Яке аз хонандагони сомонаи мо пурсидааст, чӣ касе метавонад вакили порлумони Тоҷикистон интихоб шавад. Тибқи қонун, ҳар шахси аз 25-сола боло, ки 5 ё 7 соли охир дар ин кишвар зистааст. Аммо...
Кумиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон қонуни конститутсионӣ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон»-ро санади муҳим ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ дар заминаи баргузории интихоботи шаффоф ва демократӣ арзёбӣ кардаанд.
Масъулони ин ниҳод ва вакилони порлумон мегӯянд, қонун ҳуқуқу шароитҳои мусоидро барои номзад ба вакил шудани шаҳрвандони алоҳида ва аҳзоби сиёсӣ фароҳам кардааст. Ин дар ҳолест, ки бархе аз ҳуқуқшиносон ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ бар ин назаранд, ки бо он ки қонуни интихобот аз лиҳози ҳуқуқӣ санади хубе аст, аммо иҷрои он дар амал ба таври бояду шояд сурат намегирад.
Дар Тоҷикистон шаҳрвандон дар чорчӯби муқаррароти қонун «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон» ҳуқуқи номзад ба аъзои Маҷлиси Миллӣ - палатаи болоӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон -палатаи поёнии порлумони ин кишварро доранд.
Муҳибулло Додоҷонов, раиси дафтари Кумиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон, қонуни интихоботро беҳтарин санади ҳуқуқӣ арзёбӣ кард ва гуфт, шаҳрвандони кишвар ҳақ доранд, то бар асоси ин қонун номзад ба аъзогии Маҷлиси Миллӣ ва вакилии Маҷлиси Намояндагон шаванд.
Ҳамчунин бар асоси ин қонун, афроде, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудаанд ва ё доғи додгоҳӣ надоранд, метавонанд номзад ба аъзои Маҷлиси Миллӣ ва вакили Маҷлиси Намояндагони порлумон шаванд. Аммо суоли дигари матраҳ низ ин аст, кӣ ҳаққи интихоб ба узвияти Маҷлиси Олии Тоҷикистонро надорад.
Муҳибулло Додоҷонов, раиси дафтари Кумиссиюни марказии интихобот, дар робита гуфт, «шаҳвандоне, ки додгоҳ онҳоро ғайриқобили амал донистааст, ё бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ нигоҳ дошта мешаванд ва ё бо қарори додгоҳ дар муассисаҳои табобати маҷбурӣ мебошанд, хизматчиёни ҳарбии қувваҳои мусаллаҳ, дигар қушуну сохторҳои ҳарбӣ, вазорату идораҳо, шаҳрвандоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои барқасдонаи вазнин маҳкум шудаанд, шаҳрвандоне, ки доғи додгоҳиашон бардошта нашудааст ва ғайра» ҳаққи узвияти Маҷлиси Олии Тоҷикистонро надоранд.
Бо ин ки чунин талаботе қонун барои шаҳрвандон дар заминаи номзад шудан ва ё нашуданро додааст, аммо бештари ҳуқуқшиносон ва коршиносони арсаи интихобот бар ин назаранд, ки дар бештари мавридҳо муқаррароти қонун сарфи назар мешавад.
Ҳамчунин Сайфуллозода шодравон вазири собиқи корҳои дохилӣ Ҳумдин Шарифов, раиси пешини кумитаи марзбонӣ Абдураҳмон Азимов ва ҳамчунин Абдуманон Холиқовро аз ҷумлаи афроди сохторҳои қудратӣ медонад, ки дар порлумон фаъолият карданд. Ин дар ҳолест, ки бо наздик шудани поёни давраи фаъолияти Маҷлиси Намояндагон дар ҳафтаи гузашта Абдуманон Холиқов ба вазифаи муовини вазири адлияи Тоҷикистон тайин гардид.
Аз сӯи дигар бар асоси моддаи 33 қонун «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ» ходимони касбии ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои динӣ, ҳангоми дар вазифа буданашон ҳуқуқи узвият ва вакили Маҷлиси Олӣ шуданро надоранд. Ин дар ҳолест, ки Шокирҷони Ҳаким, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, ин банди қонун низ дар таҷрибаи порлумонии Тоҷикистон нақз шудааст.
