Вакилони хомӯшу хоболуди порлумони Тоҷикистон

Як хонандаи сомонаи мо изҳори тааҷҷуб кард, ки бахши аъзами вакилони порлумон ҳарфе барои гуфтан надоранд. Мо дар ин масъала пажӯҳише анҷом додем.
Аксари тугмаҳои раъйи «Ҳа» дар толори ҷаласаҳои порлумони Тоҷикистон бар асари пахш кардани зиёд суфта шуда ва ранги худро бохтаанд.

Ин дар ҳолест, ки ранги тугмаҳои раъйи муқобил, яъне «Не» ба фарқ аз тугмаҳои «Ҳа» хеле ҳам хонову равшан боқӣ мондаанд ва мисле, ки ҳеҷ гоҳе рӯи он даст нарасонидаанд.

Як тан аз вакилони порлумони Тоҷикистон, ки дар ин бора ҳикоят мекард, гуфт, бештари вакилони имрӯза ҳарфе барои гуфтан надоранд ва аз ин рӯ онҳо тарҳҳо ва пешнависҳоеро, ки ҳукумат барои тасвиб мефиристад, хомӯшу сокит қабул мекунанд.

Вазъ то ба ҳадде тааҷҷуб ва таассуфангез аст, ки бархе аз вакилонро ҳатто дар ҳавзае, ки онҳо интихоб шудаанд, намешиносанд ...
Зимнан мавзӯи порлумони хомӯшу ором ва вакилони хоболуду сокит дар расонаҳои гурӯҳӣ ва маҳофили сиёсии кишвар низ дар ин чанд гоҳи ахир бештар садо медиҳад. Албатта ин бесабаб нест, зеро чун замони баргузории интихоботи нави порлумонӣ дар Тоҷикистон наздиктар мешавад, арзёбии фаъолияти порлумони имрӯза ва таваҷҷӯҳи ҷомеа ба шахсияти вакилони оянда афзоиш меёбад.

Барои аксарият мояи тааҷҷуб аст, ки чаро чунин вакилони сокит, ки ҳарфе барои гуфтан надоранд, ба Маҷлис роҳ меёбанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки вакили порлумон намояндаи ин ва он минтақа ва созмони сиёсӣ дар ниҳоди олии қонунгузории кишвар аст.

Бар пояи матолиби мунташира дар матбуоти даврӣ, ҳоло шумори вакилони сокит ва хомӯш дар порлумон ба маротиб бештар мебошанд. Хуршеди Атовулло, сардабири нашрияи «Фараж», дар робита ба рейтинги вакилони порлумон тарҳи хосеро рӯи даст гирифтааст ва дар сафаҳоти ин нашрия натоиҷи ин назарсанҷӣ ҳар ҳафта мунташир мешавад.

Оқои Атовулло мегӯяд, вазъ то ба ҳадде тааҷҷуб ва тассуфангез аст, ки бархе аз вакилонро ҳатто дар ҳавзае, ки ӯ интихоб шудааст, намешиносанд.

Аммо ин дар ҳолест, ки ҷомеашинос Карим Абдулов иллати аслии ворид шудани вакилони хомӯш ва сокит дар порлумонро ба баргузории интихоботи ғайришаффофу ғайридемократӣ марбут медонад. Оқои Абдулов гуфт, азбаски нақши асосӣ дар интихоби вакилро авомиле чун ҷӯрабозиву ошнобозӣ таъин мекунад, ҳамин гуна вакилони хоболуду хомӯш ва ғайриҳирфаӣ шомили порлумон мешаванд.

Аз он ки қисмати аъзами курсиҳои порлумон ба намояндагони Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон тааллуқ дорад, табиист, ки бештари вакилони сокиту хомӯш низ намояндагони ин ҳизб мебошанд.

Давлаталӣ Давлатзода, муовини раиси ин ҳизб, дар як сӯҳбате бо радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар порлумони оянда аз ин ҳизб танҳо он вакилоне роҳ хоҳанд ёфт, ки фаъолияти хуб ва муассир доштанд.

Аммо маълум нест, ки ин навбат низ дар порлумони оянда вакилони сокиту хомӯш шумори асосиро ташкил хоҳанд дод ва ё нуфузи онҳо коста мешавад.

Вале бар ҳар сурат як масъалае, ки то ворид шудани вакилони нав дар толори порлумон бояд роҳи ҳал пайдо кунад, навсозии тугмаҳои ифодагари раъйи вакилон хоҳад буд. Зеро барои вакилони нав пахши тугмаҳои рангбохта ва суфта мушкил пеш меоварад.