Ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия аз мақомоти кишвар талаб карданд, ки бо гурӯҳҳои пинҳонкори фашистиву миллатгаро мубориза баранд.
Онҳо ҳамзамон аз гурӯҳҳои зиддифашистӣ даъват кардаанд, ки аз хушунат алайҳи миллатгароҳо даст бардоранд. Зери ин нома раҳбари гурӯҳи Хелсинки Людмила Алексеева, раиси созмони “Мемориал” Арсений Рогинский, сарвари ҷунбиши “Барои ҳуқуқи башар” Лев Пономарёв ва дигар ҳомиёни ҳуқуқи башар имзо гузоштаанд.
Низоъ миёни гурӯҳҳои миллатгаро ва ҷунбиши зиддифашистии Русия баъд аз куштори Иван Хуторский, яке аз фаъолони ҷунбиши зиддифашистӣ, дар шаҳри Маскав тезутундтар шуд. Хуторский шоми душанбе дар даромадгоҳи манзили зисташ ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Ба гуфтаи раиси Кумитаи тафтишоти Маскав Анатолий Багмет, афроди ношинос ба паси сари Хуторский ду тир задаанд.
Дар ҳоле, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад, ҳаммаслакони Хуторский ангушти иттиҳом сӯи гурӯҳҳои фашистиву миллатгаро карданд. Иван Хуторский, ки бо лақаби “Иван Костолом” маъруф буд ва душмани сарсахти миллатгароҳо маҳсуб мешуд, аз ин пеш ду бор мавриди ҳамла қарор гирифта буд ва ба ӯ аз тариқи сомонаҳои миллатгарои Русия чанд бор таҳдиди куштан карда буданд.
Антифа ва ё зиддифашистҳо эълом доштанд, ки ин амали миллатгароҳоро бидуни посух боқӣ нахоҳанд гузошт. Ахиран тақрибан 70 тан аз аъзои ҷунбиши зиддифашистӣ дафтари ҷунбиши кремлии ҷавонон мавсум ба “Россия молодая”, ё “Ромол”-ро муҳосира карданд ва ба дохили он оташпора афканданд.
Антифа ин амали худро чун ҳушдор ба раиси ҷунбиши “Ромол” ва вакили Думаи давлатӣ Максим Мишенко арзёбӣ намуданд, ки, ба гуфтаи онҳо, аз миллатгароҳои рус пуштибонӣ ва бо ҷунбиши “Русский образ” ҳамкорӣ мекунад. Зимнан, “Россия молодая” ниҳодест, ки бо ибтикори раисиҷумҳури вақти Русия Владимир Путин таъсис шудааст. Коршиносон мегӯянд, ки вақтҳои ахир ин ниҳоди нимадавлатӣ бештар пуштибони ғояҳои миллатгароҳо ваё фошистҳои навбаромади рус аст.
Ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия дар номаи худ аз Антифа даъват кардаанд, ки “ба дасисаҳо ҳамроҳ нашаванд ва аз хушунат даст бардоранд”. Онҳо ҳамзамон аз мақомоти Русия даъват кардаанд, ки нерӯи мақомоти ҳифзи тартиботро барои мубориза бо гурӯҳҳои пинҳонкори фашистӣ сафарбар намояд.
Лев Пономарёв, яке аз муаллифони нома, мегӯяд, ки агар мақомоти сари вақт аз эҳёи фашизм дар Русия ҷилавгирӣ мекарданд, вазъ ин қадар доғ намешуд. Ба гуфтаи ӯ, “ҷунбиши зиддифашистӣ ин як ҳаракати бошуурона ва иҷтимоиву сиёсист, ин ҷавонон наметавонанд он чизро таҳаммул кунанд, ки дар кишвари мо миллатгароӣ эҳё мешавад. Агар мақомот аз эҳёи фашизм ҷилавгирӣ мекарданд, он вақт ин амалҳо то ин дараҷа хушунатомез намебуданд”.
Дар ҳамин ҳол муаллифи дигари нома Людмила Алексеева мегӯяд, ки ӯ аз амали ахири Антифа, яъне ҳамла ба дафтари ҷунбиши “Россия молодая” пуштибонӣ намекунад, зеро низоъ низоъи навро бармеангезад. Вай меафзояд, “роҳҳои дигари намоиши мухолифати зиддифашистҳо мавҷуд аст. Шахсан ман муқобили ҳама гуна хушунатам, ва ин ҳамла, албатта, хушунатомез буд. Ман ин гуна шаклҳои муборизаро қабул надорам. Ва аммо ин маънои онро надорад, ки мо пуштибонӣ аз гурӯҳҳои зиддифашистиро қатъ мекунем. Вале аз амали ахири онҳоро мо дақиқан пуштибонӣ нахоҳем кард”.
Мақомоти ҳифзи тартиботи Русия аз он нигаронанд, ки маросими дафни Иван Хуторский шояд ба низоъи нав миёни гурӯҳҳои миллатгаро ва антифа табдил шавад. Зимнан, раҳбарони ҷунбиши зиддифашистӣ ҳам рӯзу соати дафни Хуторскийро махфӣ нигоҳ медоранд.
Ҷунбиши зиддифашистҳо, ки онро Ҷомеаи сартарошидаҳои сурх ва анархистҳо ва R.A.S.H. низ меноманд, якуми январи соли 1993 дар Ню-Йорк таъсис шудааст ва айни ҳол дар ИМА, Олмон, Италия, Колумбия, Русия ва дигар кишварҳо намояндагиҳо дорад. Онҳо алайҳи гурӯҳҳои фашистӣ, нажодпараст ва, ба гуфтаи худашон, империалистӣ мубориза мебаранд ва аз намояндагони дигар қавму миллатҳо ва, аз ҷумла, аз муҳоҷирони корӣ дифоъ мекунанд.
Низоъ миёни гурӯҳҳои миллатгаро ва ҷунбиши зиддифашистии Русия баъд аз куштори Иван Хуторский, яке аз фаъолони ҷунбиши зиддифашистӣ, дар шаҳри Маскав тезутундтар шуд. Хуторский шоми душанбе дар даромадгоҳи манзили зисташ ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Ба гуфтаи раиси Кумитаи тафтишоти Маскав Анатолий Багмет, афроди ношинос ба паси сари Хуторский ду тир задаанд.
Ахиран аъзои ҷунбиши зиддифашистӣ дафтари ҷунбиши кремлии ҷавонон мавсум ба "Россия молодая"-ро муҳосира карданд ва ба дохили он оташпора афканданд ...