Ҳуқуқшинос меафзояд, «агар мо ба ҳайати сифатии Маҷлиси Олӣ мутаваҷҷеҳ шавем, пас воқеан Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода сиёсатмадор аст ва ба соҳибкорӣ машғул аст. Ва ин хилофи қонун нест. Вале ҳамзамон ӯ бештар ҳамчун ходими динӣ ва олими пазируфташудаи соҳаи дин на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз қаламрави ин кишвар пазируфта шудааст. Яъне ин ҷо мухолифати меъёри қонун ва таҷрибаи сиёсӣ ба назар мерасад. Вале ба таври усулӣ худи ҳамин меъёр хилофи асноди байнулмилалӣ ва қонуни асосӣ аст».
Аммо Алишер Сафаров, ҳуқуқшиноси Кумиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон, ин иддаоро рад кард ва гуфт, «Акбар Тӯраҷонзода ҳангоми номзад пешбарӣ шуданаш дар он замон ягон вазифаи касбиеро дар ташкилотҳои динӣ надоштанд, барои ҳамин ба сифати номзади Маҷлиси Миллӣ ба қайд гирифта шудаанд ва минбаъд ба унвони аъзои Маҷлиси Миллӣ аз сӯи раисиҷумҳур таъин гардид».
Дар ҳамин ҳол он чи бештар мояи нигаронии мунтақидон аст, ин аст, ки бо он ки палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон як ниҳоди қонунгузори касбӣ хонда мешавад, аммо дар асл манофеи ҳизби халқӣ демократро ки дар раъси он Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, дифоъ мекунад. Ин аст, ки ба гуфтаи онҳо, дар интихоб ва муаррифии номзадҳо ба порлумон на ҳамеша талаботи қонун ба назар гирифта мешавад ё ҳадди аққал талош мешавад, шеваҳои мухталифе барои мутобиқ гардондан ба муқаррароти қонун амалӣ шавад.
Дар ҳар сурат шаҳрвандон барои номзад шудан ба вакили порлумон, дар канори аризаи розигӣ ба комиссияи интихоботӣ, протокол бо қарори анҷуман ё конференсияи ҳизби сиёсӣ, мақомоти шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб дар бораи пешбарии номзад, маълумот оид ба тарҷумаи ҳол бо зикри ному насаб, санаи таваллуд, ҷои кор, мансаби ишғолкардааш ва маҳалли зист, маълумот дар бораи ҳаҷм ва манбаи даромад, маълумоти тиббӣ дар бораи солимии рӯҳӣ, ҳуҷҷат дар бораи гарави интихоботӣ, ки ҳоло ҳудуди 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, имзои 500 нафар аз интихобкунандагон ва маълумот дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашуданро ба комиссияи интихоботӣ пешниҳод мекунад.
Дар ниҳоят вакили Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Миллӣ барои панҷ сол интихоб ва ё тайин мешаванд. Ҳарчанд палатаи поёнӣ 63 вакил ва палатаи болоӣ 34 нафар аъзо дорад. 65 дарсад ё 41 нафар вакилони Маҷлиси Намояндагон аз ҳавзаҳои якмандатӣ дар асоси райъи воҷидони шароити райъ ва 35 дарсад ё 22 нафар аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мутаносибан ба шумораи райъи овозҳое, ки ба феҳрасти номзадҳои аз тарафи ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳодгардида дода шудаанд, интихоб карда мешаванд.
Аммо 25 нафар аз аъзои Маҷлиси Миллӣ дар асоси намояндагии манфиатҳои минтақаӣ интихоб ва 8 нафар аъзои дигар тавассути президент таъйин карда мешаванд. Ҳамчунин раисони ҷумҳури собиқ узви якумраи Маҷлиси Миллӣ мебошад, агар ӯ аз истифодаи ин ҳақ даст накашад. Ҳамакнун бо он ки Қаҳҳор Маҳмаков, нахустин президенти Тоҷикистон узви Маҷлиси Миллӣ аст, вале то ҳол дар мавриди аъзогиаш ба даври баъдии ин Маҷлис изҳори назаре накардааст.
