Созмони Афви Байнулмилал ё Amnesty International мегӯяд, давлати Тоҷикистон натавонистааст, занонро аз хушунат ва нақзи ҳуқуқи инсонии онҳо ҳимоят кунад. Занон дар Тоҷикистон сари ҳар қадам мавриди бадрафтории ҷисмонӣ, равонӣ ва ҷинсӣ қарор мегиранд.
Афви Байнулмилал мегӯяд, мақомоти давлат бояд нақзи ҳуқуқи занонро на кори хонаводагӣ, балки ҷурми иҷтимоӣ шуморанд ва мавриди таъқибу муҷозот қарор диҳанд.
Дар робита ба ин гузориши созмони Афви Байнулмилал гуфтугӯе доштем, бо муаллифи он, Андреа Страссер-Каманӣ ва нахуст аз ӯ пурсидем, чӣ гуна метавон ҳамин мавзеъгирии деринаро, ки латукӯби зан ё бадрафторӣ ба ӯ як кори оилавист, аз зеҳни аҳли ҷомеа берун кард ва ба тағйири вазъ роҳ кушод?
Ин як мушкили бузург аст, вақте бахши аъзами аҳолӣ хушунатро масъала намешуморад ва бисёриҳо тамоюл доранд, аз он истифода кунанд...
Андреа Страссер-Каман: "Ҳарчанд мо арқому далели зиёд дорем, ки пазироии густардаи ҷомеаро аз чунин мавзеъгирӣ тасдиқ мекунад, яъне қобили қабул будани хушунати алайҳи занонро, мо ҳамчунин дар кишвар теъдоди зиёди занони фаъолеро дорем, ки бо чунин ҷиноятҳо мубориза мебаранд ва ё талош доранд, мубориза баранд, хурофотро аз байн баранд ва ақидаи умумиро тағйир диҳанд, то ки зӯроварӣ ба зан дар мамлакат ғайри қобили қабул гардад ва умеди бузурге ба мардуми фаъоли Тоҷикистон дорем, ки чунин муносибатро ба чолиш кашанд. Ва, албатта, инро ҳам бояд гуфт, ки дар байни аъзои ҳукумат низ онҳое ҳастанд, ки талош доранд, роҳи ҳалле пайдо кунанд ва барномаҳоеро ба тасвиб расондаанд, вале то ҳол мушкилиҳои зиёде мавҷуданд, махсусан дар робита ба захираву воситаҳо ва иродаи қавитари сиёсӣ дар татбиқи амалии барномаҳо. Вале мо гуфта метавонем, он ҷо мардумоне ҳастанд, ки аз масъала бисёр огоҳии хуб доранд ва кӯшиш доранд, коре кунанд. Албатта, ин як мушкили бузург аст, вақте бахши аъзами аҳолӣ хушунатро масъала намешуморад ва бисёриҳо тамоюл доранд, аз он истифода кунанд."
Радиои Озодӣ: То ҷое ки ба назар мерасад, ҳатто занони таҳсилдида, ки метавонанд, аз ҳаққи худ дифоъ кунанд, низ мавриди хушунат қарор мегиранд. Ин ҳам дар ҳоле ки ҷомеаи Тоҷикистон мардсолор аст. Оё дар чунин ҳолат танҳо ба умеди созмонҳои ғайридавлатӣ, чанде аз фаъолон ва кормандони сатҳи поёнии ҳукумат метавон фикр кард, ки масъала имкони ҳал шуданро дорад?
Андреа Страссер-Каман: "Албатта, не. Биноан мо дар тавсияҳои худ тақозо дорем, ки ҳукумат бояд мудохила кунад. Бояд барномаро сармоягузорӣ ва иҷрои онро таъмин кунад. Тоҷикистон барномаи мушаххас дорад ва ҳам шӯрои ҳамоҳангии ҷилавгирӣ аз хушунат ва
Онҳое, ки сабти расмии издивоҷ надоранд дар дифоъ аз ҳуқуқи худ бо душвориҳои шадид рӯбарӯянд...
кумитаи марбута низ. Аммо сармоягузории мушаххас ва тарҳи рӯшани иҷрои барнома мавҷуд нест. Мо ҳамчунин мехоҳем иродаи қавии сиёсиро дар ҳамаи сатҳҳо ангезиш диҳем, ки барнома дар ҳоли шиори холӣ боқӣ намонад. Зеро бо иродаи ҳақиқии сиёсӣ наметавон ба пеш ҳаракат кард. Қонунҳо бояд иҷро шаванд ва ҳамчунин тарҳи қонуне, ки ҳимояти иҷтимоӣ аз хушунати хонаводагиро таъмин мекунад, бояд ба тасвиб расад. Он дар ҳоли ҳозир дармондааст ва ирода даркор аст, ки ин ташаббус амалӣ гардад ва ҳамчунин ва нақшаи мушаххаси иҷрои он омода гардад. ман фикр мекунам, бисёре аз хостҳо танҳо забониянд ва азми ҷиддии татбиқи онҳо ва хатти муайяни шеваи татбиқи онҳо мавҷуд нест."