Аврупо ба Афғонистон 5000 сарбоз фиристоданист

Сарвазири Бритониё Гордон Браун хушбинона гуфтааст, кишварҳои узви паймони НАТО ва муттаҳидини онҳо омодаанд, эъзоми тақрибан 5 000 сарбози изофӣ ба Афғонистонро пешниҳод кунанд. Словакия аз омодагиаш барои ирсоли 250 сарбози дигар хабар дода ва Гурҷистон мехоҳад ба Афғонистон аз 700 то 1000 сарбоз бифиристад. Худи Бритониё, ки феълан дар Афғонистон ҳудуди 9000 сарбоз дорад, мехоҳад ба он ҷо то 500 сарбози дигар ирсол кунад.