Қиссаи ишқи нокоми Муборакқадам, як ҷавони кӯҳистонӣ, бо русдухтар дар меҳвари як филми бадеӣ қарор мегирад, ки дар Бадахшон ва манотиқи кӯҳистонии шимоли кишвар ба навор гирифта мешавад.
Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ғолиб Исломов гуфт, дар доираи омодагӣ барои ба наворгирии ин филми оянда дар ҷараёни сафар ба Бадахшон вай аз деҳаи Шидзи ноҳияи Рушон- зодгоҳи Муборакқадам дидан кард. Ғолиб Исломов изҳор дошт, ки аз назари вай чун муаллиф агарчанде дар филм зиндагии мардуми куҳистон дар солҳои пеш ва пас аз инқилоби садаи гузашта инъикос меёбад, аммо боз ҳам ҷанбаи ишқи нокоми ду ҷавон ва орзуҳои дар нимароҳ мондаи онҳо бартарӣ хоҳад дошт.
Ҳунарманд баён дошт, ки сенарияи ин филм ҳануз дар давраи собиқ Шӯравӣ руи коғаз омад. Ба гуфтаи Ғолиб Исломов, дар пайи як сафараш ба манзури ширкат дар ба наворгирии филми «Ҳазору як шаб» ба ноҳияи Исфара дар кинотеатри ин ҷо, ки бо номи Муборакқадам ёд мешавад, филмеро тамошо карданд. Вай гуфт, ки ин номи хоси куҳистони вайро ба худ ҷалб кард ва пас пурсуҷу ба таҳқиқи он пардохтааст. Ҳунарманд гуфт, ки дар ҷараёни таҳқиқ сокинони зиёди солманди ноҳияро пайдо кардааст, ки аз фаъолияти инқилобӣ ва қисааи ишқи нокоми ин ҷавон нақл кардаанд.
Муборакқадам яке аз он ҷавонони ками куҳистони Бадахшон будааст, ки дар авоили солҳои қарни гузашта ба манзури паси сар намудани зиндагии сангинии рузгор барояшон муяссар гардидааст, ки муҳоҷират кунанд ва тақдир уро ба Фарғона меорад. Аммо рубару шудан бо духтари ҷавони генерал-губернатор ҳаёти ин ҷавони зебо ва бардаму зирак ,ки рузгорашро аз паси саисии як бойи маҳалли мегузаронд, дигар мекунад. Байни ин духтарак ва ҷавон, ки акнун бо хоҳиши духтар хидматгори генерал шудааст, риштаҳои ишқу муҳаббат гиро мешаванд. Пас аз чанде духтар ҳомила мешавад ва рози пинҳони ду ошиқи ҷавон барои волидайн ошкор мешавад, аммо фарқияти иҷтимоӣ имкон намедиҳад, ки дилдодагон бо ҳам бипайванданд ва духтар ҳамчун муҷозот ба зодгоҳаш равон карда шуда, Муборакқадам ронда ва барои кор ба кони ангишити Шуроб фиристонда мешавад.
Муборакқадам аз дустонаш дар Фарғона хабар меёбад, ки духтари генерал писар таваллуд кардааст. Аммо мавҷи инқилоб ин ҷавонро ба гирдоби худ кашида имкон намедиҳад, ки вай ба ҷустуҷуи маҳбуба ва фарзандаш пардозад.
Ғолиб Исломов гуфт, ки оид ба Муборакқадам вай дар Исфара як брошюра дарёфт кардааст, ки ба қалами Тоҷӣ Усмон тааллуқ дорад, аммо дар он ҷо бештар аз фаъолияти инқилобии ин ҷавони куҳистони, ки бармаҳал қурбон шудааст, ёдоварӣ гардидааст. Аммо куҳансолони Исфара ба муҳаққиқ гуфтаанд, ки ин Муборакқадам ҳамеша дар ёди маҳбуба ва писараш банд буда, кушиши издивоҷ накардааст, аммо бо амалҳои хайр ва талошҳои инқилоби номи некеро аз худ боқӣ гузоштааст.
Муаллиф мегӯяд, агарчанд ишқ марзҳоро намешиносад, аммо боз ҳам фарқиятҳои иҷтимоӣ ва авзоъи сиёсӣ онро ба фоҷеа табдил кардаанд.