Тоҷикистон - кишвари гаронтарин андозҳо

Созмони фаронсавии «Софреко», ки ба масоили ислоҳот дар бахши андоз расидагӣ мекунад, гуфтааст, ки Тоҷикистонро зарур аст, дар сиёсати андози худ ислоҳоти ҷиддӣ ворид кунад.
Мартин Визир, роҳбари гурӯҳи коршиносони ин созмон, ки барои омӯзиши системаи андозбандӣ вориди Тоҷикистон шудааст, дар як нишасти матбуотӣ дар бораи андозҳои аз ҳад зиёду нодаркори ин кишвар гуфт, «дар ҳеҷ кишвари ҷаҳон мисли Тоҷикистон теъдоди зиёди андозҳо мушоҳида намешавад. Бахше аз ин андозҳо то ҷое нодаркоранд, ки давлат ҷуз масрафи беҳуда барои ҷамъоварии ин андозҳо суде ба даст намеорад. Барои мисол, андоз аз истифодаи роҳ, ҷамъоварии пул аз аксизҳои нодаркор ва андоз аз ҳар навъ колоҳои фурӯшӣ».

Дар ҳеҷ кишвари ҷаҳон мисли Тоҷикистон теъдоди зиёди андозҳо мушоҳида намешавад. Бахше аз андозҳо то ҷое нодаркоранд, ки давлат ҷуз масрафи беҳуда барои ҷамъоварии онҳо суде намебинад ...
Ба гуфти Мартин Визир, дар таҷрибаи ҷаҳонии андозбандӣ чаҳор навъи андози воқеӣ ва асосӣ – НДС ё андози афзуда бар арзиш, андоз аз даромад, ҷамъоварии аксизӣ ва андози шахсӣ – вуҷуд дорад. Ва аз ин чаҳор андози асосӣ афзоиш додани он дар кишварҳое мушоҳида мешавад, ки истеҳсолот доранд. Вале Тоҷикистон истеҳсолот ниҳоят кам аст ва ба ҳамин далел мо ба ин кишвар тавсия медиҳем, ки теъдоди андозҳоро кам кунад, то барои фаъолияти соҳибкории хурду миёна монеа эҷод нашавад.

Светлана Додаян, корманди ширкати мухобиротии «Билайн», ки бо гурӯҳи коршиносони созмони фаронсавии «Софреко» гуфтугӯ кардааст, андозҳои аз ҳад зиёдро монеа дар рушди бахши хусусӣ медонад. Вай мегӯяд, "фаъолияти ширкати мобилӣ бидуни реклама пешрафт намекунад. Вале мутаассифона, аз мо барои реклама пул мегиранд, ки ин як навъи бахши маҳсулоти фурухтаи мост, ки мо аз он андоз супоридаем».

Дар ҳамин ҳол Матлуба Улҷабоева, раиси Ассотсиатсияи тоҷирони кӯчаку миёнаи Тоҷикистон, гуфт, ки дар ислоҳоти системаи андоз Тоҷикистон бояд аз таҷрибаи Қирғизистон кор бигирад. Вай афзуд, Қирғизистон ахиран ба ҷуз аз 9 навъи андоз, ҳамаи андозҳои боқиро бекор кард ва ҳамин далел аст, ки бисёре аз тоҷирони мо аз Тоҷикистон ба Қирғизистон рафтанд.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон 21 навъи андоз вуҷуд дорад ва баъзе аз ин андозҳо ба рушди корхонаҳо ва фаъолияти тоҷирон садд эҷод мекунад. Оқои Мартин Визир теъдоди зиёди андозҳоро далели аслии сарпечии соҳибкорону корхонаҳо аз пардохти андозҳо хонд.

Роҳбари гурӯҳи коршиносони созмони фаронсавии «Софреко» содда кардани раванди ироаи декларатсия аз даромади шахсӣ, ба хусус мақомоти давлатӣ, тоҷирону соҳибкоронро як бахши муҳимми ислоҳот дар сиёсати андоз хонд ва гуфт, бояд аз сӯи Кумитаи андоз тасдиқ дарёфт кунад.

Созмонҳои байнулмилалии кумаккунандаи Тоҷикистон низ ахиран аз давлати ин кишвар тақозо карданд, ки дар системаи ҷамъоварии андозҳо ислоҳот ворид кунад. Дар ин замина барномае таҳия шудааст, ки онро Бонки ҷаҳонӣ сармоягузорӣ мекунад ва иҷрои ин барнома бар души созмони фаронсавии «Софреко» гузошта шудааст.