросимҳои динӣ дар кишвар шароит фароҳам кардааст. Вай акфзуд, “дар замони имрӯза тамоми мардуми мусулмон имконоти озод доранд, ки Иди Қурбонро ба истилоҳ қайд кунанд. Ба хонаҳои наздикони худ рафта, дар ҳаққи арвоҳи гузаштагонашон дуо кунанд. Гумон мекунам, ки ин ҳама аз баракати истиқлолият аст”.
Аксари намозгузорон ҳам дар сӯҳбат ба мо гуфтанд, ки аз таҷлили густурдаи Иди Қурбон дар кишвар хушҳоланд:
Як ҳамсӯҳбати мо ҳам мегӯяд, онҳо пас аз адои намози ид тибқи русуми мусулмонҳо барои қурбонӣ шитофтаанд ва сипас ба зиёрати мазори наздиконашон рафтаанд. Вай меафзояд, “баъд аз намоз аввал қурбониҳоро кардем. Пас аз он аз ба зиёрати қабристонҳо рафтем. Дар ҳаққи гузаштагон дуо хондем. Акнун ба хонаи наздикон меравем, то дар манзили онҳо низ дуову фотеҳа кунем”.
Рӯзи Иди Қурбон барои кӯдакон низ як рӯзи фараҳманд дониста мешавад. Дар ин рӯз одат аст, ки субҳи барвақт кӯдакон дар танҳоӣ ва ё якҷоя ба дари ҳамсояву наздикони худ бираванд ва идро барои онҳо муборакбод гуфта, дар ивазаш шириниҳо ҳадя гиранд. Имсол ҳам бо вуҷуди он ки борон меборид, кӯдакон одати деринаи худро фаромӯш накарда, ҳар дареро барои муборакбодӣ мекӯфтанд ва “идгардак” мекарданд.
Иди Қурбон дар Тоҷикистоне, ки 97 дарсади сокинонаш мусулмонанд, аз соли 1991 ба ин сӯ расман таҷлил мешавад ва ин рӯз рӯзи таътил эълом шудааст. Ҳамасола раиси ҷумҳур низ расман аз тариқи радио ва телевизионҳои давлатӣ мардуми мусулмонро ба рӯзи ид табрик ва аз сокинон дархости кӯмак ба бенавоён мекунад.
Оқои Фаттоев, ки дар қатори ҳазорон тани дигар намози ид гузошт, дар сӯҳбаташ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки давлат аз озодиҳои мазҳабии сокинон пуштибонӣ ва барои адои маросимҳои динӣ дар кишвар шароит фароҳам кардааст. Вай акфзуд, “дар замони имрӯза тамоми мардуми мусулмон имконоти озод доранд, ки Иди Қурбонро ба истилоҳ қайд кунанд. Ба хонаҳои наздикони худ рафта, дар ҳаққи арвоҳи гузаштагонашон дуо кунанд. Гумон мекунам, ки ин ҳама аз баракати истиқлолият аст”.
Сайидмурод Фаттоев, мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, ҳукумат аз озодиҳои мазҳабии сокинони кишвар пуштибонӣ мекунад
Сайидмурод Фаттоев дар идомаи сӯҳбаташ афзуд, аммо дар Шӯравии пешин мардуми мусулмони Тоҷикистон, аз ҷумла мақомдорони он, ки ба зоҳир коммунист, аммо мусулмон буданд, наметавонистанд аз ин ид ба дурустӣ таҷлил кунанд: “Дар замони Шӯравӣ, мутаассифона, ҳукуматдорони давр, махсусан он одамҳое, ки дар корҳои давлатӣ, дар идораҳои давлатӣ буданд, имкон надоштанд, ки ин суннатҳои бузурги исломро ба ҷо оранд. Озодона тоату ибодат кунанд ва хайру саховати худро ба ҷо биёранд”.Аксари намозгузорон ҳам дар сӯҳбат ба мо гуфтанд, ки аз таҷлили густурдаи Иди Қурбон дар кишвар хушҳоланд:
- “Иди Қурбон ин суннати пайғамбар аст. Шукри истиқлол, ки мардуми мусулмон дар Тоҷикистон онро хеле озодона ҷашн мегиранд”.
- “Дар гузашта дар ин рӯзи ид мо чизе намекардем. Мамнӯъ буд. Пинҳонӣ буд. Мо барои адои намози ид намерафтем. Худоро шукр, ки имрӯз ҷамоати бузурге барои адои намоз ҳозир мешаванд”.