Сомонаи расмии Тоҷикистон «Ховар» пешниҳоди Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, дар бораи афви Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, Ёқуб Салимов ва Ғаффор Мирзоевро, ки ба дунболи имзои қонуни афв аз ҷониби президенти Тоҷикистон матраҳ шуда буд, мавриди интиқоди шадид қарор дод.
Чанде қабл ҳамин гуна матлаби интиқодӣ алайҳи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон, низ бо қалами як гурӯҳе аз донишомӯзони тоҷик дар Миср мунташир шуда буд, ки ба эътиқоди ҷомеашиносони тоҷик, чунин бархурд баёнгари набуди таҳаммули сиёсӣ дар ин кишвар аст.
Яъне ин ба он маъност, ки ҳукумат намехоҳад бо аҳзоби дигарандеш ва шахсиятҳои соҳибнуфуз на танҳо ҳамкорӣ дошта бошад, балки баръакс таҳаммули шунидани ҳарфу пешниҳоди онҳоро надорад. Ва аз сӯи дигар иқдом ва ибтикори ин шахсиятҳо ва аҳзоб тавре арзёбӣ ва маънидод мешавад, ки пазируфтани онҳо барои ҷомеа зарар ба бор меоварад.
Амнияти Абдулназар, муовини аввали раиси ҲСДТ - аз аҳзоби мухолифи ҳукумати феълӣ, мегӯяд, камбуди фарҳанги таҳаммули сиёсӣ ва ба таври пайваста рад кардани пешниҳоди ҳатто созандаи дигарандешон аз тарафи мақомотро далел ин аст, ки ҳукумат намехоҳад норасоӣ ва нотавонии кори он дар ҷомеа ошкор шавад. Аз ин рӯ бо ҳамаи васоили зери даст даҳони мухолифинро мебандад.
Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар порлумони Тоҷикистон, мӯътақид аст, ки ҳассосияти ҳукумат дар баробари аҳзоби дигарандеш ва ҳамин тавр чеҳраҳои маъруф вобаста ба нуфуз ва мақоми онҳо дар ҷомеа аст. Оқои Кабирӣ гуфт, ки ӯ гоҳо дар матбуот ҳарфҳои интиқодии шадидтареро дар иртибот ба фаъолияти ҳукумат мебинад, вале чун ин ҳарфҳо аз сӯи баъзе аз ҳизбҳо ва шахсиятҳои алоҳида садо додаанд, мақомот таҳаммул ва шикебоиро аз даст медиҳад.
Зимнан коршиносон ва ҷомеашиносони тоҷик коҳиши таҳаммулпазирӣ дар ҳукумати Тоҷикистон ва дар инзиво қарор додани аҳзоби дигарандеш ва шахсиятҳои маъруфро дар вақтҳои ахир ба мушоҳида гирифтаанд.
Иброҳими Усмон, ҷомеашиноси тоҷик, мегӯяд, дар ҳоле, ки ниҳодҳои хоси давлатӣ хуб амал намекунанд ва қазовату тасмим дар дасти афроди алоҳида аст, ҳама чиз дар заминаи манфиати ин гурӯҳ ҳал мешавад, ҳатто таҳаммули сиёсӣ ва мизони ҳамкорӣ бо аҳзоб ва шахсиятҳои соҳибмақом низ аз ин дидгоҳ ва дар доираи ҳамин манфиатҳо маълум мешавад.
Дар ҳамин ҳол бештари таҳлилгарон бар ин назаранд, ки танқиди Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва ҳамин тавр Муҳиддин Кабирӣ дар сомонаи расмии Тоҷикистон «Ховар» шояд истифода аз ҳамон технологияи замони шӯравист, ки бо дасти афроди номаълум вале дар расонаи ҳукуматӣ анҷом шудааст.
Коршиносон мегӯянд, шунидани ҳарфу андешаи дигарон ҳанӯз иҷро ё қабули онро надорад, вале нишонаи он хоҳад буд, ки ҳукумат метавонад, яъне таҳаммул дорад, ки ҳарфи мухолифинашро ҳам бишнавад.
Ин ба он маъност, ки ҳукумат намехоҳад бо аҳзоби дигарандеш ва шахсиятҳои соҳибнуфуз на танҳо ҳамкорӣ дошта бошад, балки баръакс таҳаммули шунидани ҳарфу пешниҳоди онҳоро надорад ...
Амнияти Абдулназар, муовини аввали раиси ҲСДТ - аз аҳзоби мухолифи ҳукумати феълӣ, мегӯяд, камбуди фарҳанги таҳаммули сиёсӣ ва ба таври пайваста рад кардани пешниҳоди ҳатто созандаи дигарандешон аз тарафи мақомотро далел ин аст, ки ҳукумат намехоҳад норасоӣ ва нотавонии кори он дар ҷомеа ошкор шавад. Аз ин рӯ бо ҳамаи васоили зери даст даҳони мухолифинро мебандад.
Аммо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар порлумони Тоҷикистон, мӯътақид аст, ки ҳассосияти ҳукумат дар баробари аҳзоби дигарандеш ва ҳамин тавр чеҳраҳои маъруф вобаста ба нуфуз ва мақоми онҳо дар ҷомеа аст. Оқои Кабирӣ гуфт, ки ӯ гоҳо дар матбуот ҳарфҳои интиқодии шадидтареро дар иртибот ба фаъолияти ҳукумат мебинад, вале чун ин ҳарфҳо аз сӯи баъзе аз ҳизбҳо ва шахсиятҳои алоҳида садо додаанд, мақомот таҳаммул ва шикебоиро аз даст медиҳад.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, низ ахиран дар як матлаби "Ховар" аз номи як гурӯҳи донишҷӯён мавриди интиқоди шадид қарор гирифта буд
Ин дар ҳолест, ки Давлаталӣ Давлатзода, муовини аввали раиси ҲХД - ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон, чунин арзёбиҳоро, ки ҳукумати Тоҷикистон дар баробари интиқодот ва мавқеъгириҳои аҳзоби дигарандеш таҳаммул ва сабр надорад, нодуруст хонд. Оқои Давлатзода гуфт, Ҳизби халқӣ-демократӣ ва ҳукумати Тоҷикистон ҳар гуна ташаббус ва барномаҳои аҳзоби кишварро, ки барои рушду нумӯи Тоҷикистон мусоидат мекунад, дастгирӣ ва ҳамкорӣ мекунад.Зимнан коршиносон ва ҷомеашиносони тоҷик коҳиши таҳаммулпазирӣ дар ҳукумати Тоҷикистон ва дар инзиво қарор додани аҳзоби дигарандеш ва шахсиятҳои маъруфро дар вақтҳои ахир ба мушоҳида гирифтаанд.