Сирқати 60 миллион сомонии буҷаи кишвар

Порлумони Тоҷикистон имрӯз дар як ҷаласа масъалаи ғайриқонунӣ масраф шудани маблағҳои зиёди буҷаи ин кишвар дар 9 моҳи соли ҷориро ба баррасӣ кашид.
Бино ба гуфтаи Сафаралӣ Гулов, узви кумитаи буҷаи порлумон, дар 9 моҳи соли ҷорӣ наздик ба ба 60 миллион сомонӣ маблағи буҷа ғайриқонунӣ масраф шудааст.

Ҷаноби Гулов дар сирқати маблағи буҷаи кишвар вазоратҳои энержӣ ва саноат, коммуникатсия ва нақлиёт, корҳои дохилӣ, кишоварзӣ, кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистонро масъул донист. Вай таъкид кард, ки бештар маблағи буҷаро кормандони вазоратҳои энержӣ ва саноат, коммуникатсия ва нақлиёт ва вазорати кишоварзӣ ғайриқонунӣ масраф кардаанд.

Бештар маблағи буҷаи кишварро кормандони вазоратҳои энержӣ ва саноат, коммуникатсия ва нақлиёт ва вазорати кишоварзӣ ғайриқонунӣ масраф кардаанд ...
Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонси контроли амволи давлатӣ ва мубориза бо фасод, гуфт, ки дар тӯли 9 моҳ беш аз 800 мавриди тафтиш ва баррасии масрафи ғайриқонунии маблағҳои буҷа сурат гирифтааст ва дар натиҷаи ин наздик ба 80 миллион сомонӣ маблағҳои буҷа бозпас гардонда шудааст.

Вай афзуд, вале баргардондани як бахши маблағҳои сирқатшуда ғайриимкон аст, ба ин далел ки афроди дар сирқати буҷа дастдошта хориҷ аз кишвар ба сар мебаранд.

Намояндагони мардумӣ аз Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи кишвар, суол карданд, ки далели аслии ғайриқонунӣ истифода бурдани маблағҳои буҷа дар чист?

Вай дар посух ба ворид шудани афроди ғайриҳирфаӣ ва номатлуб ба мақомоти давлатӣ ишора кард ва аз вазоратхонаҳо тақозо кард, ки аз ин ба баъд дар интихоби кадрҳо масъулият дошта бошанд ва роҳ надиҳанд, ки афроди тасодуфӣ ва муҷозотшуда ба идораҳои давлатӣ роҳ ёбанд.

Ин дар ҳолест, ки соли гузашта низ ҳамин вазоратҳои номбурда маблағи зиёди буҷаро ғайриқонунӣ масраф карда буданд. Ва ба ин далел соли гузашта порлумон барои ташкили идораҳои аудити дохилӣ дар 5 вазорат иҷоза дода буд. Вале ин вазоратхонаҳо имсол ғайриқонунӣ масраф кардани маблағҳои буҷаро ду баробар афзоиш додаанд.

Ба ин далел аз вазири молия суол карданд, ки фаъолияти ин идораҳои аудит дар чӣ ҳол аст? Сафаралӣ Наҷмиддинов дар посух гуфт, ки фаъолияти ин идораҳо то ба ҳол қонеъкунанда нест ва онҳо таҷрибаи кофӣ надоранд. Ӯ тақозо кард, ки ихтиёроти ҳуқуқии ин идораҳои аудитӣ тақвият дода шавад.

Дар охири ин ҷаласаи порлумон намояндагони мардумӣ ба Оҷонси контроли амволи давлатӣ ва мубориза бо фасод ва ҳамчунин Додситонии кишвар ва вазоратҳову идораҳои зидахл тавсия доданд, ки аз ин ба баъд дар интихоби кадрҳо масъулият эҳсос кунанд ва аз ғайриқонунӣ масраф кардани буҷа ҷилавгирӣ кунанд.