Намояндагони аҳзоби сиёсии Бадахшон тайи баргузории як нишаст дар Хоруғ изҳор доштанд, ки онҳо ба имкони баргузории интихоботи шаффоф ва одилонаи порлумонии оянда дар кишвар бо чашми шубҳа менигаранд.
Ба гуфтаи намояндагони аҳзоб, агарчанде мақоми аввали ҷумҳурӣ кафолати интихоботи озоду шаффофи порлумониро эълом доштанд, аммо худи қонуни интихобот бинобар ғайридемократӣ будан ва тағйир напазируфтан имкони баргузории интихоботи озодро маҳдуд месозад.
Намояндаи бахши вилоятии ҳизби назҳат Мунир Шораҳматуллоев изҳори нигаронӣ кард, ки дар фаъолияти аъзои комиссияи қитъавии раъйдиҳӣ, ки одатан аз ҳисоби кормандони маориф ва мақомот баргузида мешаванд, эҳтимолияти тақаллубкорӣ ба мисли интихоботи гузашта вуҷуд хоҳад дошт.
Вай афзуд, дар як ҳодисаи интихоботи гузашта номзад ба вакили маҷлиси вилоятӣ аз ҳизби назҳат дар қитъае, ки худаш дар раъйдиҳӣ ширкат мекард, ягон овоз нагирифт ва хеле ҳайратзада шуд, ки ҳатто овози худашро низ дуздиданд.
Раиси ҳизби сотсиал-демократ Алим Шерзамонов гуфт, ки аммо ба хотири ҷилавгирӣ аз тақаллубкориҳо ва баргузории интихоботи шаффоф дар баробари ашхоси боътимод ва нозирони ҳизби ба нозирони миллӣ, ки бояд аз шумули намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ашхоси бетараф созмон ёбанд, ниёз вуҷуд дорад.
Раиси ҳизби сотсиал-демократ афзуд, ки чанд рӯз қабл роҳбари дастгоҳи раиси вилоят аз вай рӯйхати номзадҳои эҳтимолии ҳизбашонро, ки дар интихобот ширкат меварзанд, дархост кардааст ва вай чунин амали намояндаи мақомотро кӯшиши аз ҳоли ҳозир дахолат кардани мақомот дар интихобот мешуморад.
Ба гуфтаи раиси бахши вилоятии ҳизби коммунист Хусрав Рақамов, агар мақомот барои аҳзоби мухолиф чун дар интихоботҳои қаблӣ монеа эҷод накунад ва шароитҳои баробар фароҳам созад, ҳизбашон имконияти бештари ҷалби раъйи интихобкунандагонро хоҳад дошт.
Ба гуфтаи намояндагони бахши вилоятии ҳизби демократ, ахиран мақомот обунаи иҷбории рӯзномаи «Минбари халқ»-ро дар идораву идораву муассисаҳо ба роҳ мондааст, ки як нишонаи сӯйистифодаи мақомот аз ваколат дар пешорӯи интихоботи ояндаи порлумонӣмебошад.
Намояндаи ҳизби халқии демократи Абдуласейн Худоиев интихобкунандаи «бешуур»-ро хатари асоси барои баргузории интихоботи мунсифона ва интихоби вакили арзанда мешуморад ва ба хотири баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии интихобкунандагон густариш додани корҳои тарғиботию ташвиқоти бештарро дар байнашон муҳим мешуморад.
Аммо намонядаи ташкилоти ҷамъиятии «Ҷомеа ва ҳуқуқ» Аловуддин Меҳмонов бар ин назар аст, ки агарчанде дар роҳ ба сӯи интихоботи шаффоф ҳануз ноҳамвориҳо ва монеаҳои зиёд вуҷуд хоҳанд дошт, вале бо ин ҳама нигарониҳо барои интихоботи ояндаи порлумони авзои бештари мусоид фароҳам шудааст ва аҳзоби сиёсӣ бояд аз чунин имконият истифода кунанд.
Табодули афкори намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии минтақа дар мизи гирд таҳти унвони «Роҳҳои баргузории интихоботи шаффоф ва демократӣ» бо ибтикори маркази дастгирии ҷомеаи шаҳрвандии «Қалам» дар Хоруғ баргузор шуд.
Танзимгари барнома Назарбек Мамадназаров интихоботро омили муҳими такон бахшидани ҷомеаи шаҳрвандӣ арзёбӣ намуда гуфт, ки моҳияти интихобот бо рӯзи баргузории он ва муайян шудани ғолибон ба итмом намерасад ва марказ ҳамчунин кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар таъмини равобити давомдор ва муассири байни интихобкунанда ва вакилони оянда саҳм бигирад.