Роҳи пурхарҷ ва печида то курсии порлумон

Бинои порлумони Тоҷикистон

Гаравпулии номзадҳо дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама гаронтар ва баробар ба 1500 доллар аст.
Ин дар ҳолест, ки ин кишвар қашшоқтарин дар минтақа аст. Ба гуфтаи Григорий Кулеш, сарвари бахши иттилоотиву таҳлилии Комиссиюни марказии интихоботи Қазоқистон, «миқдори гарави интихоботи кишвари доротарини минтақа низ тақрибан баробар ва ҳатто аз гарави интихоботи Тоҷикистон камтар, яъне тақрибан 1400 доллар аст».

Ҳокимият бо гузоштани ин садд талош мекунад, ки шумораи хоҳишмандони ширкат дар интихоботро маҳдуд созад ва ба ҳокимияти иҷроияву ниҳоди қонунбарор одамони дилхоҳ ва итоаткори хешро роҳ диҳад ...
Вале бояд таъкид намуд, ки якуним ҳазор доллар гарави интихоботи Тоҷикистон баробар ба 200 нишондиҳандаи ҳисоб асту 1400 доллар гарави қазоқҳо ҳамагӣ 15 нишондиҳандаи ҳисоб. Ҳамчунин дар Қазоқистон интихоботи порлумонӣ тибқи феҳристи ҳизбӣ сурат мегирад ва аҳзоб тибқи шумораи номзадҳояшон бояд ба суратҳисоби комиссиюни интихобот гарав биспоранд.

Дар Қирғизистон низ интихоботи порлумонӣ бар асоси феҳристи ҳизбӣ ҷараён мегирад ва дар ин ҷо ширкат дар интихобот барои аҳзоби сиёсӣ, ки шумораашон наздик ба 100 мерасад, чандон сангин нест. Зеро, тавре Амонқул Молдалиев, сарвари бахши ташкиливу ҳуқуқии Комиссиюни марказии интихоботи Қирғизистон, ба радиои Озодӣ гуфт, «аҳзоби сиёсии кишвар ҷиҳати ширкат дар интихоботи порлумонӣ бояд 5000 баробари нишондиҳандаи ҳисоб, ки 100 сом аст, яъне 500 ҳазор сом, ё беш аз 11 ҳазор доллар бипардозанд».

Оқои Молдалиев афзуд, бо пардохти ин маблағ ҳизб метавонад, феҳристи ҳизбиашро барои 90 курсии порлумон пешниҳод намояд. Вале сарфи назар аз чандон боло набудани гарав дар интихоботи порлумонии гузашта ҳамагӣ анқариб 10 ҳизби сиёсии кишвар дар интихобот ширкат доштанд.

Дар Ӯзбакистон бошад, тавре сиёсатшиноси ӯзбак Фарҳод Толибов изҳор кард, «аҳзоб барои ширкат дар интихоботи порлумонӣ комилан гарав намепардозанд ва ҳатто ҳукумат ба он номзадҳое, ки баъди дар комиссиюни интихобот сабти ном шуданашон барои ширкат дар гуфтугӯҳои телевизионӣ шароити баробар муҳайё мекунад ва бо ҳамин ба номзадҳо ва аҳзоб ба андозае ёрии моддӣ мерасонад».

Вале сиёсатшиноси дигари ӯзбак Тошпӯлод Юлдошев дар бораи, ба истилоҳ, вижагии дигари интихоботи порлумонии Ӯзбакистон ҳарф мезанад. Ба гуфтаи сиёсатшинос, «ҳарчанд дар интихобот гарави интихоботӣ нест, вале дар ин ҷо пешбарии номзадҳо озодона сурат намегираду ҳеч номзад мустақилона пешбарӣ намегардад ва ҳама ҳизби ширкаткунандаи интихобот ҳукуматгаро ҳастанд ва ҳокимият касеро бихоҳад, ӯро пешбарӣ мекунад. Аз сӯи дигар, дар кишвар аҳзоби мухолифин фаъолият намекунанд ва ҳама намояндаи онҳо дар хориҷа паноҳ бурдаанд ва ё дар маҳбас ҳастанд».

Бинои порлумони Узбакистон. Ширкат дар интихоботи порлумонии ин кишвар бе гаравпулӣ сурат мегирад, вале пешбарии номзадҳо озодона нест.
Аз ин хотир, тавре оқои Юлдошев таъкид мекунад, ҳатто дар ҳолати доштани маблағ низ номзадҳои барои ҳукумат номатлуб дар интихобот ширкат карда наметавонанд.

Дар дигар кишварҳои минтақа, мисли Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистон, тавре аҳли назар ва коршиносони минтақа таъкид мекунанд, гарави интихоботӣ барои номзадҳои озод ва ағлаби аҳзоб садди сангине гардидаанд. Эдуард Полетаев, сиёсатшинос ва сардабири маҷаллаи «Мир Евразии», мегӯяд, «мушкили ҷиддӣ дар ин аст, ки ҳокимият бо гузоштани ин садд талош мекунад, ки шумораи хоҳишмандони ширкат дар интихоботро маҳдуд созад ва ба ҳокимияти иҷроияву ниҳоди қонунбарор одамони дилхоҳ ва итоаткори хешро роҳ диҳад».

Сиёсатшиноси дигари қазоқ Дос Кошим, ки солҳои қабл Шабакаи нозирони мустақили Қазоқистонро сарварӣ мекарду аз вижагиҳои интихоботи кишварҳои минтақа огоҳ аст, мегӯяд, «ин кишварҳо гаравро барои он мондаанд, ки ба порлумон ғолибан одамони дилхоҳи худашон роҳ ёбанд ва ба ин васила аз ворид шудани рӯшанфикрону сиёсатмадорони тавонои мухолифин ба ниҳоди қонқунбарори кишварашон ҷилавгирӣ намоянд».

Дар робита ба гарави интихоботи Тоҷикистон оқои Кошим афзуд, «барои ин кишвар ин маблағи басо ҳангуфт аст ва ағлаби номзадҳо, ки дар интихобот ширкат кардан мехоҳанд, чунин маблағро дарёфт карда наметавонанд. Ба ин васила ағлаби номзаде, ки мардум аз онҳо ҷонибдорӣ мекунанд, аз ин маъракаи сиёсӣ берун мемонанд ва ин садди маснуиест, барои ашхоси бидуни дороӣ. Вале барои сарватмандон ва ҳизби ҳоким пайдо кардани ин маблағ чандон мушкил нест» .

Сиёсатшиноси қазоқ бар ин назар аст, ки бо назардошти вазъи иқтисодии имрӯзаи Тоҷикистон бояд гаравро кам кард ва ё комилан ин саддро аз байн бардошт, то мардум на танҳо одамони сарватманд, балки онҳоеро интихоб карда тавонанд, ки ба онҳо бовар доранд.

Дар акси ҳол, таъкид мекунад оқои Кошим, ба порлумон сарватмандон ва намояндагони ҳизби ҳокими кишвар шомил мегарданд ва боз ниҳоди қонунбарори кишвар чун дар дигар кишварҳои минтақа ба порлумони хомӯшон ва иҷрокунандаи хостаҳои мардум не, балки ба ҷо оварандагони фармудаи ҳокимияти иҷроия табдил хоҳад ёфт.