Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» ба аввалин мусобиқаи кушодаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба таеквон-до WTF бахшида мешавад.
Дар ин мусобиқа, ки ба Рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон бахшида шуд, ҳудуди 200 варзишгар аз 5 кишвар - Афғонистон, Куриёи Ҷанубӣ, Тоҷикистон, Узбакистон ва Эрон - ширкат карданд. Дар ҳисоби дастаӣ тими Эрон байни бузургсолон мақоми аввалро касб кард. Дастаи Тоҷикистон дуввум шуд. Тими Куриёи Ҷанубӣ дар ҷои севум қарор гирифт. Дастаи Тоҷикистон дар сабқати навҷавонон ғолиб гашт. Тими Афғонистон ҷои дуввум ва дастаи Узбакистон ҷои севумро касб карданд. Дар ин барнома гузориши хабрнигори мо аз макони баргузории ин мусобиқа - Қасри варзиши «Самандар – асри XXI»-и шаҳри Турсунзода - ба шунавандагон пешкаш машавад.
Дар ин барнома, инчунин, шунавандагонро бо хабарҳои тозаи варзишӣ ошно мекунем.
Дар шаҳри Лозаннаи Швейтсария саммит ё ҳамоиши Иттиҳоди ҷаҳонии пойтахтҳои олимпӣ баргузор шуд. Ширкаткунандагони ҳамоиш бо нигораҳои Осорхонаи олимпӣ, ки тамоми таърихи ҳаракати муосири олимпиро дарбар мегирад, шинос шуда, масоили мухталиф, аз ҷумла рушди шаҳрҳои пойтахти олимпиро дар доираи омодагиҳо ба Бозиҳои олимпӣ, баррасӣ карданд.
Бозиҳои даври навбатии сабқати гурӯҳии Лигаи қаҳрамонони футболи Аврупо баргузор шуданд. ССКА-и Русия бар «Волсфбург»-и Олмон бо ҳисоби 2:1, «Бордо»-и Фаронса бар «Ювентус»-и Итолиё бо ҳисоби 2:0, «Бавария-и Олмон бар «Маккаби»-и Исроил, «Челси»-и Инглистон бар «Порту»-и Португол, «Реал»-и Испониё бар «Сюрих»-и Швейтсария, «Бешиктош»-и Туркия бар «Манчестер Юнайтед»-и Инглистон, «Ливерпул»-и Инглистон бар «Дебресен»-и Маҷористон ва «Фиорентино»-и Итолиё бар «Лион»-и Фаронса бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз шуданд. Бозиҳои дигар байни дастаҳои «Милан»-и Итолиё - «Марсел»-и Фаронса, АПОЭЛ-и Кипр ва «Атлетико»-и Испониё бо натиҷаи мусовии 1:1 ва «Рубин»-и Русия - «Динамо»-и Укроин бидуни гол хотима ёфтанд.
Ясухито Эндо, нимҳимоятгари дастаи «Гамба Осака» ва мунтахаби Ҷопон, беҳтарин футболбози Осиё дар соли 2009 эътироф шуд. Вай дар маросими ботантана дар пойтахти Малайзиё – шаҳри Куала-Лумпур бо ҷоизаи Конфедеросиюни футболи Осиё сарфароз гашт. Инчунин боз 17 нафар беҳтаринҳо, аз ҷумла беҳтарин мураббӣ Ху Чжун Му, аз Куриёи Ҷанубӣ, ва беҳтарин довар Равшан Ирматови узбакистонӣ бо ҷавоизи АФК мукофотонида шуданд.
Шералӣ Достиев, муштзани маъруфи тоҷик, дар рақобатҳои аввали худ дар бокси ҳирфаӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ду пирӯзӣ ба даст овард. Вай дар қувваозмоӣ дар вазни 55 кг нахуст бар Сергио Агуилараи мексикоӣ дар чаҳор раунд аз рӯи имтиёз ғолиб шуд. Сипас Шералӣ Достиев бар рақибаш Ҷонотан Де Жесус, аз Пуэрто-Рико, пирӯз гардид.