Масъулони ин ниҳод ва вакилони порлумон мегӯянд, қонун ҳуқуқу шароитҳои мусоидро барои номзад ба вакил шудани шаҳрвандони алоҳида ва аҳзоби сиёсӣ фароҳам кардааст. Ин дар ҳолест, ки бархе аз ҳуқуқшиносон ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ бар ин назаранд, ки бо он ки қонуни интихобот аз лиҳози ҳуқуқӣ санади хубе аст, аммо иҷрои он дар амал ба таври бояду шояд сурат намегирад.
Дар Тоҷикистон шаҳрвандон дар чорчӯби муқаррароти қонун «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон» ҳуқуқи номзад ба аъзои Маҷлиси Миллӣ - палатаи болоӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон -палатаи поёнии порлумони ин кишварро доранд.
Муҳибулло Додоҷонов, раиси дафтари Кумиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон, қонуни интихоботро беҳтарин санади ҳуқуқӣ арзёбӣ кард ва гуфт, шаҳрвандони кишвар ҳақ доранд, то бар асоси ин қонун номзад ба аъзогии Маҷлиси Миллӣ ва вакилии Маҷлиси Намояндагон шаванд.
Муҳибулло Додоҷонов, раиси дафтари Кумиссиюни марказии интихоботии Тоҷикистон қонуни интихоботи кишварро беҳтарин санади ҳуқуқӣ медонад
Вай афзуд, «тибқи моддаи 28, қонуни интихобот, вакили Маҷлиси Намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки ба синни 25-солагӣ расида, соҳиби маълумоти олӣ ва ҳадди аққал панҷ соли охир дар Тоҷикистон зиндагӣ карда бошад. Ҳамчунин тибқи моддаи 29, аъзои Маҷлиси Миллӣ шахсе интихоб ва таъин мешавад, ки ба синни 35-солагӣ расида, соҳиби таҳсилоти олӣ ва ҳадди аққал ҳафт соли ахир шаҳрванди Тоҷикистон бошад». Ҳамчунин бар асоси ин қонун, афроде, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудаанд ва ё доғи додгоҳӣ надоранд, метавонанд номзад ба аъзои Маҷлиси Миллӣ ва вакили Маҷлиси Намояндагони порлумон шаванд. Аммо суоли дигари матраҳ низ ин аст, кӣ ҳаққи интихоб ба узвияти Маҷлиси Олии Тоҷикистонро надорад.
Муҳибулло Додоҷонов, раиси дафтари Кумиссиюни марказии интихобот, дар робита гуфт, «шаҳвандоне, ки додгоҳ онҳоро ғайриқобили амал донистааст, ё бо ҳукми суд дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ нигоҳ дошта мешаванд ва ё бо қарори додгоҳ дар муассисаҳои табобати маҷбурӣ мебошанд, хизматчиёни ҳарбии қувваҳои мусаллаҳ, дигар қушуну сохторҳои ҳарбӣ, вазорату идораҳо, шаҳрвандоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои барқасдонаи вазнин маҳкум шудаанд, шаҳрвандоне, ки доғи додгоҳиашон бардошта нашудааст ва ғайра» ҳаққи узвияти Маҷлиси Олии Тоҷикистонро надоранд.
Бо ин ки чунин талаботе қонун барои шаҳрвандон дар заминаи номзад шудан ва ё нашуданро додааст, аммо бештари ҳуқуқшиносон ва коршиносони арсаи интихобот бар ин назаранд, ки дар бештари мавридҳо муқаррароти қонун сарфи назар мешавад.
