Вазорати тандурустии Тоҷикистон намунаи хуни беш аз 166 нафар фарди гумонбар ба зукоми хукро барои ташхиси дақиқ ба лабораторияҳои сарпараст воқеъ дар шаҳри Лондони Бритониё фиристодааст. Аъзам Мирзоев, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон дар ин бора гуфт, «бале, ин намунаҳо ба Британияи Кабир фиристода шудаанд ва мо мунтазири ҷавоб ҳастем, то бидонем, ки лабораторияҳои сарпараст дар ин кишвар то чӣ ҳад намунаҳои моро тасдиқ мекунанд ё намекунанд. Пас аз он метавон дақиқ гуфт, ки чи теъдод гирифтори ин беморӣ аст. Аммо бояд гуфт, ки зукоми H1N1 як намуде аст, ки пештар низ дар байни аҳолӣ гардиш мекард. Вале барои он ки бидонем, дар ҳақиқат ин бемории H1N1 04 2009 бо номи Калифорния аст, ба ин далел намунаҳо фиристода шуданд».
Ба таъкиди ҷаноби Мирзоев, дар маҷмӯъ, дар муддати чанд ҳафтаи ахир намунаҳои хуни 500 маризи зуком барои таҳлил гирифта шуда ва дар лабораторияҳои ин кишвар мавриди ташхис қарор дода шудаанд. Мирзоев гуфт, ин афрод, сокинони Тоҷикистон ва ҳамчунин шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд, ки тариқи ҳавопаймо вориди ин кишвар шудаанд. Аммо, ба гуфтаи ҷаноби Мирзоев, вазъи куллияи ин афрод беҳбуд ёфта ва аз аз муроқибати духтурон озод шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки ду рӯз пеш сафорати Амрико дар Тоҷикистон аз вуҷуди ҳадди ақал ду мавриди ибтило ба H1N1 ё зукоми хук дар ин кишвар хабар дода буд. Сафорати Амрико, ки аз тариқи торнамояш ба шаҳрвандони худ, ки дар ин кишвар қарор доранд ё ба Тоҷикистон омаданиянд, ҳушдор дода ва муроҷиат карда гуфтааст, эҳтимол дорад, дар сурати бурузи бемории зукоми хук дар ин кишвар, ниҳодҳои давлатӣ тадобире, назири маҳдудияти сафар, муоинаи ренгтенӣ ба ҳангоми убуру мурур аз марз, карантин ва ғайра ба манзури ҷилавгирӣ аз густариши ин беморӣ анҷом бидиҳад.
Мақомоти вазорати тандурустӣ низ мегӯянд бо он ки то ҳол расман ҳеҷ мавриди бемории зукоми хук дар Тоҷикистон сабт нашудааст, аммо эҳтимоли густариши ин беморӣ ба қаламрави ин кишвар вуҷуд хоҳад дошт. Аъзам Мирзоев, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, “аз сабаби он ки бемориҳои зукомӣ роҳҳои паҳншавиашон ба воситаи ҳаво аст, эҳтимолияти авҷгирии ин беморӣ ҳаст. Ва Тоҷикистон имрӯз бо дигар кишварҳое, ки зукоми хук сабт шуда равобиту ҳамкорӣ дорад. Албатта ин ҷо Афғонистон, Чин, Русия ва ғайра мебошанд”.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи ҷаноби Мирзоев, то ҳол ба Тоҷикистон воксини зидди бемории зукоми хук ворид нашудааст. Ҳарчанд Тоҷикистон чунин маводро ҳанӯз моҳи август аз созмонҳои байнулмилалӣ ва ба вижа Русия дархост карда буд. Тибқи иттилоъи масъулони вазорати тандурустии Тоҷикистон, интизор меравад, ин мавод охири моҳи январ ё аввали моҳи феврали соли оянда вориди ин кишвар шавад.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт теъдоде аз таҷҳизоти фанниро ба манзури ташхиси гумонбарони бемории зуком ба вазорати тандурустии Тоҷикистон ироа карда ва ҳоло дар фурудгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ва посгоҳҳои марзии кишвар нуктаҳои санитарӣ- карантинӣ ё назорати беҳдоштӣ таъсис шудааст.
Бо ин ҳама, таблиғоти густурдае аз тариқи радио, тевизион ва расонаҳои давлатӣ ба ҳадафи ҷилавгирӣ аз пайомадҳои манфии он дар Тоҷикистон ба назар намерасад. Ҳатто дар кӯчаҳо ва хиёбонҳои шаҳри Душанбе овезаҳои ҳушдордиҳанда марбут ба бемории зукоми хук насб нашудаанд. Ягона иқдоми муассире, ки дар заминаи ҷилавгирӣ аз бемории зукоми хук дар пойтахти Тоҷикистон рӯи даст гирифта шудааст, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни донишгоҳҳо ва мактабҳо аст, ва ҳамчунин аз донишҷӯёну хонандагон тақозои бо худ доштани ниқоби тиббӣ шудааст. Аммо ин тадбир на дар ҳама мактабҳо ва донишгоҳҳои Тоҷикистон мавриди иҷро аст.