Ҳоли хароби донишҷӯёни эронӣ

Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон ва гурӯҳҳои мухолифин аз афзоиши ҳодисаҳои боздошту муҷозоти донишҷӯён дар Эрон, ки аз вазъи сиёсиву иҷтимоии кишварашон розӣ нестанд, изҳори нигаронӣ мекунанд.
Ин гурӯҳҳо мегӯянд, саркӯби донишҷӯёну мухолифин ва ширкатдорони намоишҳои эътирозӣ, ки баъди интихоботи баҳсбарангези раёсатҷумҳурии моҳи июни ин кишвар шурӯъ шуд, ҳамоно идома дорад ва бар тибқи баъзе манобеъ, танҳо моҳи гузашта 60 донишҷӯ дар саросари Эрон боздошт шуданд. Мавҷи боздоштҳову зиндонисозии онҳо то ҳол идома дорад ва хатари ин вуҷуд дорад, ки дар остонаи таҷлил аз рӯзи миллии донишҷӯ дар Ҷумҳурии Исломӣ - 7-уми декабр ин гуна саркӯбҳову боздоштҳо бештар хоҳад шуд.

Созмони байналмилалии ҳуқуқи башари Эрон, ки дар Аврупову Ғарб ҷойгир буда, аз вазъи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Исломӣ пайгирӣ мекунад, бо нашри изҳороте дар заминаи нигарониҳо аз боздоштҳои дастаҷамъонаи донишҷӯён мегӯяд, мақомот бо ин роҳ ҳаққи қонунии онҳоро барои эътироз аз ноҳаққиву беадолатиҳо поймол мекунанд. Аарон Родс, мушовири ин созмон дар сӯҳбат бо «Ояндасоз» аз шаҳри Ҳамбурги Олмон гуфт:

“Мояи аслии ташвиш ин аст, ки ҳуқуқи аслии инсонии ин ҷавонҳои эронӣ поймол мешавад. Бо ин амали худ Эрон қонунҳои байналмилалиро оид ба ҳуқуқи инсон тавассути чунин боздоштҳои беасос поймол мекунад. Дар баробари ин, боздоштҳо на фақат ба зиндагии худи донишҷӯён, балки ба ҳаёти наздикону азизони онҳо таъсири харобкоре хоҳад дошт. Илова ба ин, ба муносибати куллии Ҷумҳурии Исломӣ ба маорифу донишгоҳҳо, корҳои илмии онҳо ва дар дарозмуддат ба ҷомеаи эронӣ таъсири харобиоваре хоҳад дошт”.

Донишҷӯёни эронӣ, мегӯяд ин фаъоли ҳуқуқи башар, пеш аз ҳама аз сиёсисозии ҷараёни таълим дар донишгоҳҳо норозӣ ҳастанд, ки болояшон аз ҳар тараф муқаррароти наву кӯҳна таҳмил мешавад ва ба кайфияти дарсомӯзӣ таъсири худро мегузорад:

“Ҳукумат бо ҳар роҳ болои донишҷӯён фишор меорад – аз роҳи донишгоҳҳо, аз роҳи хобгоҳҳо. Онҳо ба ниманизомиҳо ҳақ медиҳанд, ки ба ин муассисаҳо рафта бо пайғомҳои мухталифи сиёсӣ ба донишҷӯён фишор оваранд. Онҳо аз рафтори донишҷӯён, тарзи либоспӯшии онҳо назорат мекунанд. Маъмурияти донишгоҳҳо ҳам таҳти таъсири онҳо ҳастанд, дар ҳоле, ки бояд мустақилона амал кунанд. Донишгоҳҳо ба бозичаи дасти ҳукумат табдил шудаанд. Дигар талаби донишҷӯён ислоҳшавии вазъ дар донишгоҳҳо аст. Онҳо мехоҳанд ба таҷрибаи поймолшавии ҳуқуқи инсон дар донишгоҳҳо аз ҷониби ҳукумат хотима гузоранд”.

Фаъоли ҳуқуқи башар Аарон Род афзуд, ки алорағми фишорҳову муҷозоти донишҷӯён, афзоиши мавридҳои зиндоникунии онҳо, бо вуҷуди ин ки ин кишвар муддатҳост бо сабаби ҷоҳталабиҳои ҳастаиаш аз ҷониби Ғарбу Аврупо дар инзиво гузошта шудааст, умеди худро ба дигар шудани вазъ аз даст надодаанд.