Ҳикматулло Сайфуллозода, корманди маркази таҳлилии "Диалог", мегӯяд, бар хилофи қонуни интихобот бархе аз намояндагони мақомоти қудратии кишвар дар интихобот ширкат мекунанд
Аз ҷумла Ҳикматулло Сайфуллозода, корманди Маркази таҳлилии «Диалог», дар ин бора гуфт, «ошкортар сари мақомоти қудратӣ дар ин ҷо матраҳ аст, ки наметавонанд ба таври мустақим ё ғайримустақим номзад шаванд ва вакил интихоб гарданд. Ин гуна афрод, ҳадди аққал генерал Раҷабов аз Вазорати корҳои дохилӣ ва генерал Саодат Амиршоева дар интихоботи миёндавраӣ интихоб гардида буданд. Ин гуна корҳо зоҳирӣ аст, онҳо дар як марҳила ҳамчун истеъфорафта дар порлумон ҳастанд ва агар аз он раванд боз ба мақоми дигаре мансуб мешаванд».Ҳамчунин Сайфуллозода шодравон вазири собиқи корҳои дохилӣ Ҳумдин Шарифов, раиси пешини кумитаи марзбонӣ Абдураҳмон Азимов ва ҳамчунин Абдуманон Холиқовро аз ҷумлаи афроди сохторҳои қудратӣ медонад, ки дар порлумон фаъолият карданд. Ин дар ҳолест, ки бо наздик шудани поёни давраи фаъолияти Маҷлиси Намояндагон дар ҳафтаи гузашта Абдуманон Холиқов ба вазифаи муовини вазири адлияи Тоҷикистон тайин гардид.
Аз сӯи дигар бар асоси моддаи 33 қонун «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ» ходимони касбии ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои динӣ, ҳангоми дар вазифа буданашон ҳуқуқи узвият ва вакили Маҷлиси Олӣ шуданро надоранд. Ин дар ҳолест, ки Шокирҷони Ҳаким, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, ин банди қонун низ дар таҷрибаи порлумонии Тоҷикистон нақз шудааст.
Ҳуқуқшинос меафзояд, «агар мо ба ҳайати сифатии Маҷлиси Олӣ мутаваҷҷеҳ шавем, пас воқеан Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода сиёсатмадор аст ва ба соҳибкорӣ машғул аст. Ва ин хилофи қонун нест. Вале ҳамзамон ӯ бештар ҳамчун ходими динӣ ва олими пазируфташудаи соҳаи дин на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз қаламрави ин кишвар пазируфта шудааст. Яъне ин ҷо мухолифати меъёри қонун ва таҷрибаи сиёсӣ ба назар мерасад. Вале ба таври усулӣ худи ҳамин меъёр хилофи асноди байнулмилалӣ ва қонуни асосӣ аст».
Аммо Алишер Сафаров, ҳуқуқшиноси Кумиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон, ин иддаоро рад кард ва гуфт, «Акбар Тӯраҷонзода ҳангоми номзад пешбарӣ шуданаш дар он замон ягон вазифаи касбиеро дар ташкилотҳои динӣ надоштанд, барои ҳамин ба сифати номзади Маҷлиси Миллӣ ба қайд гирифта шудаанд ва минбаъд ба унвони аъзои Маҷлиси Миллӣ аз сӯи раисиҷумҳур таъин гардид».
Ҳуқуқшинос Шокирҷони Ҳаким бар ин бовар аст, ки банди қонун дар мавриди ширкати ходимони дин дар интихоботи порлумонӣ низ нақз шудааст
Ин дар ҳолест, ки Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз чеҳраҳои саршиноси собиқ Иттиҳоди мухолифини давлат ва рӯҳонии маъруф бар асоси саҳмияи 30 дарсадии мувофиқатномаи сулҳи миёни тоҷикон аз соли 1999 то соли 2004 дар мансаби муовини аввали нахуствазир фаъолият кард ва дар интихоботи соли 2005, аз сӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон вакили Маҷлиси Миллӣ таъин гардид. Ба ин далел соҳибназарон мансубияти Тӯраҷонзода ба ин мақомро ба салоҳияти раисиҷумҳур марбут донистанд. Дар ҳамин ҳол он чи бештар мояи нигаронии мунтақидон аст, ин аст, ки бо он ки палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон як ниҳоди қонунгузори касбӣ хонда мешавад, аммо дар асл манофеи ҳизби халқӣ демократро ки дар раъси он Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, дифоъ мекунад. Ин аст, ки ба гуфтаи онҳо, дар интихоб ва муаррифии номзадҳо ба порлумон на ҳамеша талаботи қонун ба назар гирифта мешавад ё ҳадди аққал талош мешавад, шеваҳои мухталифе барои мутобиқ гардондан ба муқаррароти қонун амалӣ шавад.