Зуком ва сел монеаи Ҳаҷҷи акбар нашудаанд

Наздик ба 3 миллион мусулмон аз ҳама гӯшаву канори олам дар ҳоле фароизи Ҳаҷҷи акбарро ба ҷо меоранд, ки сел роҳҳоро бастааст ва хатари зукоми хук ба ҳоҷиён таҳдид мекунад.
Хабаргузориҳо мегӯянд, бар асари селу ярч дар Арабистони Саудӣ 48 нафар кушта шудаанд, вале дар байни онҳо зоирон нестанд.

Гуфта мешавад, ки ба далели нигарониҳо аз имкони хуруҷи маризии қаттоли “зукоми хук” имсол теъдоди зоирон коҳиш ёфтааст – соли гузашта фарзи худро беш аз 3 миллион мусулмон иҷро карда буданд.
Дар ин ҷо, дар Арабистони Саудӣ, шукри Оллоҳ, ягон хел зукоми хук нест. Ғайр аз ин, шукри Аллоҳ, дар ин шаҳр ҳама чиз, ҳам дорувор ва ҳам табибон дастрасанд...

Охири ҳафтаи гузашта мақомоти Арабистони Саудӣ хабар доданд, ки бар асари ин маризӣ чаҳор тан аз зоирон аз олам даргузаштаанд. Ва аммо вазорати ҳифзи сиҳати кишвар мегӯяд, ки онҳо ягона нишонаи хуруҷи “зукоми хук” дар кишварро мушоҳида накардаанд.

Вазири ҳифзи сиҳати Арабистони Саудӣ Абдулло Абдулазиз ал-Рабия имрӯз дар баробари хабарнигорон гуфт, ки кишвараш барои ҷилавгирӣ аз хуруҷи ин беморӣ омода аст.

Мансабдори воломақом афзуд, “ман комилан мутмаинам – пеш аз ҳама ба пурсамар будани омодагиҳои мо, ман мутмаинам ба ҳамкоронамон дар вазорати ҳифзи сиҳат, ба доруворе, ки мо дастрас кардаем ва ба муассисаҳои тиббӣ, ки дар сурати зарурат барои қабули беморон пурра омодаанд.”

Мақомоти Арабистони Саудӣ барои ҷилавгирӣ аз ин маризӣ аз чораҳои иловагӣ кор гирифтаанд ва дар ихтиёри муассисаҳои тиббӣ ва табибон таҷҳизотеро гузоштаанд, ки зойирини мубтало бо нишонаҳои “зукоми хук”-ро ошкор месозад.

Барои таъмини амният дар шаҳрҳои муқаддаси Макка ва Мадина беш аз сад ҳазор корманди полис ва хадамоти бехатарӣ сафарбар шудаанд. Ҳаҷ, ки барои нахустин бор аз сӯи Паёмбари Ислом Муҳаммади мустафо 14 қарн муқаддам сурат гирифтааст, яке аз панҷ фарзи ислом аст ва аз нишонаҳои аслии садоқати мазҳабӣ маҳсуб мешавад. Адои Ҳаҷҷи акбар барои ҳар мусалмони солим, ки имкони молии сафар ба Маккаву Мадинаро дорад, фарз аст.

Ҳамид Абдул Раҳим, шаҳрванди марокаштабори Канада, ки барои адои ҳаҷ вориди Маккаи муқаддас шудааст, мегӯяд, аз хуруҷи маризии “зукоми хук” биме надорад. Аз нигоҳи ӯ, “дар ин ҷо, дар Арабистони Саудӣ, шукри Аллоҳ, ягон хел зукоми хук нест. Ғайр аз ин, шукри Аллоҳ, дар ин шаҳр ҳама чиз, ҳам дорувор ва ҳам табибон дастрасанд. Шукри Худо, ман аз чизе наметарсам. Ман эмгузаронӣ ҳам накардаам. Ман, шукри Оллоҳ, аз зукоми хук ҳаросе надорам.”

Ба эътиқоди мусалмонҳо, ҳаҷ аз замони Паёмбар Иброҳим алайҳиссалом сарчашма мегирад. Зиёрати панҷрӯзаи ҳаҷ аз чанд маросим иборат аст.

Миллионҳо зоирон ҳафт бор атрофи Каъба, ки дар маркази Масҷиди бузурги Макка ҷойгир аст давр мезананд ва тавофи Каъбаро ба ҷо меоваранд. Мусулмонон Каъбаро муқаддастарин ҷой дар рӯи замин мехонанд ва дар кадом гӯшаи олам, ки набошанд, рӯ сӯи Каъба намоз мегузоранд. Зоирон ҳамчунин Ҳаҷра Асводро дар канори Каъба бӯса мезанад ва аз оби Замзам нӯш мекунанд.

Дар марҳалаи дуввум онҳо дигар ҷойҳои муқаддас, аз ҷумла, кӯҳи Арафотро зиёрат мекунанд ва дар Мино ба тимсоли Шайтон санг меандозанд. Онҳо ҳамчунин қурбонӣ мекунанд ва мӯйҳои сари худро метарошанд.

Сипас Ид ал-Адҳо ё Иди Қурбон шурӯъ мешавад, ки се рӯз идома меёбад. Дар ин рӯзҳо ҳоҷиҳо аз шаҳри муқаддаси Мадина зиёрат мекунанд, ки он ҷо Паёмбари ислом Муҳаммади мустафо макони охират пайдо кардааст.

Ба иттилоъи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, соли равон 5300 тан аз шаҳрвандони кишвар ба ҳаҷ рафтаанд.